Мошини милиса дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Ронанда “Тойота”-ро монду гурехт: "рейд" дар Душанбе

892
(Таҷдидшуда 15:46 09.10.2019)
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз як амалиёт алайҳи ронандаҳое, ки ғайриқонунӣ шишаи мошинашонро сиёҳ кардаанд, ё рақамҳои бегона насб намудаанд, хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати умури дохилӣ, зимни амалиёт нозирон як “Тойота - Кемрӣ”, рақами қайди давлатияш 3000 FF 03-ро нигоҳ доштанд, то асноди мошину ронандаро санҷанд.

“Ронандаи ин автомашина ҳангоми амалиёт бе нишон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият автомашинаашро гузошта, фирор намуд. Воситаи нақлиёти номбурда дар баробари надоштани иҷозатнома барои шишаҳои сиёҳ, ҳамзамон рақамҳои қайди давлатии бегона дорад”, - омадааст дар иттилоияи РВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан чораҳо барои дастгир намудани ронанда идома доранд.

Раёсати умури дохилӣ афзуд, ки дар доираи амалиёт ҳолатҳои истифодаи шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозатнома ва насби рақамҳои бегона ошкор гардида, нисбати соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт бо моддаи 330-и Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон санад тартиб дода шуд.

“Рейд”: шишаҳои сиёҳи ғайриқонунии “Ренҷ Ровер”-и Нигина ва “Тойота”-и Гулсара-навор

Манбаъ зикр намудааст, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон барои идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда, иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳатмист ва аз шаҳрвандон даъват кард, то ин муқарраротро риоя намоянд.

892
Барчаспҳо:
амалиёт, боздошт, ронанда, Тоҷикистон

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

4496
(Таҷдидшуда 12:51 19.09.2020)
Ба ҷузъ аз Тоҷикистону чанд давлати дигари Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия бо кишварҳои дигар парвозҳои чартериро бекор кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 21 - уми сентябр Русия тамоми парвозҳои чартериро бекор мекунад, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус.

Аммо Тоҷикистон ин навбат низ аз рӯйхати давлатҳое, ки минбаъд парвозҳо аз Русия ба он ҷо бидуни чартер роҳандозӣ мешаванд, боз канор монд.

Дақиқан маълум нест, ки аз кай равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бе парвозҳои чартерӣ барқарор мешавад.

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар  

Зимнан, давлати Русия боз бо чаҳор кишвари дигар, аз ҷумла Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистон иҷозати парвозҳои мустақим дод. 

Ҳамчунин, сар аз 27 - уми сентябр, парвозҳо аз Русия самти Кореяи Ҷанубӣ амалӣ мешаванд. Ин парвозҳо ҳафтае як маротиба сурат мегиранд.

Ҳар рӯз 3-4 парвоз: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Таассуфовар он аст, ки аз барқарор шудани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон хабаре нест. Бар тибқи баъзе маълумотҳо, эҳтимол равобити ҳавоӣ миёни ин ду кишвар моҳи оянда барқарор шавад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

4496
Барчаспҳо:
барқарор кардан, парвозҳо, Тоҷикистон, Русия
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Маскав оғози парвозҳо ба Душанбе аз моҳи октябрро баррасӣ дорад-расонаҳо

5417
(Таҷдидшуда 14:23 15.09.2020)
Русия аз сар гирифтани парвозҳо ба пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи октябрро баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Маскав масъалаи оғози парвозҳо бо пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ дорад, хабар дод “Интерфакс” аз қавли манобеи огоҳаш.

Дар назар аст, ки парвозҳо моҳи октябр аз сар гирифта шаванд.

“Дар навбати аввал низоми оғози парвозҳо дар моҳи октябр бо пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дорад. Феълан сухан дар бораи оғози парвозҳо ба Нур-Султон, Тошканд, Баку, Ераван, Душанбе ва ғайра меравад”, - изҳор дошт манбаъ.

Интизор меравад, нахустин парвозҳо аз Маскав ба Минск оғоз мешаванд.

Мусоҳиби хабаргузорӣ таъкид намудааст, ки санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

5417
Барчаспҳо:
ИДМ, Русия
Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Эмомалӣ Раҳмон ба Бохтар рафт: сафари раисҷумҳур ба вилояти Хатлон идома дорад

0
(Таҷдидшуда 12:43 22.09.2020)
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Бохтар рафт

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik.  Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳури сафари кории президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино бар иттилои манбаъ имрӯз пас аз дидор аз ноҳияи Шаҳритус ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим раисҷумҳури Тоҷикистон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф оварданд.

Гуфта шудааст, ки раисҷумҳури кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони маркази вилоят истиқбол гирифтанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ дар ифтитоҳи иншооти ҳаётан муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар иштирок карда бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоту вохӯрии судманд доир менамоянд.

0
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, сафари корӣ, Шаҳритус, Бохтар, Раисҷумҳур, Тоҷикистон