Тағйироти кадрӣ дар соҳаи нақлиёт: бо пешниҳоди Ёдгор Файзов таъйин шуданд

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарони нав таъиншуда бо пешниҳоди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин гардиданд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар соҳаи нақлиёти ВМКБ тағйироти кадрӣ амалӣ шуд, хабар медиҳад сухангӯи раиси вилоят, Ғолиб Ниятбеков.

Эмомали Рахмон встретился с новыми назначенными в ГБА - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти куллии кадрӣ дар Бадахшон: Эмомалӣ Раҳмон ба мақомдорони нав чӣ супориш дод?

Ба иттилои манбаъ, бо ширкати муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон роҳбарони нав таъиншуда дар соҳаи нақлиёт муаррифӣ гардиданд.

Имомбердиев Хушруз ба вазифаи роҳбари Корхонаи Воҳиди Давлатии Маркази сертификатсия, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт дар вилоят таъин гардид. 

Шукурбеков Мунаввар ба вазифаи Сардори Раёсати хадамоти давлатӣ назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъин гардид.

Файзов ба мансабдорон: ҳақиқатро ба мардум гӯед, бардурӯғ умедвору саргардон накунед

Роҳбарони нав таъиншуда бо пешниҳоди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0