Троллейбус, акс аз бойгонӣ

Ваъдаи табобат ба мусофири латхӯрда бар асари шитобкории ронандаи троллейбус

209
(Таҷдидшуда 19:42 26.02.2020)
Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯянд, лат хӯрдани мусофир дар пайи шитобкории ронандаи троллейбус дар пойтахтро таҳқиқ мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар пайи шикояти мусофир Мижгона Ҳалимова,  изҳор дошт, ки баъди муайян намудани асли қазия роҳбарияти корхонаи “Троллейбус” омода аст барои пардохти муолиҷаи мусофир кумак кунад.

Дар изҳорот омадааст, ки ронанда аллакай барои навиштани баёнот даъват шуда, қазия таҳқиқ ва табобати ҷабрдида таъмин мегардад.

Мижгона Ҳалимова имрӯз шикоят кард, ки ронандаи троллейбуси рақами 10 дар Душанбе ҳангоме ки мусофирон дар ҳоли саворшавӣ буданд, мошинро ба кор даровард.

“Тақрибан соати 12:20 дар истгоҳи рубарӯйи меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ хостам ба троллейбуси рақами 10 савор шавам. Ронанда чунон саросема буд, ки нигоҳ намекард, кӣ савор мешавад ва кӣ мефарояд? Як поям дар дохили тролейбус буд, ки ронанда мошинро ба кор даровард. Аз дохили он ба замин афтидам. Ронанда ҳатто наистод, дигар чанд нафар, ки дар дохил ва берун буданд, дод заданд, ки ист-ист”, - нақл кард Ҳалимова.

Троллейбусҳои Душанбе нав мешаванд: БАТР ҳашт миллион доллар ҷудо мекунад

Ба иттилои манбаъ, баъди додувойи мусофирон ронанда мошинро нигоҳ дошт ва бидуни узрхоҳӣ танҳо гуфтааст, ки “хай яке шидай”. Ҳалимова афзуд, миёну як тарафи гарданаш лат хӯрда буд ва бо кумаки мусофирони дигар савори троллейбус шуд.

Мусофири ҷабрдида аз масъулини умури нақлиёт хост, ки алайҳи шитобкории ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ чора андешанд, то аз осеби минбаъдаи мусофирон ҷилавгирӣ шавад.

209
Барчаспҳо:
ронанда, троллейбусҳои нав, Душанбе, Тоҷикистон