Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов

"Сомон Эйр" бонувонро халабон ва раҳбар мекунад

219
(Таҷдидшуда 13:55 07.03.2020)
Ширкати ҳавопаймоии ""Сомон Эйр" ба аксияе пайвастааст, ки ҷалби бештари бонувонро ба фаъолият дар авиатсия дар назар дорад

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. "Сомон Эйр" ба аксияи "25 то 2025" пайвастааст, ки аз ҷониби Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) роҳандозӣ шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ширкати ҳавоӣ.

Интизор меравад, ки шумораи занон ба ҳайси раҳбар ва халабон то соли 2025 - 25 дарсад бештар карда шавад.

Ширкати “Сомон Эйр” маркази таълимӣ таъсис дод

"Ин фикри хуб аст - боло бардоштани нақши зан дар ҷомеа. Ин пешниҳод бо назари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки доиман ба ширкати бонувон дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар диққат медиҳад, яксон аст. Муайян кардани нақши зан дар ҷомеа аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир мебошад", - гуфт мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Томас В. Халлам 2.

Ӯ илова кард, ки мушкили аосӣ барои рушди фаъолияти занон мардуми атроф мебошанд.

Ҳамлу нақли коло тавассути "Сомон Эйр" осон мешавад

Мувофиқи омори расмӣ дар ҳоли ҳозир 8%-и занон дар ҷаҳон - халабон буда, занони раҳбар дар авиатсия 3 дарсадро ташкил медиҳанд.

219
Барчаспҳо:
сарнишин, занон, Тоҷикистон, Сомон Эйр
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Сабукӣ барои вакилони парлумон: рафтуомади ройгон дар автомобил, қатор ва ҳавопаймо

479
(Таҷдидшуда 15:26 31.10.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумони гуфт,  узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди шаҳодатнома метавонад аз аз нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоии мусофирбар дар қаламрави ҷумҳурӣ ройгон истифода барад. Ӯ таъкид намуд, ки дар ин бахш танҳо таксӣ истисно мебошад.

“Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ ва автомобилии мусофирбари шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ройгон истифода намоянд”, - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Азим Иброҳим.

Ӯ афзуд, шахсе, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маъюби гурӯҳи якуманд, ҳамроҳӣ мекунад, чунин ҳуқуқро дорад. Т

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тағйироти мазкур ҷонибдорӣ карданд.

479
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Роҳбандиҳо ҳангоми савганди Раҳмон дар Душанбе: эълони ВКД

1670
(Таҷдидшуда 16:02 29.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки аз субҳи барвақти 30 октябр дар робита ба маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ҳаракат дар ҷодаҳои марказии шаҳри Душанбе мутаваққиф мешавад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба далели маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Исмоили Сомонӣ 30 октябри соли 2020 ҳаракати мошинҳо муваққатан қатъ мегардад.  

Манбаъ афзуд, аз соати 06:00-и субҳ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, аз кӯчаи И.Сомонӣ то Бухоро-кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шевченко то хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Шероз то М.Турсунзода, кӯчаи Бохтар, аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи М.Миршакар, хиёбони Рӯдакӣ- аз кӯчаи Карамов то Бухоро, кӯчаи У.Хайём, аз кӯчаи Шарқ то кӯчаи Карамов ва кӯчаи И.Сомонӣ - гардиши кӯчаи Ҳ.Шерозӣ то анҷоми паради низомӣ  муваққатан маҳдуд карда мешавад.

ВУД Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯз аз кӯчаҳои С.Айнӣ, С.Шерозӣ, А. Дониш, Дӯстии халқҳо то давродаври кӯчаи Лоҳутӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ  ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ дар ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд мекунад.

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

1670
Барчаспҳо:
интихобот, савгандёдкунӣ, эълон, Тоҷикистон
Пожар, архивное фото

Сержант то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш кард

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бурдани корҳои зиёди пешгирикунанда, ҳамоно бисёре аз масъулини дӯкону марказҳои савдо, мағозаву бозорҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нодида мегиранд

ДУШАНБЕ,  31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 29 ба 30-юми октябри соли равон тахминан соати 01:00, дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе, дар нуқтаи савдои тезтайёр сӯхтор сар зад.

"Дар ин ҳангом корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед, ки дар ин минтақа хизмат мебурд, ин ҳодисаро пай бурда, дар баробари хабар додани ба бахши оташнишонӣ, худ низ дарҳол аз паи хомӯш намудани сӯхтор мешавад. Мавсуф ба воситаи тирезаи нуқтаи савдо ворид онҷо шуда, оташро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш мекунад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми рости пешонии сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед осеб дидааст. Айни ҳол номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар Раёсати тибби ВКД таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

ВУД таъкид кардааст, ҷасорат, масъулият ва садоқати корманди милитсия буд, ки ин ҳодисаи сӯхтор хомӯш карда шуду дигар ашёҳои нуқтаи савдо аз коми оташ эмин нигоҳ дошта шуданд.

0
Барчаспҳо:
оташхомӯшкунӣ, сӯхтор, Тоҷикистон