Обмен гражданами между Казахстаном и Таджикистаном

Коронавирус: шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба манзил расонданд

1086
(Таҷдидшуда 12:44 29.03.2020)
Қазоқистон ва Тоҷикистон шаҳрвандонашонро, ки дар паи паҳншавии коронавирус дар ҳудуди ду кишвар дармонданд, ба манзилашон расонданд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Авиатсияи ҳарбии Қазоқистон, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистонро ба манзил расонд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 24 шаҳрванди ин кишвар баргардонида шуд.

Ҳукумат шаҳрвандонро аз фурудгоҳи "Шереметово" ройгон ба Тоҷикистон бурдааст

"Ин шаҳрвандон дар Тоҷикистон қарор доштанд ва дар паи ҷорӣ шудани қоидаҳои маҳдудкунанда, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, натавонистанд кишварро тарк кунанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин 23 шаҳрванди Тоҷикистон, тариқи ҳамон ҳавопаймо аз Қазоқистон ба Ватан баргаштанд.

"Тоҷик Эйр" 132 муҳоҷири дармондаро ба Ватан бурд

Сафари тоҷикистониён ва шаҳрвадони Қазоқистон бо ибтикори Вазорати дифоъ, Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ва мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт.

1086
Барчаспҳо:
табодул, Тоҷикистон, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Ҳавопаймои Ютайр, акс аз бойгонӣ

Оғози фурӯши чиптаҳо: аз шарҳи мақомоти Тоҷикистон то Росавиатсия

188
(Таҷдидшуда 19:40 04.06.2020)
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия - Utair ва "Уралские авиалинии" дар сомонаҳояшон ба фуӯши чиптаҳо дар масири Маскав – Душанбе ва баръакс оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Санаи чиптаи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон баъди 30 июн нишон дода шудааст. Аммо расман мақомоти умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар бораи аз сар гирифтани парвозҳо миёни ду кишвар ҳеч иттилое ироа надодаанд.

Sputnik Тоҷикистон талош кард ба масъалаи оғози парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия рӯшанӣ андозад

Ожонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон сарусадо дар бораи оғози парвозҳои мунтазамро бепоя хонда, таъкид намудаст, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар баъди ба эътидол омадани вазъи марбути COVID-19 ва эълони расмии мақомоти ду кишвар аз сар гирифта мешаванд.

Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, аз хариди чиптаҳо худдорӣ кунанд ва эълон дар бораи оғози парвозҳо расман ироа хоҳад шуд.

Мақомоти Росавиатсия низ масъалаи фурӯши чиптаҳо дар масири Тоҷикистону Русияро шарҳ доданд.

“Ҳеч иттилое дар бораи оғози парвозҳо мутаассифона рӯи даст надорем, мутаносибан чизе барои шарҳ нест. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ – субъектҳои хоҷагидори алоҳидаанд, ки фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд”,  - изҳор дошт манбаи наздик ба Росавиатсия.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ таъкид кард, ки феълан танҳо парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандон роҳандозӣ мешаванд, ки аризаашон тариқи Пойгоҳи ягонаи хизматрасонии давлатӣ ворид мешаванд.

“Фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби ширкатҳо барои парвозҳои махсус аз Тоҷикистон истисност. Таъкид мекунем, ки феҳрасти парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдор то санаи 12 июн мувофиқа шудааст”,- хабар доданд дар сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Сафорат қотеона аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, барои хатсайрҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки шомили парвозҳои махсус нестанд, чипта нахаранд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки шаҳрвандон дар масъалаи парвозҳо танҳо ба маълумоти расмӣ, ки тариқи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорат дар Маскав ироа мешавад, такя намоянд.

Sputnik Тоҷикистон барои шарҳи фурӯши чиптаҳо ба хадамоти матбуоти  ширкатҳои ҳавопаймоии Utair  ва "Уралские авиалинии" дархост ирсол кард.

188
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, парвоз, Тоҷикистон
Вид на город Котор и Которский залив в Черногории, архивное фото

Ҳукумати Черногория сарҳадро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард

740
(Таҷдидшуда 13:25 03.06.2020)
Ҳукумати Черногория қарор карда, ки бо беҳтар шудани вазъи саломатии шаҳрвандон низоми сарҳадбандиро сусттар кунанд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Ҳукумати Черногория рӯйхати 130 кишвари хориҷро нашр карда, ки аз 1 июн шаҳрвандони онҳо метавонанд ба ин кишвар бемамоният ворид шаванд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Черногория.

Дар ин рӯйхат Тоҷикистон низ ворид шудааст. Қайд мешавад, ки шаҳрвандони кишварҳои зикршуда зимни ворид шудан ба Черногория каратин намешаванд ва тести коронавирус намесупоранд.

Коршинос гуфт, барои чӣ Тоҷикистон коронавирусро сабуктар мегузаронад

Ҳукумати Черногория қарор карда, ки бо беҳтар шудани вазъи саломатии шаҳрвандон низоми сарҳадбандиро сусттар кунанд.

Дар баробари ин қайд мешавад, ки сарҳад ба рӯи шаҳрвандони кишварҳое боз мешавад, ки дар онҳо тамоюли пастшавии сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин шумораи маризони коронавирус дар ин кишварҳо бояд кам бошад.

ВУХ аз мушкилоти Тоҷикистон дар вазъияти ҳамагирии COVID - 19 ва таҳкими сарҳад гуфт

Ба рӯйхати кишварҳое, ки вурудашон озод шудааст Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Қирғизистон низ вориданд. Русия бошад иҷозаи вуруд ба Черногорияро нагирифт.

Сарҳади Черногория ҳамчунин барои сайёҳони Италия, Испания ва Бритониё баста боқӣ хоҳад монд.

740
Барчаспҳо:
боз кардани роҳи оҳани нав, сарҳад, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)