В Душанбе были задержаны 144 дорогих автомобиля со специальными звуковыми сигналами

Боздошти мошинҳои “крутой” дар Душанбе, ки бо садоҳои махсус мегаштанд

583
(Таҷдидшуда 11:50 23.06.2020)
Кормандони пулиси пойтахт 144 мошини гаронарзишро дар барои насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт, ин худравҳо зимни баргузории амалиёти шартии “Чароғаки шуълавар” боздошт гардиданд.

Ба иттилои манбаъ,  ронандагон ба худравҳои хеш сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғакҳои шуълавари нурафшон насб кардаанд, ки он ғайриқонунӣ мебошад.

Ин ниҳод Қодиров Султонбек, ронандаи автомашинаи тамғаи Хонда-Аккорд, рақами давлатиаш 1111 SR 03, Абдуллоев Муҳаммад, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-С-Класс, рақами қайд 1111ВХ 01, Ҳалимов Зайниддин, ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, рақами қайд 4445 ВВ 01, Шарипов Шаҳриёр,ронандаи автомашинаи тамғаи Ленкрузер-Прадо, аломати қайд 0006 КА 01 ва ғайраҳоро боздошт кардааст.

Манбаъ мегӯяд нисбатба ронандаҳои боздоштшуда парвандаи маҳмурӣ ва аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар доираи ин амалиёт барои фурӯши ғайриқонунии ин таҷҳизот як қатор фурӯшандаҳои бозорҳо низ боздошт шудаанд.

583
Пограничный пост, архивное фото

Ҳаракати нақлиётӣ миёни Русия ва Тоҷикистон баста боқӣ мемонад

427
(Таҷдидшуда 12:41 14.07.2020)
Дар Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз имконияти бозгашт тариқи Ӯзбекистон ва Қазоқистон ёдоварӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳаракати нақлиётӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баста боқӣ мемонад, хабар доданд дар хадамоти матбуотии Сафорати Русия дар Тоҷикистон.

"То ҳол аз ҷониби Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои ҳаракати транзитӣ иҷозаи расмӣ гирифта нашудааст", - қайд карданд дар хадамоти матбуотӣ.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон қайд карданд, ки вазъро таҳти назорат гирифтаанд ва бо ронандагон дар алоқа ҳастанд.

Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

Қайд мешавад, ки феълан мақомоти Русия бо ҳукумати Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои иҷозаи ҳаракат дар гуфтушунид аст.

Санаи барқароршавии парвозҳои байналмилалӣ дар Русия дақиқ шуд

"Вазъи ҳамагирии COVID - 19 - ро дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба назар гирифта аз шаҳрвандон даъват мекунем, ки тариқи парвозҳои вижа ба Русия ҳаракат кунанд", - қайд карданд дар Сафорати Русия дар Тоҷикистон.

427
Барчаспҳо:
қатъи ҳаракати нақлиёт, Тоҷикистон, Русия
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото

"Тоҷик Эйр" шаҳрвандони дармонда дар Кореяро ба Тоҷикистон меорад

147
(Таҷдидшуда 17:40 13.07.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ кардани як парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Сеул - Душанбе дастур додааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" бо мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон 21 июли соли равон  парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Сеул-Душанберо ба нақша гирифтааст. 

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муроҷиат намуда, барои пур кардани саволнома аз пайванди зерин истифода намоянд. 

Вазорати умури хориыии Тоҷикистон таъкид кардааст, шаҳрвандони хориҷие, ки қабл аз баста шудани марзҳо раводиди Ҷумҳурии Кореяро дастрас кардаанд, имкони парвоз ба Сеулро доранд.

Инчунин мушаххасоти сафорати Тоҷикистон дар Сеул, аз ҷумла рақамҳои телефон, +82 027922535, +82 1059399339, +82 1059379861 ва почтаи электронии tjkoreaemb@mfa.tj ироа кардааст.

Қаблан парвозҳои махсуси чартерӣ барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия, Туркия, Аврупо, АМА, Белорусия ва дигар давлатҳо анҷом дода шуданд.

147
Барчаспҳо:
Тоҷик Эйр, бозгашт, парвоз, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон
Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода

Додситони кулл: раиси пешини шаҳри Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шуд

0
(Таҷдидшуда 14:45 14.07.2020)
Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон таъкид дошт, ки парвандаи собиқ раиси шаҳри Кӯлоб дар ҳолли баррасӣ аст

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе  зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шудааст.

“Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб барои дағалона вайрон кардани ҷиноятҳои марбут ба замин ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”, - қайд кардааст Юсуф Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, прокурори генералӣ овозаҳои бо дастури Иноятзода ба фурӯш гузошта шудани кумаки башардӯстонаи ба шаҳр воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббиро рад кард.

Моҳи гузашта нирӯҳои амниятии Тоҷикистон Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлобро бо гумони "фасодкорӣ" дастгир карданд.

Рӯзи 8-уми июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки маъмуронаш Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми "фасодкорӣ" дастгир карданд.

КДАМ хабар дода буд, ки 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Баҳром Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва  3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Хурсандалӣ ва Қурбонов Фирӯз нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳри содир намудаанд.

"Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд",- хабар дода буд КДАМ Тоҷикистон.

Ҳамзамон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз шуда, садҳо нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Юсуф Раҳмон, афзуд, 3248 нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда ва беш аз 6286 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввал баргардонида шудааст. Зарари расида аз ин ҷиноятҳо 1,6 млн сомонӣ барқарор карда шуд.

0
Барчаспҳо:
замин, ҷиноят, баррасӣ, шаҳри Кӯлоб, парванда, додситони кулл, Тоҷикистон