Автобусы в Душанбе, украшенные в преддверии праздника Навруз

Дар Душанбе хатсайри нави мусофирбарии рақами 33 ба роҳ монда мешавад

723
(Таҷдидшуда 12:35 18.01.2020)
Дар шаҳри Душанбе аз 24-уми январ хатсайри нави мусофирбари №33 (Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои «Кӯшониён») ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Аз 24-уми январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе хатсайри нави мусофирбарии рақами 33 ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

"Дар хатсайри нав ба сокинону меҳмонони пойтахт автобусҳои муосири тамғаи "АКИА" тавассути хиёбону кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ хизмат мерасонанд", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, ки микроавтобусҳои хатсайри рақами 33 бо роҳи пешина равуо хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар роҳҳои Душанбе маршрутҳои дар Тоҷикистон банду бастшуда, пайдо шуданд. Ҳоло шумораашон начандон зиёд аст, чун ин даври озмоишии маршрутҳо мебошад.

"Бе кондуктор": дар роҳҳои Душанбе маршруткаҳои сохти Тоҷикистон пайдо шуданд - видео

Дар умум дар кӯчаҳои Душанбе се навъи маршруткаҳо - панҷдонаӣ аз ҳар намуд ба сафари озмоишӣ бароварда шудаанд.

Аз таҷҳизот то автобусу КамАЗ: тоҷикистониҳо сифати маҳсулоти Русияро интихоб мекунанд

723
Барчаспҳо:
нав, хатсайр, Душанбе
Машина милиции в Душанбе, архивное фото

Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: ҳаракати нақлиёт дар кадом кӯчаҳо маҳдуд мешавад?

584
(Таҷдидшуда 10:55 15.10.2020)
 Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон аз ташрифи меҳмонони олимақом ба вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ки ба ин муносибат тайи се рӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар якчанд роҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ маҳдуд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Бино ба эълони БДА-и Суғд, ки дар ихтиёри расонаҳои хабарӣ қарор дода шудааст, шурӯъ аз имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар соатҳои зарурӣ  маҳдуд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи “Ғафуров - Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин то чорроҳаи Шарқ, кӯчаи Сирдарёи маҳаллаи Чашма, давраи Ором ва роҳи автомобилгарди “Палос - Сомғор” то шаҳри Гулистон манъ мешавад.

БДА Суғд огоҳ намудааст, ки дар ду рӯзи оянда, ҳаракати воситаи нақлиёт дар кадом роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳдуд карда мешавад.

“Санаи 16 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ва бозгашт ба ҳамин роҳ то шаҳри Гулистон ва санаи 17 октябр дар роҳи автомобилгарди Ғафуров - Қаҳрамон - Пунғоз , кӯчаҳои деҳаи Сомғори ҷамоати деҳоти Исмоил то Боғи миллӣ ва бозгашт тавассути кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров” ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон маҳдуд мешавад”, омадааст дар хабари БДА.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Бо ироаи ин эълон, Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, сардори БДА Суғд аз ронандагон даъват кардааст, ки дар сурати баста шудани роҳ метавонанд аз тариқи кӯчаҳои ҳавшафати ин роҳҳо ҳаракат намоянд.

584
Транспорт в Душанбе

Вазорат мехоҳад ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона”-ро ба танзим дарорад

1299
(Таҷдидшуда 19:06 14.10.2020)
Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст, ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона” дар шаҳри Душанберо, ба танзим дарорад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, ин масъала дар як ҷаласаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бо иштироки вазир Азим Иброҳим, мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Гуфта шудааст, ки вазир ба масъулин дастур додааст “дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне “таксиҳои 5- сомонӣ”, ки мақомот онҳоро ғайриқонунӣ медонанд, дар шаҳр муайян карда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд”.

Вазир таъкид доштааст, ки “роҳеро бояд пайдо кард, ки бар зарари кор набошад”.

Дар ҳамин ҳол, вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст, ки дар робита ба супориши вазири нақлиёт масъулини соҳа аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД “Душанбе нақлиётхадамотрасон” гуруҳи корӣ ташкил кардаанд.

“Ин гуруҳ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рейдҳои муштарак гузаронида, бо ронандаҳои ин намуди таксиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир кардаанд”, - қайд кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, аллакай  6 ронандаи нақлиёти шахсӣ ихтиёран ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома, ба кор шуруъ кардаанд.  Аммо маълум нест, ки ронандаҳои таксиҳои “5-сомона” ба ин чӣ назар доранд ва ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ чӣ гуна шомил мегарданд?

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид доштааст, ки бархе аз ронандагони мошинҳои мусофирбари “Старекс” ва “Спринтер”-ҳо хабар доданд, ки гӯё барои шомил шудан ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ “шапка” яъне ришва додан зарур аст.

1299
Барчаспҳо:
такси, танзим, Вазорати нақлиёт, Душанбе, Тоҷикистон
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Кӣ донотар: оғози даври шаҳрии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар Душанбе

0
Дар шаҳри душанбе аз 20 то 23 октябр даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" доир мегардад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Имрӯз бо ибтикори мақомоти шаҳри Душанбе дар "Маркази кӯдакону наврасон"-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз гардид.

Озмуни мазкур то 23 октябри соли равон  идома меёбад. 

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбехабар доданд.

"Дар рӯзи аввали даври шаҳрии озмун 32 нафар довталабон аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи номинатсияҳои "Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик",  "Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик", "Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик", "Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон" ва номинатсияи "шоирӣ" байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ менамоянд",-афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар даври ноҳиявии озмуни мазкур довталабони зиёд ширкат карда, 170 нафар беҳтаринҳо  ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд.

Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" мегарданд.

Духтараки панҷакентие, ки Раҳмонро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт, Шоҳҷоиза гирифт

Ёдовар мешавем, ки Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо Амри президенти Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 миёни тарбиятгирандагону хонандагони макотиб ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор мешавад.

Ин озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.

0
Барчаспҳо:
даври дуюм, озмун, Душанбе