Facebook, акс аз бойгонӣ

“Бо кумаки Фейсбук”: 9 нафар дар Душанбе боздошт ва ҷарима шуданд

597
(Таҷдидшуда 20:14 10.01.2020)
Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 9 нафарро бар пояи муроҷиат тариқи Фейсбук боздошт ва ҷарима кардааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Душанбе, аз сокинони пойтахт ситоиш кардааст, ки дар амри ҷилавгирӣ аз дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва бартараф намудани тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт мавқеи бетарафиро ихтиёр накардаанд. Ба иттилои манбаъ, маҳз бар пояи муроҷиатҳои фейсбукии онҳо кормандони раёсати ВКД -и шаҳри Душанбе як қатор қоидаситезонро боздошт ва ҷарима кардаанд.

“Бар пояи навор ва аксбардории онҳо аз қоидавайронкуниҳои дағали ронандагон, ки ҷиҳати чораҷуӣ ба унвонии раёсат фиристода шуданд, шӯъбаи бозрасии автомобилии Раёсат даст ба кор шуда, ронандагонро дастгир ва таҳқиқ карданд. Қоидавайронкунии онҳо аз рӯйи аксҳои фиристодашуда, исботи худро ёфтанд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи Маркази матбуоти РВКД – и шаҳри Душанбе.

Аз 9 ронанда 5 нафар дар ҳолати ҳаракат муқобили самт, 4 нафар убур аз чароғаки сурх ва 1 нафар ҳам убур аз “хатти сафед” аз сӯи корбарони Фейсбук аксу наворбардорӣ шуда, ба дасти мақомот афтодаанд.

Аз феҳристи нашркардаи Маркази матбуоти РВКД – и шаҳри Душанбе дида мешавад, ки аксари ронандагон соҳиби мошинҳои гаронарзиш, аз қабили Лексус-450, Тойота-Прадо, Хундай-Элантра, Тойота – Королла буда, ду нафар соҳиби Опел – Астра будаанд. Бино ба иттилои Маркази матбуоти РВКД – и шаҳри Душанбе, афроди мазкур аз 180 то 300 сомонӣ ҷарима шуда, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом шудааст.

597
Барчаспҳо:
ВУД, Душанбе, Тоҷикистон