Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Исматуллозода гуфт кай парвозҳои самти Душанбе - Хоруғ барқарор мешавад

841
(Таҷдидшуда 18:03 20.06.2020)
Раҳбари ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" Дилшод Исматуллозода изҳор дошт, ки парвозҳои самти Хоруғ танҳо дар сурати шумораи кифояи мусофирон барқарор мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор карда, ки парвозҳои миёни шаҳри Душанбе ва Хоруғро барқарор кунад. Дар ин бора раҳбари ширкати "Тоҷик Эйр" Дилшод Исматуллозода дар сущбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ қайд кард, ки ширкати ҳавоӣ парвозҳои самти Душанбе - Хоруғро бо рӯйхати пешакӣ аз сар мегирад.

Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд

"Қарор қабул шуд, ки парвозҳо ба шаҳри Хоруғ барқарор карда шавад. Мо парвозҳои дохили кишварро барқарор мекунем", - гуфт раҳбари ширкат.

Ӯ гуфт рӯзи парвоз танҳо дар сурати зиёд шудани дархостҳо барои парвоз эълом карда мешаванд. 

Хушхабар: аз 25 - июн парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон оғоз меёбанд

"Дар сурати кам будани шумораи мусофирон парвоз аз назари иқтисод зараровар аст", - қайд кард Исматуллозода.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон аз 1 июл парвозҳоро ба Ӯзбекистону Амороти Муттаҳидаи Араб барқарор мекунад.

841
Барчаспҳо:
парвоз, Душанбе, Хоруғ
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Фаврӣ: "Сомон Эйр" тоҷиконро аз Алмато ба Душанбе меорад, рӯзи парвоз дақиқ шуд

334
Ширкати ватании "Сомн Эйр" бо як парвози чартерӣ тоҷикистониёнро аз шаҳри Алматои Қазоқистон ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душане меорад

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз парвози вижаи ширкати "Сомон Эйр" барои бозгардонии ҳамватанон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Қазоқистон мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Алмато- Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои бақайдгирӣ бояд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии кишвар дар Қазоқистон метавонанд муроҷиат кунанд.

Барои муроҷиат ба сафорат дар торномаи ВКХ рақамҳои телефон ва суроға навишта шудааст.

334
Барчаспҳо:
Сомон Эйр, парвоз, Қазоқистон, Тоҷикистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

"Сомон - эйр" барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон 10 июл ба Минск парвоз мекунад

155
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони мамлакат, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, мерасонад, ки санаи 10 - уми июл парвози чартерӣ самти Душанбе - Минск сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Беларус ва Украина мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвози махсус самти Душанбе - Минс - Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои котиботи вазорат, парвози мазкур рӯзи 10 - июл аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Сомон - эйр" сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ имкон доранд, бо ҳавопаймои мазкур ба Минск парвоз кунанд.

"Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд

Зикр мегардад, Тоҷикистониҳое, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, барои бақайдгирӣ намудан ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус ва Украина муроҷиат кунанд.

155
Барчаспҳо:
Минск, Тоҷикистон, парвоз, "Сомон Эйр"

Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

0
Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт оилд ба масоили коронавирус рӯзи гузашта вориди Туркманистон гардид Ханс Клюге, раҳбари Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо дар Твиттераш дар ин бора хабар додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ду рӯз пеш Катерине Смоллвуд,  намояндаи Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҳайати созмон баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар робита ба омодагӣ ва пешгирии коронавирус Туркманистон мераванд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони СҶБ тули 10 рӯз дар ин кишвар хоҳанд монд.

Гуфта мешавад ин муддат, намояндагони ТУТ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кад.

0