Международный аэропорт имени Ататюрка, архивное фото

Туркия омодаи аз сар гирифтани парвозҳо самти Душанбе аст: Тоҷикистон ҳоло хомӯш

595
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд аз омодагии Туркия барои ҷоннок кардани парвозҳо хабардор ҳастанд, вале то ҳанӯз фармоиш нагирифтанд

ДУШАНБЕ, 8  июн — Sputnik. Тоҷикистон ҳоло ба омодагии Туркия бобати ҷорӣ намудани парвозҳо посух нагуфтаст. Ҳукумати Туркия бошад, сар аз моҳи июн парвозҳои ҳавоиро бо 40 кишвар барқарор намуд.

Миёни ин кишварҳо Тоҷикистон низ зикр шудааст.

Аммо агентии Ховар аз қавти котиботи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар медиҳад, то ҳол барои барқарор кардани фаъолият, фармоише нагирифтанд.

Туркия санаи пешакии роҳандозии парвозҳоро бо Тоҷикистон эълон кард

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, равобити ҳавоӣ ва инчунин заминӣ миёни аксар кишварҳо кам ва ё  комилан қатъ карда шуд.

Тоҷикистон низ ба мисли дигар кишварҳо, ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID - 19  фаъолияти фурудгоҳҳоро мутаваққиф кард.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо ба хотири вуруд намудани тоҷикистониён, ки дар кишварҳои хориҷ дар замони пандемия дармонда буданд, фаъолият мекард.

 

595
Барчаспҳо:
парвозҳо, Тоҷикистон, Душанбе, Туркия
Самолет, на фоне заката

Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро сар кард

167
(Таҷдидшуда 16:17 20.01.2021)
Парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи чоршанбе сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Uzbekistan Airways парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро аз сар гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд имрӯз, 20 январ пас аз танаффусе, ки аз баҳор ба ин сӯ ба далели пандемияи коронаиврус идома кард, сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, дар оянда парвозҳо рӯзи чоршанбе тибқи ҷадвал сурат мегиранд.

Ҳавопаймо аз Тошканд соати 8-и субҳи ба вақти маҳаллӣ парида, пас аз як соат дар пойтахти Тоҷикистон фуруд омад.

Бозгашти ҳавопаймо аз Душанбе соати 11 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, соати 12-и нисфирӯзӣ вориди Тошканд мешавад.

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиёти мусофирбарро бо кишварҳои дигар қатъ кард.

Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси содиротӣ ба ватанашон ташкил карда шуд.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ сурат гирифт.

Қаблан, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" низ парвозҳо дар масири Душанбе - Тошкандро ҳар ҳафта - рӯзҳои ҷумъа анҷом медиҳад.

167
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, парвозҳо, Тоҷикистон
Ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ

Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

178
(Таҷдидшуда 17:06 19.01.2021)
Соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ ҳудуди 60% коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки шумораи мусофирони ҳавоӣ дар дохили кишварҳо соли 2020 ҳудуди 50%  ва дар масирҳои байналмилалӣ - 74% коҳиш ёфтааст.

Хабаргузории “Ховар” аз қавли ин ниҳод афзудааст, ки соли 2020 ҳудуди 1,8 миллиард одамон парвоз кардаанд ва соли 2019 теъдоди онҳо 4,5 миллиардро ташкил дода буд.

Зикр шудааст, ки аз моҳи январи соли 2020 тадриҷан рӯйхати давлатҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ мекарданд васеъ шуд ва моҳи март ҳаракати мусофирони ҳавоӣ тақрибан қатъ гардид. То моҳи апрел шумораи умумии мусофирони ҳавоӣ дар муқоиса бо сатҳи 2019 то 92% коҳиш ёфт.

Созмони ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ таъкид кардааст, ки соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ 370 миллиард доллар фоидаро аз даст доданд.

“Фурудгоҳҳои байналмилалӣ тақрибан ба маблағи 115 миллиард доллар ва хадамоти аэронавигатсия -13 миллиард доллар зарар диданд”, - омадааст дар иттилоия.

Қаблан дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз кишварҳо даъват кардааст, ки барои дастгирии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ дар шароити пандемия тадбирҳои фаврӣ андешанд ва дар айни ҳол масъалаҳои тағйирёбии иқлимро низ фаромӯш накунанд.

178
Барчаспҳо:
зарар, парвоз, Ҷаҳон
Денежные переводы с помощью Золотой Короны

Ӯзбекистон гуфт, даромадаш аз маблағи муҳоҷирон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 18:41 20.01.2021)
Маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ дар соли 2020, ки ҷаҳонро пандемия фаро гирифт, беш аз 6 миллиард доллар эълом шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бонки марказии Ӯзбекистон дар гузорише аз афзоиши даромади ин кишвар аз ирсоли маблағҳои коргарони муҳоҷир хабар дод, гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс.

Бонки марказии Ӯзбекистон таъкид кардааст, ки бо вуҷуди пандемия даромади гирифта аз муҳоҷирони кишвар афзоишро нишон додааст.

“Бо вуҷуди густариши корона дар кишварҳои мухталиф дар соли 2020 коргарони муҳоҷири ӯзбек 6 миллиарду 30 миллион доллар ба дохили кишвар мунтақил кардаанд”, - навиштааст манбаъ.

Бонки марказии Ӯзбекистон пешбинӣ кардааст имсол ҳам раванди интиқоли пули коргарони муҳоҷири ин кишвар рӯ ба афзоиш хоҳад буд.

Ӯзбекистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирони корияш дар Русия яке аз ҷойҳои аввалро мегирад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз Русия ба ватан коҳиш ёфтааст.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, маблағ, Ӯзбекистон