Исполнительный директор, руководитель Секретариата Межправительственного совета дорожников Бури Каримов

Бӯрӣ Каримов: агар бозсозии Горбачёв намебуд имрӯз мо магар соҳибистиқлол будем?

1590
(Таҷдидшуда 18:05 08.11.2019)
Ба ақидаи Бӯрӣ Каримов, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон кайҳо вақти он расидааст, ки дар кишвар ба бунёди метро дар шаҳрҳои калон ва истеҳсоли автомошинаҳо шуруъ кард

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik, Хуршед Шералӣ. Бӯрӣ Каримов дар тӯли фаъолияти роҳбарияш дар вазифаҳои гуногун аз прораби калон сар карда то роҳбари Кумитаи нақшаи давлатии Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст. Ҳоло бошад вай котиботи Шӯрои роҳсозони байнидавлатии ИДМ-ро роҳбарӣ мекунад.

Бӯрӣ Каримов дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ӯ чӣ гуна ҷавонтарин вазири Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид ва воситаҳои беҳтару навсозии соҳаи нақлиёти кишварро шарҳ дод.

Чӣ гуна Каримов ҷавонтарин вазири Иттиҳоди Шӯравӣ шуд?

Бӯрӣ Каримов дар оилаи деҳқон дар ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Дар хурдӣ орзӯи муаллим шуданро дар дил мепарваридааст, аммо баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба донишкадаи техникӣ аз рӯи ихтисоси “роҳсозӣ” супурда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Бояд гуфт, ки падари Каримов мехостааст, ки писараш ронандаи трактор шавад.

“Вай медид, ки барои ронандаҳои трактор дар колхоз ҳамеша кор аст. Ҳамчунин он вақт ронандаи трактор барои деҳаи мо одами калон ҳисоб мешуд”, - мегӯяд Каримов.

Бӯрии ҷавон волидайнро розӣ кунонида, бо дуои онҳо донишҷӯйи донишкадаи техникӣ мегардад. Каримов ба ҷуз институти политехникӣ хатмкардаи якчанд донишгоҳи дигар, ҳамчунин аспирантураю докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия мебошад.

“Ба ғайр аз 4 соли фаъолият дар ҳукумат ман тамоми ҳаётамро ба масоили роҳсозӣ бахшидаам. Кӯшиш мекунам ба воситаи кутоҳ намудани роҳҳо, пайваст намудани шаҳру кишварҳо бо ҳам, ба одамон кумак карда бошам”, - мегӯяд Каримов, муаллифи зиёда аз 60 китоб ва 300 мақолаи илмӣ.

Роҳ ба сӯи вазорат барои Каримови ҷавон дар давраи Шӯравӣ аз вазифаҳои, муҳандису прораб оғоз гардида, то ба вазифаи роҳбари раёсати ташкилоти роҳсозӣ расидааст. Дар ин миён вай дар сохтумони бисёр роҳҳою купрукҳои автомобилгард, ба монанди роҳи НБО Норак, Бойғозӣ, ТАЛКО, Комбинати электро-химиявии Ёвон ва ғайраҳо ширкат варзида буд.

Ҳамин тариқ Бурӣ Каримов соли 1978 дар синни 29-солагӣ Вазири сохтумон ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди (ҳоло Вазорати нақлиёт) Тоҷикистон интихоб шуда, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси ҷавонтарин вазир шинохта мешавад. Худи ҳамон сол ӯро ба ҳайси вакили палатаи болоии парлумон интихоб мекунанд.

“Дар рӯйхати номзадон ба курсии вазир номи 10 нафар ҷой дошт ва номи ман ҳамчун номзади эҳтиётӣ сабт шуда буд. Аммо аз дохили онҳо маро вазир интихоб карданд. Дар ёд дорам вазирон байни худ мегуфтанд: “Ҷавонеро вазир интихоб кардаанд, ӯ дар ҳаёташ чизе сохтааст?”. Аммо ман бо шарофати бозсозӣ (перестройка) ва демократикунонии ҷомеа, ки бо ташаббуси Гарбачёв сурат гирифта буд вазир шудам”, - ёдовар мешавад Каримов.

