Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар мусофирбар дар терминали Бидурд

Ифтитоҳи терминали нави мусофирбарӣ: барои мактабхонҳою солхӯрдаҳо ройгону донишҷӯён арзон

351
(Таҷдидшуда 21:15 31.10.2019)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар деҳаи Бидурди ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон терминали мусофирбарӣ кушод

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, терминали нави мусофирбарӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Соҳибқул Қарақулов сохта шудааст.

“Терминали мазкур дорои 10 адад мусофирбари тамғаи "Спринтер" буда, дар ҳудуди он хонаи модару кӯдак, бунгоҳи тиббӣ, ошхона ва ҳаммом фаъолият карда истодаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Хатсайри мусофирбарӣ аз деҳаи Будурди ҷамоати Сучон то бозори 20 солагии шаҳри Хоруғ буда, Қароқулов роҳкиро барои мусофирони аз 70-сола боло ва мактабхонҳо ройгон, барои донишҷӯён 1,5 сомонӣ ва барои дигарон 2 сомонӣ муқаррар кардааст.

351
Барчаспҳо:
ВМКБ, нав, терминал, мусофирбарӣ, Тоҷикистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

"Сомон Эйр" барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул мепарад: санаи парвоз дақиқ шуд

366
(Таҷдидшуда 12:44 08.08.2020)
Ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" хабар медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия қарор дошта, хоҳиши баргаштан ба ватанро доранд, ба намояндаии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"  барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул парвоз мекунад.

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, парвоз дар масири Истанбул-Душанбе  санаи 11 - уми август сурат мегирад. Ҳадафи парвози махсус таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркия ба ватан арзёбӣ мешавад.

Тумани ғафс омили ба таъхир мондани парвози 130 ҳавопаймо аз Русия гардид

Зимнан, котиботи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иттилоъ медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро доранд, метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагии "Сомон Эйр" дар Истанбул муроҷиат намоянд.

"Мутобиқи талаботи нави фурудгоҳи Истанбул ба сифати бори дастӣ ба дохили ҳавопаймо бо худ танҳо лептоп, ҷузвдони занона ва кӯдаконаро гирифтан мумкин аст. Амволи дигари мусофирон ҳамчун бағоҷ гузаронида мешавад", - таъкид мегардад дар хабар.

Зикр гардид, ки меъёри интиқоли ройгони бағоҷ дар самти Истанбул-Душанбе 20 кг муқаррар шудааст. Вақти парвоз аз Истанбул соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Бақайдгирии мусофирон аз соати 9:00 то 11:20 сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Гузашта аз ин, мусофирон баъди фурудоӣ дар Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, то муайяншавии натиҷаҳои озмоиш дар минтақаи карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд.

"Нафароне, ки дар онҳо сирояти Сovid-19 муайян мегардад, дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ бо ташхису табобат фаро гирифта мешаванд. Мусофироне, ки маълумотномаи гузаштани озмоишро бо натиҷаи "манфӣ" дар мӯҳлати 48 соат пеш аз вуруд доранд, бемамониат ба қаламрави кишвар роҳ дода мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.
366
Барчаспҳо:
Туркия, парвоз, Тоҷикистон, Сомон Эйр
Пост БДА в Хороге, архивное фото

БДА замони баргузории "Муоинаи техникӣ" дар ВМКБ - ро эълон карду онро ҳатмӣ гуфт

559
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ВМКБ аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар амалиёт фаъолона иштирок кунанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ва РВКД дар ВМКБ барои аз муоиниа техникӣ гузаронидани нақлиёт ва ба пуррагӣ ҷамъ намудани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт дар ВМКБ бо номи шартии "Назорат" амалиёти вижа мегузаронад.

"Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ба саҳми ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки аз санаи 1-ум то 10-уми августи соли 2020 амалиёти муоинаи техникӣ гузаронида мешавад. Барои гузаронидани воситаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои вилоят аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ автомошинаи сайёр сафарбар карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Аз аввали соли 2020 то 26-уми июли соли ҷорӣ теъдоди 7 ҳазору 950 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуда, 2 ҳазору 943 ронанда воситаҳои нақлиёти гуногунтамғаи худро дар қаламрави ВМКБ аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузарониданд.

Барои истифодабарандагони воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда, ба 301 ронанда иҷозатномаи махсус барои сиёҳшиша дода шуд.

Гуфта мешавад, ки Ҳадафи асосии гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ин саривақт бартараф кардани камбудию норасогиҳои техникии воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб қарор доштани автомашинаҳо буда, баҳри пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ равона гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар худи маркази ташхиси техникӣ хизматрасонихои БДА, боҷи давлатӣ, суғуртаи воситаҳои нақлиёт, ташхиси таҷҳизотҳои газӣ, муоинаи тиббии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани воситаҳои наклиёт аз таҷҳизотҳои муосири техникӣ аз қабили санҷиши холати заҳрнокии партовҳои автомашинаҳо, таҷҳизоти рушноисанҷӣ таҷҳизоти санҷиши носозиҳои чамбараки автомашина ва таҷҳизот барои санҷиши тамоми қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо муҷаҳҳаз карда шудааст.

559
Барчаспҳо:
нақлиёт, мушкилоти техникӣ, техникӣ, ВМКБ
XIX Всемирный фестиваль молодежи и студентов. Дискуссионная программа

Донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ онлайн дарс медиҳанд

33
(Таҷдидшуда 13:05 10.08.2020)
Барои донишҷӯёни хориҷие, ки наметавонанд то 1 сентябр ба Русия биёянд, дарсҳо дар шакли онлайн баргузор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Аз 1 сентябр бархе аз макотиби олии Русия барои донишҷӯёне, ки ба сабаби ҳамагирии коронавирус наметавонанд ба донишгоҳҳо ҳозир шаванд, дарсҳои онлайн баргузор мекунанд, хабар медиҳад "Российская газета".

Интизор меравад, ки барои чунин донишҷӯён як гурӯҳ созмон дода мешавад, ки танҳо тариқи онлайн дарс хоҳанд хонд.

Аллакай маълум шуда, ки Донишгоҳи давлатии электротехникии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи федеролии Қазон ва Донишгоҳи политехникии Томск барномаи таълимиро тариқи онлайн баргузор мекунанд.

Дар баробири ин барномаи омӯзишии онлайнро Донишгоҳи федеролии Балтики ба номи Иммануил Кант, Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Новосибирск ва Донишгоҳи давлатии Тюмен тасдиқ карданд.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Ҳамин тавр, ноиби ректори Донишкадаи техникии Маскав Марина Невская гуфт, дар баробари донишҷӯёни хориҷӣ донишҷӯёни русиягӣ низ, ки наметавонанд то 1 сентябр ба компус ҳозир шаванд, тариқи онлайн дарс мехонанд.

Пештар дар Русия қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он донишҷӯёни хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд, бидуни иҷозатномаи корӣ ва патент расман кор кунанд.

Барои кор кардан, донишҷӯ бояд аз донишгоҳ ё донишкада танҳо як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯиро барои корфармо ҳозир кунад.

33
Барчаспҳо:
онлайн, омӯзиш, донишгоҳ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон