Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Озмуни “Авто-Бону-2020” ба вақти номуайян гузошта шуд

72
(Таҷдидшуда 17:14 05.03.2020)
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кард, ки замони баргузории озмуни “Авто-Бону-2020” ба вақти номуаян гузоштааст

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Бино баиттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, озмуни қаблан эълоншудаи “Авто-Бону-2020”, ки мебоист 7 март дар Душанбе баргузор мешуд, мавқуф гузошта шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сабаби ба вақти дигар гузаронидани озмунро шарҳ надода, санаи баргузории онро низ эълон накардаас.

Қаблан вазорат хабар дода буд, ки озмуни “Авто-Бону-2020” бахшида ба ҷашни “Рӯзи Модар” ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  санаи 7 март доир мегардад.
Ба итилои манбаъ, озмун аз рӯйи панҷ давр: ”Варақаи боздид”- “Ман ва автомобилам” (ороиши автомобил), Мусобиқаи “Донандагони ҚҲР”, Рондани автомобил дар Автодром, ”Шарҳи қисмҳои автомобил”, “Намоиши ҳунарҳои мардумӣ”- доир мегардад.

Дар пайи ин эълон Рустами Эмомалӣ низ қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он дар пойтахт озмуни "Авто-Бону-2020" бояд дар санаи муаянгашта доир мешуд.

Озмуни мазкур ҳамасола дар километри 7-уми кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе мегузарад, ки дар он бонувону занҳое ширкат карда метавонанд, ки таҷрибаи хуби ронандагӣ доранд.

72
Барчаспҳо:
ронанда, озмун, ВКД, Тоҷикистон