Мумфаршкунӣ, акс аз бойгонӣ

Оғози таҷдиди роҳи Кӯлоб Шамсиддини Шоҳин

81
(Таҷдидшуда 19:50 11.09.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди “Кӯлоб-Қалъаи Хумб” дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғози расмӣ бахшид

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба  Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд, ки дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди "Кӯлоб -Шамсиддин Шоҳин" 32,7 километр буда, он ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад.

Дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди "Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин" сохтмони 3 адад пул дар мавзеъҳои кӯҳӣ бунёд мешаванд.

Котиботи раисиҷумҳур зикр аст, ки ҳамарӯза тариқи ин ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд ва ҳамзамон молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад.

"Тибқи лоиҳа инфрасохтори зарурӣ дар роҳи автомобилгарди қитъаи “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин” бунёди қубурҳои обгузар, ҷуйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда, хатҳои уфуқӣ, аломатҳои роҳ ва ғайра дар назар дошта шудааст", - омадааст дар иттилоия.

Баҳои баланди Раҳмон ба Давлатов, ки ҳаҷ нарафту маркази хизматрасонӣ сохт

Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди қитъаи "Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин" барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас додаст. 

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки дар вақти корҳои сохтмонӣ 90 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

81
Барчаспҳо:
мумфаршкунии роҳ, сохтмон, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, роҳ, Тоҷикистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

"Сомон - эйр" барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон 10 июл ба Минск парвоз мекунад

143
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони мамлакат, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, мерасонад, ки санаи 10 - уми июл парвози чартерӣ самти Душанбе - Минск сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Беларус ва Украина мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвози махсус самти Душанбе - Минс - Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои котиботи вазорат, парвози мазкур рӯзи 10 - июл аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Сомон - эйр" сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ имкон доранд, бо ҳавопаймои мазкур ба Минск парвоз кунанд.

"Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд

Зикр мегардад, Тоҷикистониҳое, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, барои бақайдгирӣ намудан ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус ва Украина муроҷиат кунанд.

143
Барчаспҳо:
Минск, Тоҷикистон, парвоз, "Сомон Эйр"
Самолет на закате, архивное фото

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

1306
(Таҷдидшуда 13:56 04.07.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон санаи парвозҳои чартерӣ барои баргардондани шаҳрвандон аз шаҳрҳои гуногуни Русияро эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо дарназардошти теъдоди ниҳоят зиёди муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-2019, 13 парвози чартерии изофӣ дар моҳи июли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон, ки ҳоло бо ҷониби Русия ҳамоҳанг шуда истодааст, ба нақша гирифта шудаанд.

Бано ба маълумоти Вазорат, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа аз 19 июни соли 2020 комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, баруйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашт ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Манбаъ қайд карда, ки дар раванди танзими парвозҳои мазкур авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Россия рафта буданд, дода мешавад.

Бо дарназардошти он ки теъдоди муроҷиатҳои бақайдгирифташуда дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург аз зарфияти 21 парвози банақшагирифташуда дар моҳи июл чанд маротиба бештар аст, муваққатан баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар биноҳои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия қатъ шуда, қабули аризаҳо тариқи почтаи электронии charter-russia@mfa.tj идома дорад.

Парвозҳои чартерии изофии зерин баъди дастрас намудани ризояти мақомоти марбутаи Русия анҷом дода хоҳанд шуд:

  • 3 июли 2020 (баргашт субҳи 4 июл) бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 4 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Хуҷанд, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе,  ширкати «Сомон Эйр»;
  • 9 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 11 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 16 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 18 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 20 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 22 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;  
  • 24 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 26 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Краснодар – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 28 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 30 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр».
1306
Барчаспҳо:
парвоз, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сотрудники птицефабрики, архивное фото

Гӯшти мурғ арзон мешавад: дар Данғара бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ сохта мешавад

0
(Таҷдидшуда 17:24 06.07.2020)
Гуфта мешавад, ки дар сурати пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварӣ дар он 270 нафар ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. То таҷлили 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ ба истифода дода мешавад.

Ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур  бунёд гардида, мувофиқи лоиҳа, дар ин ҷо 24 бинои мурғхона — ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино ба гузориши манбаъ, ҳоло дар минтақаи мазкур  корҳои сохтмонии 12 мурғхона бомаром  идома  дорад. Роҳбарияти  корхонаи мазкур бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат бо гӯшти болаззати парҳезӣ дар шаҳри Душанбе бунёди бинои салоҳхонаи фабрика барои забҳи парандаро  ба нақша гирифтааст.

Тавре муовини раиси Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара Фарҳод Саймуродзода гуфтааст,  фабрикаи парандапарварӣ яке аз  калонтарин  иншооти ҷашнӣ маҳсуб ёфта, самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур  истеҳсоли гӯшти парандаи зотӣ (Бройлер) мебошад.

Тибқи иттилои  роҳбари ширкати  сохтмонии "Мармарӣ" Ҷаҳонгир Раззоқов иқтидори истеҳсолии  корхонаи парандапарварӣ  дар як сол беш аз 5140 тонна гӯшти парҳезиро ташкил дода, тибқи лоиҳа, дар дохили он 2 сардхонаи муосир барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр бо ғунҷоиши 1 ҳазору 200 тонна гӯшт сохта мешавад. Маҷмааи парандапарварӣ аз 30 иншоот, аз ҷумла биноҳои мурғхонаҳо, инкубаторӣ, анбор, санитарӣ, маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар сурати пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварӣ дар он 270 нафар ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт.

Баъди ба истифода додани комплекси парандапарварӣ дар навбати аввал тухми инкубатсионӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Тибқи нақша,  дар оянда  корхона баҳри паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва аз байн бурдани вобастагӣ аз воридоти он аз хориҷи мамлакат  истеҳсоли тухми инкубаториро дар дохили корхона ба роҳ мемонад.

Мутобиқи лоиҳа, обе, ки пас аз забҳи мурғ боқӣ мемонад, тавассути таҷҳизоти махсуси тозакунӣ коркард ва барои шустушӯи мурғхонаҳо, инчунин, обёрии заминҳои назди корхона истифода бурда мешавад.

Ҳамчунин, дар ин корхона дар оянда коркарди пурраи гӯшти паранда ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногун дар назар аст. Ҳамаи техникаҳо, хатҳои истеҳсолӣ ва технологияи корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва Чин ворид карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
парандапарварӣ, корхона, Данғара