Горная дорога в Таджикистане

Масири нави автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон: нархи чипта 25 сомонӣ

330
(Таҷдидшуда 19:17 22.10.2019)
Тоҷикистону Узбакистон масири нави автобусҳоро роҳандозӣ намуданд. Ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Қӯқанд ва Шайдон ба роҳ монда шуд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар миёни шаҳри Қӯқанди Узбакистон ва шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти устони Суғди Тоҷикистон масири  нави автобусҳо роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад агентии УзТАГ.

Ба иттилои манбаъ, масири нав рӯзи 19 октябри соли равон кушода шуд. 

Фосила дар миёни шаҳрҳои Қӯқанд ва Шайдон 84,5 километр буда аз тарафи Тоҷикистон микроавтобусҳо ва аз тарафи Узбакистон автобусҳои Isuzu ҳаракат мекунанд.

Ҳунармандони тоҷик мардуми Самарқандро тасхир карданд

Билети автобусҳо 23 ҳазор сӯм,  муодили 25 сомонӣ мебошад.

Қаблан дар миёни Узбакистон ва Тоҷикистон чанд масири автобусҳо, аз ҷумла, "Тошканд-Хуҷанд", "Фарғона-Хуҷанд", "Тирмиз-Душанбе", "Деҳнав-Душанбе" ва "Самарқанд-Панҷакент" кушода шуда буд.

330
Барчаспҳо:
масир, ифтитоҳ, Узбакистон, Тоҷикистон