Баъди ду сол дар соли 1989 Каримов ба ҳайси роҳбари Кумитаи нақшаи давлатии Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ ва ноиби роҳбари Шӯрои Вазирон интихоб гардид.

Мо бо Горбачёв роҳ ба сӯи Амрико кушодем

Солҳои охири Иттиҳоди Шӯравӣ барои Бӯрӣ Каримов бисёр пурсамар буданд.

“Дар асл ман яке аз саркардаҳои бозсозӣ мебошам. Дар телевизионҳо баромад мекардам, ки ин аввалин барномаҳои телевизионӣ дар бораи Бозсозӣ буданд. Ман ҳамчун роҳбари Кумитаи нақшаи давлатии Шӯрои вазирони Тоҷикистони шӯравӣ ба саволҳои барандаи машҳур Вознесенский дар Маскав ҷавоб дода будам” – изҳор дошт Каримов ва бо шухӣ афзуд: “Агар Пётр I роҳ ба сӯи Аврупо кушода бошад, мо бо Горбачёв ба Амрико”.

Имрӯз бо гузашти солҳои тӯлонӣ, Бӯрӣ Каримов иқрор аст, дар дилаш нисбати ягона президенти Иттиҳоди Шӯравӣ, Горбачёв ҳисси бадбинӣ надорад.

“Ман ҳам мисли дигарон ӯро бо он айбдор мекунам, ки ӯ аз уҳдаи идораи киштии азиме, ки ӯро ИҶШС ном буд, набаромад. Аммо ӯ бисёр корҳо кард, то ки ошкорбаёнию бозсозӣ ва демократия ҳукмрон бошанд. Агар бозсозӣ намебуд мо имрӯз магар соҳибистиқлол будем? Не. Инро набояд фаромӯш кард”, - қайд кард Каримов.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Бӯрӣ Каримов дар Маскав ба сар мебрад. 28 сол боз роҳбарияти котиботи Шӯрои роҳсозони байнидавлатии ИДМ-ро бар уҳда дорад ва ҳамзамон роҳбари Шӯрои байнидавлатии роҳсосзон буда, ба ҳайси профессор дар якчанд донишгоҳҳои олии Маскав дарс медиҳад.

“Лоиҳаҳои мо – ин роҳравҳои байналмилалӣ, аз ҷумла роҳҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва қисматҳои аврупоии ИДМ мебошанд. Ман дар Тоҷикистон 5 лоиҳа пешниҳод кардаам, ки дар масирҳои гуногун амалӣ гардонида шудаанд:  Душанбе — Чанак, Душанбе — Турсунзода, Душанбе— Ҷергатол, Душанбе — Панҷи поён, Кӯлоб — Хоруғ — Қулма — Каракорум", - тавзеҳ дод Каримов.

Нақлиёт ва роҳ дар Тоҷикистон

Бӯрӣ Каримов бо таҳлил аз вазъи инфрасохтори роҳҳои Тоҷикистон дастовардҳои солҳои охирро пешравӣ мехонад.

“Ман бисёр хурсандам, ки бо шарофати ҳукумати имрӯзаи кишвар бисёр роҳҳо ба тартиб дароварда шуда, навсозию барқарор шудаанд. Вале ин корро боз ҳам идома додан лозим аст, чунки шоҳроҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии кишвар тақрибан 14,5 километрро ташкил диҳанд, дар маҷмуъ роҳҳои кишвар 60-65 ҳазор километрро ташкил мекунанд. Роҳҳои мошингард дар кишварҳои куҳсор, мисли Тоҷикистон ин воситаи тақвият бахшидани соҳаҳои кишоварзӣ мебошанд”, - мегӯяд Каримов.

Аммо, мутаассифона сифати роҳҳо то ҳол ба талабот ҷавобгӯ нест.

“Мо бояд ба ҳайси Вазири нақлиёт мутахассиси соҳаи роҳсосзиро интихоб кунем. Фавран моро мебояд дар баробари асфалту бетон ба истифодаи сементу бетон гузарем. Ашёи хом барои семент дар кишвари мо хеле фаровон аст. Дар созишу бунёди роҳҳо бояд аз технологияҳои наву замонавӣ истифода кард”, - тавсия медиҳад Каримов.

Ба ақидаи Бӯрӣ Каримов ин мушкилиҳоро бо иштирок дар лоиҳаҳои калони байналмилаӣ метавон паси сар кард.

“Дар аввал “Роҳи Бузурги Абрешим” ном дошт, ҳоло бошад “Як камарбанд, як роҳ”, бояд кӯшиш кард, ки шохаҳои ҷануби ин роҳ ба воситаи Тоҷикистон гузаранд. Дар дигар кишварҳо меҳмонхонаҳо пур аз гардишгарони хориҷӣ мебошанд, аммо дар мо меҳмонхонаҳо холӣ мебошанд. Агар мо соҳаи нақлиётро хуб ташаккул диҳем, соҳаи сайёҳӣ албатта рушд хоҳад кард”, - тахмин мекунад ӯ.

Ҳамчунин Каримов боварӣ дорад, ки Тоҷикистон набояд ба пулакӣ кардани роҳҳо шуруъ кунад.

“Аз аввал ман зидди пулакӣ кардани роҳҳо дар Тоҷикистон будам. Чунки дар баробари пулакӣ бояд роҳи бепул низ вуҷуд дошта бошад. Вақте дар мо роҳи Душанбе – Чаноқро пулакӣ кардан дар баробараш роҳи бепул набуд. Баъдан ман бо омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ бо ин қарор розӣ шудам, чунки ин роҳ бояд доимо чӣ тобистон ва чӣ зимистон дар истифода қарор дошта бошад ва он вақт барои кишвар ягона роҳи ҳалли мушкилот ҳамин буд. Дигар роҳҳои мавҷударо пулакӣ кардан мумкин нест, аммо бе роҳҳои пулакӣ рушд кардан мумкин нест. Вале роҳҳои тайёр, бо пули халқу давлат сохташуда ва махсусан дар замони шӯравиро ба роҳҳои пулакӣ мубаддал кардан ин тамоман хатост. Ба касе роҳи пулакӣ лозим аст, бигзор роҳи нав бисозад  ва баъд пулакӣ кунад. Набояд аз ҳисоби халқ як нафар ё оила фоида бинаду халос”, - мегӯяд Каримов.

Барои кишварҳои куҳсор роҳҳои автомобилгард ва нақлиёт аз ҳама муҳим мебошанд. Бадбахтона Тоҷикистон то ҳол мошинҳои худӣ истеҳсол намекунад.

“Вақти он расидааст, ки Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли мошинҳои сабукраву боркаш фикр кунад. Ин корро метавон бо ҳамкорӣ бо ягон ширкати калони хориҷӣ кард, чихеле, ки Узбакистону Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ мекунанд. Дар бораи сифати автомобилҳои ба Тоҷикистон воридшаванда чунин мегуям: мо мошинҳои куҳна ва фарсударо ба кишвар меорем, ки аз онҳо ба ҳавои ҷазир ва садамаҳои бешумор рӯ ба рӯ мегардем. Барои ҳамин дар ин бора низ аз нуқтаи назари экологӣ ва бехатарӣ бояд ба таври ҷиддӣ фикр кард”, - тавсия медиҳад Каримов.

Ба фикри вай кайҳо вақти он расидааст, ки дар бораи бунёди метро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд андешид. Аввал бояд метрои тагизаминӣ баъдан рӯи заминӣ сохт.

“Сохтани трамвай дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб ба фикри ман на он қадар муфид аст, гарчанде, ки аз нигоҳи экологӣ безарар мебошад. Аммо вақти он расидааст, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд метрои тагизаминӣ бунёд кард, гарчанде, чунин лоиҳаҳо маблағи зиёд талаб мекунанд. Бе метрои тагизаминӣ дар бораи метрои рӯизаминӣ андешидан нашояд. Дар шароити Тоҷикистон ҳарду намуд ҳам сохтан имкон дорад, аммо аввал бояд аз метрои тагизаминӣ оғоз кард”, - афзуд коршиноси соҳа.

