Роҳҳои Душанбе, акс аз бойгонӣ

Ронандаҳои нозир: навор аз роҳҳои Душанбе бо муҷозот анҷомид-видео

312
(Таҷдидшуда 13:53 11.10.2019)
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ба як ронандае, ки қоидавайронкуниҳо дар роҳро ба навор гирифта, ба ин ниҳод фиристодааст, изҳори миннатдорӣ карда, аз дигарон даъват намудааст, ки нисбати қонуншиканиҳо бетараф набошанд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. РВУД бо нашри як иттилоия гуфт, тайи моҳҳои охир фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ  алайҳи аъмоли зиддиҳуқуқӣ бештар шуда, маъмурини милиса низ дархосту пешниҳоди шаҳрвандонро баррасӣ намуда, чора меандешад.

Манбаъ аз ҷумла мисол овардааст, ки ахиран як сокини шаҳри Душанбе ба суроғаи электронии Раёсати ВУД навори қоидвайронкуниҳо дар роҳро фиристодааст, ки бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ онро сабту танзим намудааст.

Дар пайи таҳқиқи навор, Одинаев Фахриддин, ронандаи “Лексус 250”, рақами қайди давлатиаш 0004НО01,Неъмонов Акмал, ронандаи “Опел-зефира”, Сафаров Ҳасан, ронандаи мусофирбари “Рахш-таксӣ”, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Раёсати умури дохилӣ аз шаҳрвандони дигар низ даъват кардааст, ки дар сурати шоҳиди кирдори зиддиҳуқуқӣ шудан, тавассути суроғаи электронии rvkddushanbe@mail.ru ё телефони боварии раёсат - (+99237) 221-15-00 муроҷиат кунанд.

312
Барчаспҳо:
ҷазо, қоидавайронкунӣ, нақлиёт, Душанбе, Тоҷикистон