Новая эстакада в 82-м микрорайоне в Душанбе

Сохтмони дуввумин эстакада дар Душанбе анҷом ёфт

2963
(Таҷдидшуда 18:46 12.03.2020)
Дуввумин эстакада ё роҳи сетабақа дар шаҳри Душанбе, ки дар қисмати ғарбии пойтахт қарор дорад, охири моҳи март ба истифода дода мешавад

ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Сохтмони дуввумин гузаргоҳи сеқабатае, ки дар ғарби шаҳри Душанбе воқеъ аст, ба итмом расида, танҳо корҳои мумфаршсозии роҳҳои зеризаминияш боқӣ мондааст.

Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир танҳо корҳои мумфаршсозӣ дар роҳҳои зеризаминӣ идома дорад, ки то охири моҳи ҷорӣ ба итмом мерасад.

Гуфта мешавад корҳои мумфаршсозӣ, ки авохири моҳи март анҷом ёфт, иншоот ба таври расмӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

Манбаъ мегӯяд, эсткадаи сесатҳа дар доираи лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мешавад.

Қаблан Вазорати нақлиёт  ва шаҳрдории пойтахт дар нишастҳои соли гузаштаашн зикр карда буданд, ки сохтмони ин иншоотҳо бояд то охири соли 2019 ба итмом мерасад.

Ёдовар мешавем нахустин эстакада дар Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт сохтмонаш соли 2016 оғоз гардидаву сентябри 2018 ба истифода дода шуд.

Сохтмони эстакадаи яккум дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ гардида, бунёди он ба зимаи Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Чин ва назорати сифати сохтмон бар души Ширкати машваратии "SAI"-и Ҳиндустон гузошта шуда буд.

2963
Барчаспҳо:
сохтмон, эстакада, Душанбе, Тоҷикистон