Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Эълони сана ва хатсайри парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия-ҷадвал

1964
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон санаи парвозҳо барои баргардондани шаҳрвандон аз шаҳрҳои гуногуни Русияро эълон кард

ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Тибқи иттилои ВУХ Тоҷикистон, аз 25 июн парвозҳои чартерӣ барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Русия оғоз мегардад.

Вазорати умури хориҷӣ таъкид кардааст, ки ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Русия мувофиқа шудааст:

  • 25 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр"
  • 26 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Қазон – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр"
  • 30 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр"
  • 1 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр"
  • 6 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – СанктПетербург – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр"
  • 7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр"
  • 13 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр"
  • 14 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр".

Мақомот таъкид карданд, ки дар раванди анҷом додани чунин парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад.

Зикр шудааст, ки бо дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ ба ва аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад.

1964
Автобусы в автопарке, архивное фото

Пас аз ду моҳи "танаффус", ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд барқарор шуд : қоидаҳои нав

551
(Таҷдидшуда 16:43 08.07.2020)
Баъд аз ду моҳи “танафус” дар Хуҷанд ва шаҳрҳои атрофи он, ҳаракати автобусҳои мусофиркашонӣ дубора барқарор шудааст

ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, субҳи имрӯз ҳаракати автобусҳои мусофиркашонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии канори онро аз нав фаъол намудаанд.

"Имрӯз 34 автобус барои кашонидани мусофирон дар шаш хатсайри дохили Хуҷанд ва байни шаҳрҳои Хуҷанд – Гулистон, Хуҷанд – Бӯстон ва Хуҷанд – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳаракат дароварда шуданд", - гуфт Шарипов.

Директори Корхонаи давлатии комуналии “Нақлиёти шаҳри Хуҷанд” таъкид намуд, ки дар замони хуруҷи бемории ҳамагири коронавирус ё пандемияи COVID – 19 аз ҳамаи мусофирон тақозо карда мешавад, барои нишастан ба автобусҳо қоидаҳои беҳдоштӣ минҷумла бастани ниқобро риоя карда шавад, дар сурати надоштани ниқоби муҳофизатӣ ба дохили автобус иҷоза дода намешавад.

Ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд ва шаҳрҳои атрофи он дар аввалҳои моҳи май қатъ гардида буд.

Ба ин делел ба ҷои автобусҳо, масъулияти мусофиркашониро ширкатҳои хусусӣ тавассути микроавтобусҳои умдатан навъи Mersedes - Sprinter ба зимма гирифтанд.

Он замон масъулин, далели аз ҳаракат бозистодани автобусҳоро дақиқ шарҳ дода наметавонистанд. Баъзе манобеъ таъкид мекарданд, ки тарки кор намудани аксар ронандаҳои идораи “Нақлиёти шаҳри Хуҷанд” сабаби аз ҳаракат мондани автобусҳо шудааст. Ронандаҳо бо сабаби саривақт пардохт нашудани моҳонаи хидматиашон тарки кор кардаанд.

Масъулини ҳукумати Хуҷанд ва Суғд, соли 2018, барои рушди хизматрасонии мусофиркашонӣ, 100 автобуси 8 ва 12 метраи тамғаи “ЛИАЗ” ворид намуд.

Ин шумор нақлиёти мусофиркашонӣ аз ҳисоби ҳудуди 26 милион эвро, ки гуфта мешавад, 8 милион эвро аз ин ҳисоб гранти бебозгашт ва 18 милиони дигар қарзи Бонки ҷаҳонии таҷдид ва рушд, хариддорӣ шудааст, ки нархи як автобус ба беш аз 145 ҳазор эвро рақам зада мешавад.

551
Барчаспҳо:
ҳаракат, автобус, Хуҷанд
Самолет авиакомпании Somon air. архивное фото

Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз АМА бозмегардонад: рӯзи парвоз дақиқ шуд

183
(Таҷдидшуда 13:48 08.07.2020)
Тоҷикистон дар доираи барномаи бозгардонии шаҳрвандонаш аз кишваҳои хориҷ, тоҷикистониёнро аз АМА ба Ватан меорад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазорати умури хорҷиии Тоҷикистон аз парвози вижаи ширкати "Сомон эйр" дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе хабар медиҳад.

"Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мерасонад, ки ба мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Точикистон тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июли соли 2020 парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар АМА муроҷиат намоянд.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Вазорати корҳои хориҷӣ барои тамоси мустақим ва маълумоти иловагӣ дар торномааш рақамҳои телефони Сафорати Тоҷикистон дар Абу-Забӣ ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубайро навиштааст.

183
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, вижа, парвоз, АМА
Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? порӯи мурғхонаҳо, партов ё...

0
(Таҷдидшуда 16:22 09.07.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғализе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ ҳама ҷойро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯйи бад, онҳоро хаста кардааст.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғализ паҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19- уми Хуҷанд ҳам аз мушкили бавуҷудома шикоят доранд. Ин мушкил беш аз ду моҳ боз шурӯъ шуда ва сокинонро водор намудааст, ки бо мактуби дастаҷамъӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, то ба ҳалли он расидагӣ сурат гирад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии порӯи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод порӯи мурғро нигоҳ надоранд ва ва онро ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи порӯи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯйи ғализ дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби порӯи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи порӯи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сабт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

0