Самолет на закате, архивное фото

Русия парвозҳои байналмилалиро барқарор мекунад

1594
(Таҷдидшуда 17:27 26.06.2020)
Вазорати нақлиёти Русия дар бораи барқарор шудани парвозҳои байналмилалӣ маълумот дод. Вазири ин ниҳод гуфт кай осмони Русия барои қабули парвозҳои байналмилалӣ омода мешавад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Вазири нақлиёти Русия Евгений Дитрих дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон гуфт, Русия ба наздикӣ парвозҳои байналмилалиро барқарор мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Эҳтимолан парвозҳои мусофиркашонӣ аз аввали моҳи июл оғоз шавад.

Эълони сана ва хатсайри парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия-ҷадвал

Дитрих қайд кард, ки аз сар гирифтани парвозҳои байналмилалӣ, танҳо дар сурати хуб будани вазъи эпидемиологӣ, мумкин аст.

"Замоне, ки мо мутмаин мешавем, ки парвозҳои дохили кишвар бехатаранд, мо барои кушодани фазои беохир барои шаҳрвандонамон омода мешавем", - гуфт вазир.

"Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд

Ёдрас мешавем, ки Русия 27 март парвозҳои байналмилалиро манъ кард. То имрӯз аз кишвар ва ба дохили он тариқи парвозҳои чартерӣ шаҳрвандон оварда ва бурда мешаванд.

1594
Барчаспҳо:
барқарорсозӣ, байналмилалӣ, парвоз, Русия
Самолет на закате, архивное фото

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

976
(Таҷдидшуда 13:56 04.07.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон санаи парвозҳои чартерӣ барои баргардондани шаҳрвандон аз шаҳрҳои гуногуни Русияро эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо дарназардошти теъдоди ниҳоят зиёди муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-2019, 13 парвози чартерии изофӣ дар моҳи июли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон, ки ҳоло бо ҷониби Русия ҳамоҳанг шуда истодааст, ба нақша гирифта шудаанд.

Бано ба маълумоти Вазорат, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа аз 19 июни соли 2020 комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, баруйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашт ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Манбаъ қайд карда, ки дар раванди танзими парвозҳои мазкур авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Россия рафта буданд, дода мешавад.

Бо дарназардошти он ки теъдоди муроҷиатҳои бақайдгирифташуда дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург аз зарфияти 21 парвози банақшагирифташуда дар моҳи июл чанд маротиба бештар аст, муваққатан баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар биноҳои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия қатъ шуда, қабули аризаҳо тариқи почтаи электронии charter-russia@mfa.tj идома дорад.

Парвозҳои чартерии изофии зерин баъди дастрас намудани ризояти мақомоти марбутаи Русия анҷом дода хоҳанд шуд:

  • 3 июли 2020 (баргашт субҳи 4 июл) бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 4 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Хуҷанд, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе,  ширкати «Сомон Эйр»;
  • 9 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 11 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 16 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 18 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 20 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 22 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;  
  • 24 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 26 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Краснодар – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 28 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 30 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр».
976
Барчаспҳо:
парвоз, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Санаи парвози вижаи "Сомон Эйр" аз Франкфурт ба Душанбе дақиқ шуд

364
(Таҷдидшуда 14:48 02.07.2020)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Урупо ва Амрико ба сар мебаранд, аллакай авохири ин ҳафта метавонанд ба Ватан бозгарданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷӣ аз парвози вижаи ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" барои бозгардонии тоҷикистониён аз Урупо хабар медиҳад.

"Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими кишварҳои Аврупо ва Америка мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Франкфурт - Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда, ки шаҳрвандони хоҳишманд бояд пешакӣ худро ба қайд гиранд.

Аз Русия ба Тоҷикистон: беш аз 600 шаҳрвандони кишвар ба ватан расиданд

"Барои бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Аврупо ва Америка муроҷиат намоед", - таъкид кардааст ВКХ ва суроғаю почтаҳои электронии сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Урупо ва Амрикоро дарҷ кардааст.

Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд

Дар баробари ин манбаъ рақамҳои телефонии сафоратҳоро овардааст, ки хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар бо онҳо дар тамос шаванд.

364
Барчаспҳо:
Душанбе, Олмон, вижа, парвоз, Сомон Эйр

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

0
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон