Мусофирбар дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ҳабси 2 кондуктор дар Душанбе: аз баҳси бақия то мастӣ видео

608
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз ҳабси як ҷавони пулчин дар мусофирбари рақами 42 хабар дод, ки дар ҳолати сархушӣ нисбати мусофирон дағалӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тибқи иттилои РВУД, 11 октябр ба суроғаи ин ниҳод навори майдаавбошии ҷавони пулчин дар мусофирбар фиристода шуд.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки нафари дар навор сабтшуда шаҳрванд Танжихолов Улмасҷон Ҳамидович, зодаи соли 1988, сокини шаҳри Бохтар мебошад, ки 11 сентябри соли ҷорӣ ҳангоми кор ба ҳайси пулчин дар мусофирбари рақами 42, дар ҳолати сархушӣ ба мусофирон суханҳои қабеҳ гуфтааст”, - омадааст дар иттилоия.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавcӣ дар пайи баррасии қазия Танжихолов Улмасҷонро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 6 шабонарӯз маҳкум кардааст.

Инчунин раёсати умури дохилии Душанбе мегӯяд, дар пайи баррасии шикояти як корбари Фейсбук, пулчини мусофирбари хатсайри рақами 2 низ барои барнагардондани бақия ва дағалгуфторӣ ҳабс шудааст.

Манбаъ афзуд, ки додгоҳ Наврӯз Назаров, сокини 28-солаи шаҳри Душанберо барои дағалӣ ва надодани бақия ба мусофири 16-сола дар хатсайри рақами 2 ба 5 шабонрӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

608