Эълони шаҳрдорӣ дар бораи тағйирот дар ҳаракати мусофирбарҳо дар Душанбе

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе бо нашри ду эълон аз ифтитоҳи хатсайри нави ҳаракати мусофирбарҳо дар пойтахт ва иқдом барои бартараф сохтани баҳси бақияпулӣ хабар дод, ки аз ҳафтаи оянда мавриди амал қарор мегиранд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Шаҳрдорӣ дар хитоб ба сокинон ва меҳмонони пойтахт  эълон кардааст, ки аз 7-уми октябри соли 2019 хатсайри нави автобусии №37 А роҳандозӣ мегардад. Манбаъ афзуд, ки автобусҳои рақами 37  А аз маҳаллаи Қаротегин тавассути кӯчаю хиёбонҳои С. Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев ва А.Сино то маҳаллаи Бунёдкорон ҳаракат мекунанд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Се ҳазор сомонӣ: қарори раис барои баланд бардоштани мавқеи омӯзгор

Дар эълон аз шаҳрвандон даъват карда шудааст, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд.

Инчунин мақомоти Душанбе таъкид кардаанд, ки бо мақсади соддагардонии пардохти роҳкиро, ҳалли баҳсҳо барои бакияпулӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, аз 7-уми октябри соли 2019 дар хатсайри автобусии №4 пардохти роҳкиро тариқи кортҳои нақлтиётӣ сурат мегирад. Автобусҳои рақами 4 дар масири терминали “Шарқ-Транс” - ҶДММ “Маром”  ҳаркат мекунанд.

Шаҳрдорӣ аз мусофирон даъват кардааст, ки ҳангоми саворшавӣ ба автобусҳо аз кортҳои электронӣ истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0