Боздошти ронандае, ки дар роҳи пиёдагузар қариб марду занро зер мекард-видео

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкДождь в Москве
Дождь в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе навори шитобкории як ронандаи “Опел”-ро, ки дар гузаргоҳи пиёдагардон қариб ду нафарро зер мекард, таҳқиқ намуда, шахсияти нафари муттаҳамро муайян кардаст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Муайян шудааст, ронандае, ки аломати гузаргоҳи пиёдагардро нодида гирифта, қариб 2 нафарро зер мекард, Хоҷамуратов Ойбекҷон Мухторович, сокини 23-солаи ноҳияи Спитамен, донишҷӯи курси 5-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мебошад.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ҷони ду танро гирифт

Дар наворе, ки корбарони Фейсбук ба мақомоти умури дохилӣ ироа кардаанд, дида мешавад, тақрибан 4 моҳ пеш ронандаи “Опел-Астра”, рақамҳои қайди давлатиаш 2018 JJ 01, ба аломат ва хати танзимкунандаи роҳи пиёдагард беэътиноӣ намуда, ҳолати хатарноки садамавиро ба вуҷуд овардааст. Маъмурини милиса мегӯянд, бар замми ин ронанда бе расонидани ёрӣ ба пиёдагард ҷои ҳодисаро тарк намудааст.  

Манбаъ афзуд, баъди муайян кардани шахсияти ронанда алайҳи ӯ санадҳои зарурӣ тартиб дода шуданд.

Мақомоти умури дохилии пойтахт аз шаҳрвандон хостааст, ки худро бетараф нагирифта, барои танзими ҳаракат дар роҳ, пешгирии амалу кирдори номатлуб дар ҷомеа бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ мекунанд ва расму наворҳои қоидавайронкунандагонро ба суроғаҳои электронии РВКД дар шаҳри Душанбе ирсол кунанд.

Лентаи хабарҳо
0