Истиқболи ботантана аз мусофирони Эрон дар фурудгоҳи Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе, архивное фото
Аэропорт в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусофирони хатсайри Эрон-Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Душанбе бо тантана пешвоз гирифтанду гусел карданд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати Эрон Varesh Airlines бо 90 мусофир дар заминии Тоҷикистон, дар фурудгоҳи Душанбе нишаст, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Аз Тоҷикистон ба Эрон киштии ҳамоӣ баъди зуҳри 6 июн парвоз кард. Мусофирони хатсайри Эронро дар фурудгоҳи Душанбе бо тантана пешвоз гирифтану гусел карданд.

Здание Международного аэропорта Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон аз сар гирифта шуданд

Бояд гуфт, ки ҳашт моҳ боз миёни Тоҷикистону Эрон алоқаи ҳавоӣ манъ буд. Мусофироне, ки озими Эрон мешуданд, тариқи Истамбул ва Дубай ба Эрон парвоз карданд.

Дар бораи барқарор шудани хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад аз ширкати Varesh Airlines рӯзи 6 июн, 31 май маълум шуд. Қайд шуда буд, ки парвози нахустин аз Тоҷикистон ба Эрон тариқи ширкати ҳавоии  Varesh ва ҳавопаймои Boeing 737-500 бо 120 ҷои нишаст анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин гуфта шуд, парвозҳои Машҳад-Душанбе-Машҳад ҳафтае як маротиба анҷом дода хоҳад шуд.

Нархи чипта ба як тараф 250 доларро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0