Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Милитсия дар шигифт: боздошти ронандае, ки ба ҳуқуқвайронкунии бесобиқа даст задаст - акс

970
(Таҷдидшуда 20:35 12.10.2019)
Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки дар нақзи бесобиқаи қавонини ҳаракат дар роҳ даст доштаст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, ба кормандони милитсия як сокини фаъоли пойтахт акси ронандаеро ирсол намудаст, ки рақамҳои худрави худро чаппа гузошта,  ҳамин тавр намуди нави қоидавайронкунӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳро кашф кардааст.

Ронандаҳои нозир: навор аз роҳҳои Душанбе бо муҷозот анҷомид-видео

Ба иттилои манбаъ, ин ронанда Халилӣ Фаромарзи 27 - сола, сокини шаҳри Душанбе буда, рақамҳои автомашинаи сабукрави тамғаи "Тайота кемри"- ро чаппа гузошта дар роҳҳои пойтахт ҳаракат мекард.

 

акс аз саҳифаи Раёсати умури дохилии Тоҷикистон
Халилӣ Фаромурз, ронандаи Тайота-кемрӣ

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  мегӯянд, ин навъ қоидавайронукунӣ аз ҷониби ронандаи "Тайота-кемрӣ" бесобиқа аст.

Зимнан, зимни санҷиш ронанда ба кирдори содирнамудаи зиддиқонуниаш иқрор гардида, иброз доштааст, ки дар оянда ин кирдорашро содир намекунад.

Гуфта мешавад, феълан кормандони РУДТ нисбати ронандаи автомшаинаи тамғаи "Тайота кемрӣ" рақами қайди давлатиаш 0005FF01 паврандаи маъмурӣ тартиб доданд, ки алъон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Худрави Фаромарз бошад, дар Боздоштгоҳи ҷаримавии ШБДА дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

 

970
Барчаспҳо:
ронанда, боздошт, Тоҷикистон