Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Ҳасан Хошаков, ронандаи собиқадор

Қадрдонии вазир аз ронандае, ки беш аз ним аср бе нуқсон кор кардаст

1201
(Таҷдидшуда 18:31 22.01.2020)
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ронандаи собиқадор, ки беш аз ним аср дар ин сохтор софдилона кор кардааст, қадрдонӣ намуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Маросими қадрдонии Ҳасан Хошаков, ронандае, ки аз соли 1952 инҷониб дар пойгоҳҳои нақлиётӣ фаъолият кардааст, зимни ҷаласаи мушовараи Вазорати нақлиёт баргузор гардид.

Ба иттилои котиботи Вазорат, Хошаков, яке аз фаъолони соҳа, марди шариф, покизакор ва софдил бо унвони “Нақлиётчии фахрӣ” мушарраф гардид.

Худоёрзода зимни тақдими нишони сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ” ба Ҳасан Хошаков дар ҳузури мақомдорони баландпояи соҳаи нақлиёт, изҳор доштааст, ки аз чунин шахсон бояд ибрат гирифт.

“Ин марди шариф дар соҳаи нақлиёт аз соли 1952 ба ҳайси ронанда вориди кор шуда, тамоми умр дар автобазаҳои боэътибори ҷумҳурӣ пурмаҳсул ва бидуни нуқс кор кардааст”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати нақлиёт таъкид кардааст, ки Хошаков борҳо бо ифтихорномаҳо ва мукофоти модиву маънавӣ сарфароз гардонда шудааст.

1201
Барчаспҳо:
қадрдонӣ, ронанда, нақлиёт, Тоҷикистон
Таджикские дороги в Муминабадском районе

Раҳмон роҳи мошингарди "Чилдухтарон - Ховалинг" - ро, ки Амировҳо сохтанд, ифтитоҳ кард

300
(Таҷдидшуда 12:58 25.09.2020)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод роҳи мошингарди "Чилдухтарон - Ховалинг" - ро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди "Чилдухтарон - Ховалинг" ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, роҳи мазкур бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Манбаъ меафзояд, роҳи "Чилдухтарон - Ховалинг" - ро аз моҳи октябри соли 2019 оилаи Амировҳо сохта, бо дарозии 12 километр ба анҷом расониданд.

Раҳмон дар Мӯъминобод бо дастовез ба хонаи сокини маҳаллӣ рафт

Таъкид мешавад, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он, рафтуомад тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг қариб 70 километр кӯтоҳ шуд.

Кишвардори Тоҷикистон барои хизмати арзандаи оилаи Амировҳо изҳори сипос намуда, дар маконе, ки тамоми табиати Чилдухтарон намоён аст, Кохи сайёҳӣ бо номи "Қадамҷойи Пешвои миллат" - ро ифтитоҳ кард.

300
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, роҳи мошингард, Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

4588
(Таҷдидшуда 12:51 19.09.2020)
Ба ҷузъ аз Тоҷикистону чанд давлати дигари Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия бо кишварҳои дигар парвозҳои чартериро бекор кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 21 - уми сентябр Русия тамоми парвозҳои чартериро бекор мекунад, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус.

Аммо Тоҷикистон ин навбат низ аз рӯйхати давлатҳое, ки минбаъд парвозҳо аз Русия ба он ҷо бидуни чартер роҳандозӣ мешаванд, боз канор монд.

Дақиқан маълум нест, ки аз кай равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бе парвозҳои чартерӣ барқарор мешавад.

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар  

Зимнан, давлати Русия боз бо чаҳор кишвари дигар, аз ҷумла Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистон иҷозати парвозҳои мустақим дод. 

Ҳамчунин, сар аз 27 - уми сентябр, парвозҳо аз Русия самти Кореяи Ҷанубӣ амалӣ мешаванд. Ин парвозҳо ҳафтае як маротиба сурат мегиранд.

Ҳар рӯз 3-4 парвоз: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Таассуфовар он аст, ки аз барқарор шудани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон хабаре нест. Бар тибқи баъзе маълумотҳо, эҳтимол равобити ҳавоӣ миёни ин ду кишвар моҳи оянда барқарор шавад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

4588
Барчаспҳо:
барқарор кардан, парвозҳо, Тоҷикистон, Русия
Футболист на поле, архивное фото

Пирӯзии “Навбаҳор” бар “Равшан” и Кӯлоб: ҳисоби бозӣ 5:0

0
(Таҷдидшуда 19:15 26.09.2020)
Бозии даври чаҳоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни ҷавондухтарон U-17 бо пирӯзии “Навбаҳор” и ноҳияи Мастчоҳ бар “Равшан” и шаҳри Кӯлоб ба охир расидааст. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Тавре Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар доираи даври чаҳоруми чемпионати футбол инчунин бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Мактаби махсуси футбол, чавгон ва асп” ё “ММФЧВА” и Суғд доир шуда, бо ҳисоби 3: 2 бо ғалабаи мизбонон тамом шудааст.мяч

Бино ба иттилоъи манбаъ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон шаш даста ба ҳисоби “Навбаҳор” у “Равшан” ва “ММФЧВА” у “Хатлон” барои ба даст овардани Ҷом рақобат мекунанд.

Қарор аст, дар доираи давраи панҷуми бозиҳо “Навбаҳор” дар сафар бо дастаи “Ҳосилот” и Фархор бозӣ анҷом диҳанд.

 “Ҳоло дастаи “Хатлон” дар ҷои аввал ва дастаи “ММФЧВА” дар ҷои дуюм қарор дорад”, - гуфт Юнусов.

Соли гузашта дастаи “ММФЧВА” чемпион шуда буд. Зимнан соли сеюм аст, ки чемпионати футбол миёни бонувон мунтазам доир мегардад.

 Баъзеҳо аз баргузории футболи занона интиқод мекунанд, аммо бисёриҳо бо муҳимияти тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии ин намуди варзиш миёни бонувонро тасмими саривақтӣ медонанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии чемпионати футбол миёни бонувонро роҳандозӣ намуда, аз сӯи ин ниҳод сафархарҷ, туб ва либоси варзишии дастаҳо таъмин карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
Кӯлоб, пирӯзӣ, Мастчоҳ, Футбол, Суғд, Тоҷикистон