Дар ин ҳол Бӯрӣ Каримов бар он аст, ки то ҳадди имкон бояд кӯшиш кард, ки аз дигар кишварҳо қарзи зиёд нагирифт, бе ин ҳам қарзи давлатии Тоҷикистон аз меъёр зиёд аст. Барои бунёди чунин лоиҳаҳои бузург бояд бо истифода аз консепсияҳо ва ҳамкориҳои ташкилоти давлатию хусусӣ сармоягузорони хориҷиро ҷалб намуд.

Мутахассиси соҳаи роҳсозӣ бар он аст, ки арзиши 1 километр роҳ дар шароити куҳӣ аз 3 то 6 миллион долларро ташкил мекунад. Бунёди роҳи метро бошад дар шароити куҳӣ 10 баробар аз ин ҳам зиёдтар хароҷотро талаб мекунад. Аммо агар Тоҷикистон барои бунёди НБО “Роғун” маблағ пайдо карда тавонист, шояд барои чунин лоиҳаҳо низ пайдо карда тавонад.

Кайҳо вақти созмони ҷамъияти кулли (диаспора) тоҷикон расидааст

Бӯрӣ Каримов дер боз дар Маскав ба сар мебарад ва омода аст ба ҳамватанони худ ва умуман дилхоҳ шахс аз таҷрибаҳои хеш машваратҳои муфид диҳад.

“Чихеле, ки мегӯянд – дар шаҳри дигарон набояд қонуну қоидаҳои худро пеш бурд. Мо мусулмонҳо бояд фарзу суннатамонро дар хона ва ё масҷид бе намоишкорӣ ба ҷо биёрем. Ҳамчунин муҳоҷирон дар Русия бояд ба дӯстону наздикони худ аз ҷои буду боши худ хабар диҳанд. Бо ашхоси алоқаманд бо маводҳои нашъаовар дӯстию рафту омад накунанд. Ба якдигар эҳтиром гузоранд, то ки чунин овозаҳо - “задухӯрд миёни тоҷикон дар фалон бозор ё сохтумон” вуҷуд надошта бошанд. Маҳалгароиро дар Тоҷикистон гузоред, дар Русия бояд фарҳанги баланди миллати тоҷикро нишон дод. Муҳоҷирон бояд як қисмати маблағи коркардаашонро ба падару модар фиристода, қисмати дигарашро баҳри худинкишофдиҳӣ сарф кунанд, агар ба донишгоҳ дохил шуда натавонанд, бигузор ба донишкадаю омӯзишгоҳ дохил шаванд, то ки соҳибкасб бошанд”, - мегӯяд Каримов.

Имрӯз дар Русия як ҷамъияти кулле (диаспора), ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро фаро гирифта тавонад вуҷуд надорад. Албатта дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калони Русия ҳастанд ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ, аммо ин басанда нест.

“Вақте буд ба ин кор касе аҳамият ҳам намедод. Кайҳо боз мо бояд як ҷамъияти кулле месохтем, ки ҳамаи роҳбарони дигар ҷамъиятҳои тоҷиконро муттаҳид мекард. Дар ин кор ашхоси муносибе лозим аст, ки тавонанд аз ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандони мо дар Русия ҳимоя карда тавонанд”, - илова кард Бӯрӣ Каримов.

Ба ақидаи вай ҳоло дар Русия зиёда аз 1 миллион тоҷик зиндагию фаъолият доранд ва имкони поён рафтани ин ҷараён дар солҳои наздик ба мушоҳида намерасад.

“Мо бояд бо Русия ҳамкориҳои дӯстона дошта бошем ва мустақилона барои шаҳрвандони худ шароит муҳайё кунем. Дар ин бора бояд чӣ дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва чӣ дар дигар мақомоти кишвар донанду чораандешӣ кунанд”, - илова кард ӯ. 

1590
Барчаспҳо:
ҷамъият, Бӯрӣ Каримов, шоҳроҳ, Русия, Тоҷикистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Санаи парвози вижаи "Сомон Эйр" аз Франкфурт ба Душанбе дақиқ шуд

347
(Таҷдидшуда 14:48 02.07.2020)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Урупо ва Амрико ба сар мебаранд, аллакай авохири ин ҳафта метавонанд ба Ватан бозгарданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷӣ аз парвози вижаи ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" барои бозгардонии тоҷикистониён аз Урупо хабар медиҳад.

"Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими кишварҳои Аврупо ва Америка мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Франкфурт - Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда, ки шаҳрвандони хоҳишманд бояд пешакӣ худро ба қайд гиранд.

Аз Русия ба Тоҷикистон: беш аз 600 шаҳрвандони кишвар ба ватан расиданд

"Барои бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Аврупо ва Америка муроҷиат намоед", - таъкид кардааст ВКХ ва суроғаю почтаҳои электронии сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Урупо ва Амрикоро дарҷ кардааст.

Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд

Дар баробари ин манбаъ рақамҳои телефонии сафоратҳоро овардааст, ки хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар бо онҳо дар тамос шаванд.

347
Барчаспҳо:
Душанбе, Олмон, вижа, парвоз, Сомон Эйр

Сафир арзон мегӯяду мардум қимат: нархи чиптаи парвоз ба Тоҷикистон чӣ қадар аст?

747
(Таҷдидшуда 18:14 29.06.2020)
Пас аз боз шудани равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия, мардумро арзиши гарони чиптаи ҳавопаймоӣ нигарон кардааст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар замони пандемияи коронавирус дар Русия дармонда буданд, акнун бо пиёда гардидани парвозҳои чартерӣ хоҳиши ба ватан рафтанро доранд. Аммо нархи гарони чипта онҳоро нигарон намудааст.

Давоми чанд рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксар корбарон нархи чиптаи парвоз самти Русия Тоҷикистонро аз 35 то 40 ҳазор рубли руси арзёбӣ мекунанд, ки барои муҳоҷирони тоҷик ин нарз ниҳоят гарон аст.

Аммо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мегӯяд, нархи чиптаи парвоз на 35 - 40, балки 23 - 24 ҳазор рубл аст.

Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд

Вай таъкид кардааст, ки ин нарх дар муқоиса бо солҳои пеш ва даврони қабл аз густариши маризии коронавирус гаронтар аст, зеро ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд барои ҷуброни хасорати қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ва пардохти маоши коркунони хеш нархи чипта дар масири Маскав ба Душанберо боло баранд.

Зимнан, тоҷикистониён дар Русия барои харид кардани чипта низ мушкилӣ мекашанд, зеро сафи хоҳишмандони сафар ниҳоят зиёд аст.

Хушназар ном як ҷавони тоҷик, ки давоми чор сол дар муҳоҷират қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, феҳрати нафарони дар навбатистода бисёр тӯлонӣ аст.

"Чанд рӯз пеш ба сафорати Тоҷикистон дар Русия рафта будам, бо дидани шумораи зиёди одамон ба хулоса омадам, ки навбати ман шояд тирамоҳ мерасад", - бо таассуф изҳор дошт ӯ.

Бар асоси барномаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон то рӯзи 14 июли соли равон ду ширкати Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр бо ҳашт парвози  фавқулода садҳо коргари муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои ононро ба ватан бармегардонанд.

747
Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, чипта
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Духтари сесоларо таҷовуз кардааст: суди Душанбе баррасии парвандаи Зиёевро оғоз кард: акс

0
(Таҷдидшуда 22:35 03.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи марде оғоз кардааст, ки дар таҷовузи духтарчаи сесола муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии додгоҳи пойтах бо нашри аксҳо аз оғози баррасии парвандаи таҷовузи духтари сесола хабар додааст

Тибқи иттилои манбаъ, мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 3 июли дар толори судии суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ Зиёев Юсуф  бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад.

Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қисими сеюми моддаи 138 (таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) – аз 12 то 25 соли зиндон ё ҳукми қатл ё ҳабси умрбод пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин қисми чори моддаи 139-и Кодекси ҷиноии кишвар барои ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида аз 15 то 20 соли зиндонро дар бар мегирад.

Қисми якуми моддаи 127 бошад дидаю дониста дар хатар монондан ва нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ў ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш ўро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштанро дар бар гирифта, ашхоси муттаҳам бо чунин соддаро ду сол зиндон таҳдид мекунад.

0