Як моҳ муҳлат: дастури Аҳмадзода барои сохтани қароргоҳи нақлиётӣ барои 2000 худрав

CC BY 2.0 / Emilio Labrador / Car Sales USAАвтомобили, архивное фото
Автомобили, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанд соле пеш дар ҳудуди бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд дар паҳлуи маҷмааи таърихию фарҳангии Шайх Маслиҳатдин, бояд қароргоҳи муосири нақлиётии бисёрқабата сохта мешуд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои огоҳӣ аз сохтмони қароргоҳи муосири нақлиётӣ барои 2000 адад худрав, ки дар мавзеъи бозори марказии "Панҷшанбе"-и шаҳр бунёд мегардад, боздид намудаанд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Суғд, чанд сол муқаддам дар ҳудуди бозори "Панҷшанбе"-и шаҳр бунёди қароргоҳи муосири нақлиётии бисёрқабата дар паҳлуи маҷмааи таърихию фарҳангии Шайх Маслиҳатдин пешбинӣ шуда буд.

Верующие мусульмане перед началом молитв у мечети в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
То 116 сомонӣ ҷарима: ҳушдори мақомот ба намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа

Бинобар бо таъхир омода намудани инфрасохтори сохтмони иншоот, оғози корҳо тӯл кашид, афзудааст манбаъ.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ошноӣ бо тарҳҳо ба фармоишгар ва пудратчии қароргоҳи нақлиётии муосир дастур додааст, ки лоиҳаи он бознигарӣ карда шавад ва дар ин мавзеъ дар кӯтоҳтарин фурсат бо истифода аз технологияи муосир сохтмони бисёрқабатаи қароргоҳи муосири нақлиётӣ оғоз гардад.

Ҳамзамон дар ин мавзеъ бунёди биноҳои баландошёна бо тарҳи муосир мувофиқи мақсад дониста шуд. Ба лоиҳакашон як моҳ муҳлат ҷиҳати анҷоми тарҳи охирини иншооти қароргоҳи муосири нақлиётӣ барои 2000 адад худрав дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0