Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото

Рӯзи парвози "Сомон Эйр" аз Аморот ба Тоҷикистон маълум шуд

353
(Таҷдидшуда 18:03 22.05.2020)
Авохири моҳи май ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва Fly Dubai тариқи парвози вижа шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба ватан бармегардонад

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 29 май шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе бозмегардонад, хабар медиҳад Консулии генералии кишвар дар Дубай.

Қайд мешавад, ки ҳавопаймо аз фурудгоҳи Дубай соати 15:00 парвоз мекунад.

"Шаҳрвандон пеш аз парвоз дар Фурудгоҳи байналмилалии Дубай аз озмоиши тиббӣ (анализи хун) гузаронида мешаванд. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки 4 (чор) соат пеш аз парвоз дар фурудгоҳ ҳозир шаванд", - омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки ҷузъиёти хатсайр ва хариди чиптаро хоҳишмандон метавонанд дар торномаи ширкат дарёфт кунанд.

Ҳавопаймои махсус: ширкати “Тоҷик Эйр” 220 муҳоҷири меҳнатиро ба Душанбе баргардонд

Қайд мешавад, ки парвози дуюм аз Амороти Муттаҳида ба Тоҷикистон тариқи ширкати Fly Dubai 30 май соати 11:00 анҷом мешавад.

Ҳавопаймо бо кумакҳои пизишкии Эрон ба Тоҷикистон парвоз кард

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ду хатсайри нав аз Тоҷикистон ба Русия маълум шуд. Ин парвозҳо охири моҳи май дар нақша аст.

353
Барчаспҳо:
ҳамватанони бурунмарзӣ, Тоҷикистон, парвоз, Амороти Муттаҳидаи Араб
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Вид на город Котор и Которский залив в Черногории, архивное фото

Ҳукумати Черногория сарҳадро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард

599
(Таҷдидшуда 13:25 03.06.2020)
Ҳукумати Черногория қарор карда, ки бо беҳтар шудани вазъи саломатии шаҳрвандон низоми сарҳадбандиро сусттар кунанд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Ҳукумати Черногория рӯйхати 130 кишвари хориҷро нашр карда, ки аз 1 июн шаҳрвандони онҳо метавонанд ба ин кишвар бемамоният ворид шаванд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Черногория.

Дар ин рӯйхат Тоҷикистон низ ворид шудааст. Қайд мешавад, ки шаҳрвандони кишварҳои зикршуда зимни ворид шудан ба Черногория каратин намешаванд ва тести коронавирус намесупоранд.

Коршинос гуфт, барои чӣ Тоҷикистон коронавирусро сабуктар мегузаронад

Ҳукумати Черногория қарор карда, ки бо беҳтар шудани вазъи саломатии шаҳрвандон низоми сарҳадбандиро сусттар кунанд.

Дар баробари ин қайд мешавад, ки сарҳад ба рӯи шаҳрвандони кишварҳое боз мешавад, ки дар онҳо тамоюли пастшавии сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин шумораи маризони коронавирус дар ин кишварҳо бояд кам бошад.

ВУХ аз мушкилоти Тоҷикистон дар вазъияти ҳамагирии COVID - 19 ва таҳкими сарҳад гуфт

Ба рӯйхати кишварҳое, ки вурудашон озод шудааст Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Қирғизистон низ вориданд. Русия бошад иҷозаи вуруд ба Черногорияро нагирифт.

Сарҳади Черногория ҳамчунин барои сайёҳони Италия, Испания ва Бритониё баста боқӣ хоҳад монд.

599
Барчаспҳо:
боз кардани роҳи оҳани нав, сарҳад, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото

Парвози вижаи "Уралские авиалинии" 50 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан бурд

234
(Таҷдидшуда 18:54 01.06.2020)
Парвози махсуси ширкати русии "Уралские авиалинии" дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Тоҷикистон роҳандозӣ шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар давоми ду рӯзи охир аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 50 кас, ки дар паи банд шудани марзҳо дар кишвар дар монданд, ба ватан бозгардонида шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Парвозҳои махсус аз ҷониби ширкати русии "Уралские авиалинии" дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

"Рӯзҳои 29-30 май аз Русия ба Тоҷикистон 49 шаҳрванд, ки дар паи баста шудани марзҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия дармонда буданд, ба ватан бозгардонида шуданд", - қайд карданд дар ВУХ.

Бозгашти шаҳрвандон идома дорад: 188 шаҳрванди Тоҷикистон аз Дубай баргардонида шуд

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин ҷасади 13 шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ тариқи ин хатсайр ба ватан бурда шуд.

"Груз 200": Парвози махсус ҷасади муҳоҷирини фавтидаро ду рӯз пас ба ватан мебарад

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

234
Барчаспҳо:
ширкати ҳавоӣ, парвоз, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

0
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

0