Сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ соҳиби пули мошингузар гардиданд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешМост через реку Зеравшан в городе Пенджикент, архивное фото
Мост через реку Зеравшан в городе Пенджикент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акнун 800 хонаводаи деҳоти болоии ин ноҳия бидуни тарсу ҳарос борҳои вазнинро то манзил бурда мерасонанд.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пули нави мошингард ба истифода дода шуд. 

Ба иттилои сардори муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ин вилоят Рамазон Гулаёзов, лоиҳа ва маблағгузории сохтмони пулро Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бар дӯш дошт.

Ба гуфтаи вай, барои бунёди пул  зиёда аз 5 миллион сомонӣ сарф шуд.

"Қаблан дар ин макон як пули худсохтаву заиф вуҷуд дошт, ки тавони борбардории он ҳамагӣ 3-4 тонна буд. Сокинони деҳоти болоии ин ноҳия маҷбур мешуданд, ки борҳояшонро фуроварда, пас аз он қисм ба қисм ба хонаҳояшон интиқол диҳанд", - афзудаст Гулаёзов.

Зимнан, бояд зикр намуд, ки иқтидори вазнбардории пули навсохт то 60 тонна мебошад.

Деҳаи Поймазор дар ноҳияи Ванҷ (ВМКБ) - Sputnik Тоҷикистон
Бунёди пули мошингузар дар рустои Потови ноҳияи Ванҷ

Ба гуфтаи сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои вилоят, ин дуюмин пули мошингард аст, ки дар ду моҳи охир мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Як моҳ пеш чунин пули мошингард дар болооби рӯдхонаи Ғунд, дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки бар асари ҷорӣ шудани сел хароб гашта буд, бунёд гардид, илова намудаст Гулаёзов.

Гуфта мешавалӯд, мутобиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ояндаи наздик дар ҳудуди вилоят бунёди 18 пули мошингард ба маблағи 160 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0