Грузовики на границе

Қазоқистон боркашониро ба Тоҷикистон тавассути қаламраваш манъ кард

357
(Таҷдидшуда 14:41 15.04.2020)
Мақомоти Қазоқистон ҳаракати нақлиёти боркаш ва шаҳрвандони хориҷиро тавассути қаламраваш ба Тоҷикистон манъ кард

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Қазоқистон бинобар пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳаракати нақлиёти боркаш ва шаҳрвандони хориҷиро тавассути қаламраваш ба Тоҷикистон ва аз он самт ба хориҷ маҳдуд кард.

Дар ин бора Иттиҳодияи кормандони ҳамлу нақли Қазоқистон бо истинод ба Вазорати саноат ва тиҷорати ҷумҳурӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, тасмими мазкурт барои мубориза бо сирояти коронавирус дар кишвар дар асоси чораҳо андешида шуданд.

Ҳамчунин мақомоти Қазоқистон равуои одамон ва тамоми намуди нақлиётро дар гузаргоҳҳои марзии "Айша биби" ва "Қаросу", ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгиранд, пуррат баст.  

Гуфта мешавад, танҳо барои мошинҳои боркаши намояндагони шӯъбаҳои дипломатӣ ва кормандони хадамоти федералӣ, ки аз соати 10-и субҳ то 19-и бегоҳ аз гузаргоҳ убур карда мешаванд, истисно карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки то имрӯз дар Қазоқистон 1232 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон орд медиҳад: азму нигарониҳо дар суҳбати Раҳмон бо Тоқаев

Ба гуфтаи коршиносон ин иқдоми ҳукумати Қазоқистон, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз шуюи вируси карона андешида шудааст, метавонад ба иқтисоди Точикистон хасороти фаровон ворид созад , зеро умдаи транзити маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия аз қаламрави Қазоқистон анҷом мешавад.

Аз сўи дигар, бахши умдаи воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия ва соири кишварҳо низ аз қаламрави Қазоқистон анҷом мешавад, ки метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон хасароти фаровон ворид намояд.   


357
Барчаспҳо:
сарҳад, боркашонӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон
Ҳавопаймои Ютайр, акс аз бойгонӣ

Оғози фурӯши чиптаҳо: аз шарҳи мақомоти Тоҷикистон то Росавиатсия

1599
(Таҷдидшуда 22:17 04.06.2020)
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия - Utair ва "Уралские авиалинии" дар сомонаҳояшон ба фурӯши чиптаҳо дар масири Маскав – Душанбе ва баръакс оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Санаи чиптаи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон баъди 30 июн нишон дода шудааст. Аммо расман мақомоти умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар бораи аз сар гирифтани парвозҳо миёни ду кишвар ҳеч иттилое ироа надодаанд.

Sputnik Тоҷикистон талош кард ба масъалаи оғози парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия рӯшанӣ андозад

Ожонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон сарусадо дар бораи оғози парвозҳои мунтазамро бепоя хонда, таъкид намудаст, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар баъди ба эътидол омадани вазъи марбути COVID-19 ва эълони расмии мақомоти ду кишвар аз сар гирифта мешаванд.

Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, аз хариди чиптаҳо худдорӣ кунанд ва эълон дар бораи оғози парвозҳо расман ироа хоҳад шуд.

Мақомоти Росавиатсия низ масъалаи фурӯши чиптаҳо дар масири Тоҷикистону Русияро шарҳ доданд.

“Ҳеч иттилое дар бораи оғози парвозҳо мутаассифона рӯи даст надорем, мутаносибан чизе барои шарҳ нест. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ – субъектҳои хоҷагидори алоҳидаанд, ки фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд”,  - изҳор дошт манбаи наздик ба Росавиатсия.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ таъкид кард, ки феълан танҳо парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандон роҳандозӣ мешаванд, ки аризаашон тариқи Пойгоҳи ягонаи хизматрасонии давлатӣ ворид мешаванд.

“Фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби ширкатҳо барои парвозҳои махсус аз Тоҷикистон истисност. Таъкид мекунем, ки феҳрасти парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдор то санаи 12 июн мувофиқа шудааст”,- хабар доданд дар сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Сафорат қотеона аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, барои хатсайрҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки шомили парвозҳои махсус нестанд, чипта нахаранд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки шаҳрвандон дар масъалаи парвозҳо танҳо ба маълумоти расмӣ, ки тариқи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорат дар Маскав ироа мешавад, такя намоянд.

Sputnik Тоҷикистон барои шарҳи фурӯши чиптаҳо ба хадамоти матбуоти  ширкатҳои ҳавопаймоии Utair  ва "Уралские авиалинии" дархост ирсол кард.

1599
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, парвоз, Тоҷикистон
Вид на город Котор и Которский залив в Черногории, архивное фото

Ҳукумати Черногория сарҳадро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард

760
(Таҷдидшуда 13:25 03.06.2020)
Ҳукумати Черногория қарор карда, ки бо беҳтар шудани вазъи саломатии шаҳрвандон низоми сарҳадбандиро сусттар кунанд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Ҳукумати Черногория рӯйхати 130 кишвари хориҷро нашр карда, ки аз 1 июн шаҳрвандони онҳо метавонанд ба ин кишвар бемамоният ворид шаванд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Черногория.

Дар ин рӯйхат Тоҷикистон низ ворид шудааст. Қайд мешавад, ки шаҳрвандони кишварҳои зикршуда зимни ворид шудан ба Черногория каратин намешаванд ва тести коронавирус намесупоранд.

Коршинос гуфт, барои чӣ Тоҷикистон коронавирусро сабуктар мегузаронад

Ҳукумати Черногория қарор карда, ки бо беҳтар шудани вазъи саломатии шаҳрвандон низоми сарҳадбандиро сусттар кунанд.

Дар баробари ин қайд мешавад, ки сарҳад ба рӯи шаҳрвандони кишварҳое боз мешавад, ки дар онҳо тамоюли пастшавии сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин шумораи маризони коронавирус дар ин кишварҳо бояд кам бошад.

ВУХ аз мушкилоти Тоҷикистон дар вазъияти ҳамагирии COVID - 19 ва таҳкими сарҳад гуфт

Ба рӯйхати кишварҳое, ки вурудашон озод шудааст Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Қирғизистон низ вориданд. Русия бошад иҷозаи вуруд ба Черногорияро нагирифт.

Сарҳади Черногория ҳамчунин барои сайёҳони Италия, Испания ва Бритониё баста боқӣ хоҳад монд.

760
Барчаспҳо:
боз кардани роҳи оҳани нав, сарҳад, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Учения МЧС РФ в Ростове-на-Дону

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

0
Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар баробари ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди шаҳр тариқи нақлиёти махсуси хизматӣ ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, инчунин Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ маҳлули хлорро ройгон дастрас менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Бӯстон гузориш медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз охирҳои моҳи апрели соли 2020,  ба зиёда аз 780 нафар сокинони шаҳри Бӯстон, ки хоҳиши шахсан дар манзилҳояшон гузаронидани корҳои безараргардонӣ доранд ва ё тариқи пешниҳоди раисони маҳаллаҳо беш  аз 11 тоннаву 700 литр маҳлули хлор дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон Зайнулло Тешаев, дар Марказ захираи кофии маҳлулҳои безараргардонӣ мавҷуд аст.

Сокинон бемамониат имкон доранд ройгон маҳлули хлор дастрас намоянд.

Ҷаҳиши нархи хлору ниқоб дар Суғд

 

0