ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ширкати мазкур овозаҳо дар мавриди вобаста ба бемории коронавирус COVID-19 баста шудани ин роҳи мошингарди “Душанбе – Чаноқ” асоси воқеӣ надоранд, хабар медиҳад “Ховар”.
Ба иттилои Далери Абдулло, сухангӯӣ ширкат, айни замон роҳ кушода буда, масъулини ширкат баҳри ташкили ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Номбурда аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш намуд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва маълумоти саҳеҳро доир ба вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ аз сайти филиали Ширкат ва саҳифаи он дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дарёфт намоянд.
"Тавре қаблан иттилоъ додем, дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво бояд аз 1 май то 31 августи соли равон маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешуд. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Чун ҳарорати ҳаво нисбатан паст омад, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки ин иқдом то 13 майи соли ҷорӣ мавқуф гузошта шавад", гуфт, сухангӯи ширкати IRS.
Ӯ гуфт, дар робита ба пешгирӣ аз бемории коронавирус роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат корҳои безараргардониро дар роҳи мазкур тақвият бахшидааст.
“Илова бар ин, теъдоди зарурии дастгоҳҳои ҳароратсанҷ харидорӣ шуда, ба тамоми плазаҳо, коргоҳҳои истеҳсоли асфалт, нуқтаҳои вазнченкунӣ ва намояндагиҳо дастрас шуданд. Чунин тадбирандешиҳо замина фароҳам оварданд, ки дар ҳолати зарурӣ ҳарорати тани мусофирону ронандагон санҷида шавад”, — гуфтааст ӯ.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки шумораи мусофирони ҳавоӣ дар дохили кишварҳо соли 2020 ҳудуди 50% ва дар масирҳои байналмилалӣ - 74% коҳиш ёфтааст.
Хабаргузории “Ховар” аз қавли ин ниҳод афзудааст, ки соли 2020 ҳудуди 1,8 миллиард одамон парвоз кардаанд ва соли 2019 теъдоди онҳо 4,5 миллиардро ташкил дода буд.
Зикр шудааст, ки аз моҳи январи соли 2020 тадриҷан рӯйхати давлатҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ мекарданд васеъ шуд ва моҳи март ҳаракати мусофирони ҳавоӣ тақрибан қатъ гардид. То моҳи апрел шумораи умумии мусофирони ҳавоӣ дар муқоиса бо сатҳи 2019 то 92% коҳиш ёфт.
Созмони ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ таъкид кардааст, ки соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ 370 миллиард доллар фоидаро аз даст доданд.
“Фурудгоҳҳои байналмилалӣ тақрибан ба маблағи 115 миллиард доллар ва хадамоти аэронавигатсия -13 миллиард доллар зарар диданд”, - омадааст дар иттилоия.
Қаблан дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз кишварҳо даъват кардааст, ки барои дастгирии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ дар шароити пандемия тадбирҳои фаврӣ андешанд ва дар айни ҳол масъалаҳои тағйирёбии иқлимро низ фаромӯш накунанд.
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2" ва "Автобус-3"-и шаҳри Душанбе хоҳишмандон, сокинони пойтахтро барои омӯзиш ба курсҳои омода намудани ронандагони дараҷаи "Д" даъват менамоянд.
"Ронандагон баъд аз хатми курсҳо дар автобусҳои тамғаи "АКИА" дар хатсайрҳои пойтахт ба фаъолият оғоз хоҳанд кард", - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки маблағи омӯзиш аз ҳисоби Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2" ва "Автобус-3"-и шаҳри Душанбе пардохт карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ахиран корхонаҳои нақлиётии Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2", "Автобус-3" ва "Троллейбус"-и шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи "Д" ва собиқаи кории на камтар аз се сол дар автобусу троллейбусҳо мебошанд, ба кор даъват кард.
Таъкид шудааст, ки ронандагон бояд сокинони шаҳри Душанбе бошанд.
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ"-ро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар баррасӣ карда гуфт, афроде, ки дар синни хизматанду аз ин 10 фисади даъватшаванда канор мемонад, бо пардохти маблағу машқи якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, метавонанд соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд.
Вазири дифоъ гуфт, тартиби таълими чунин захираҳо ва шакли пардохти хидмати ҳармоҳа ҳанӯз муайян нашудааст ва ин дар салоҳияти ҳукумати мебошад.
Ҳамзамон бар асоси тарҳи нави ин қонун ҷавононе, донишгоҳҳоро новобаста аз кафедраи ҳарбӣ доштанашон хатм мекунанд, танҳо пас аз як соли хизмати аскарӣ, соҳиби рутба мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои дорои кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм мекарданд, рутбаи афсари эҳтиётиро мегарифтанд ва аз хизмат озод буданд.
Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ
Вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамзамон зимни муаррифии ин тарҳи қонун гуфт, минбаъд ба ниҳодҳои қудратӣ аз қабили прокуратура, суд, коррупсия, гумрук танҳо афроде ба кор гирифта мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ карда бошанд.