Милиса ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандаи мусофирбар, акс аз бойгонӣ

Ниқоб надоштанд: ҷаримаи 20 ронандаи мусофирбар дар Хуҷанд

291
(Таҷдидшуда 18:07 20.08.2020)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд барои риоя накардани реҷаи ниқобандӣ нисбати мусофирону ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷарима татбиқ кардаанд

ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Ҳолатҳои бениқоб ба ронандагӣ машғул шудани шаҳрвандон дар нақлиёти ҷамъиятӣ зимни санҷиши кормандони соҳаи беҳдоштӣ ошкор шуд, хабар дод Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

“Мутаасифона мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ масофа ва реҷаи ниқобӣ то ҳол риоя карда намешавад. Ронандагони нақлиёти мусофирбар аз меъёр зиёд шаҳрвандонро савор мекунанд ва дар бархе ҳолатҳо худашон низ бениқоб нақлиётро идора мекунанд. Дар натиҷаи баргузории рейди кормандони соҳаи беҳдоштӣ нисбати 20 нафар ронандаҳо барои роҳ додан ба қонуншиканӣ, яъне надоштани ниқоб, протоколҳои ҷаримавӣ тартиб дода шуд”, иттилоъ дод Юсуфзод.

Бино ба иттилоъи манбаъ барои риоя накардани реҷаи ниқоббандӣ, бар асоси бандҳои Кодекси маъмурӣ нисбати ронандаҳо аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.

Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 дар шаҳри Хуҷанд, бо шурӯъ шудани таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои ҳудуди шаҳр, кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологиро барои баргузор кардани ин гуна рейдҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ муваззаф намудааст.

Ахиран вакилони парлумони Тоҷикистон  ба як қатор қонунҳо аз ҷумла ба Кодекси маъмурии кишвар тағйирот ворид намуданд, ки бар асоси он барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

291

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

3796
(Таҷдидшуда 12:51 19.09.2020)
Ба ҷузъ аз Тоҷикистону чанд давлати дигари Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия бо кишварҳои дигар парвозҳои чартериро бекор кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 21 - уми сентябр Русия тамоми парвозҳои чартериро бекор мекунад, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус.

Аммо Тоҷикистон ин навбат низ аз рӯйхати давлатҳое, ки минбаъд парвозҳо аз Русия ба он ҷо бидуни чартер роҳандозӣ мешаванд, боз канор монд.

Дақиқан маълум нест, ки аз кай равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бе парвозҳои чартерӣ барқарор мешавад.

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар  

Зимнан, давлати Русия боз бо чаҳор кишвари дигар, аз ҷумла Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистон иҷозати парвозҳои мустақим дод. 

Ҳамчунин, сар аз 27 - уми сентябр, парвозҳо аз Русия самти Кореяи Ҷанубӣ амалӣ мешаванд. Ин парвозҳо ҳафтае як маротиба сурат мегиранд.

Ҳар рӯз 3-4 парвоз: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Таассуфовар он аст, ки аз барқарор шудани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон хабаре нест. Бар тибқи баъзе маълумотҳо, эҳтимол равобити ҳавоӣ миёни ин ду кишвар моҳи оянда барқарор шавад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

3796
Барчаспҳо:
барқарор кардан, парвозҳо, Тоҷикистон, Русия
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Маскав оғози парвозҳо ба Душанбе аз моҳи октябрро баррасӣ дорад-расонаҳо

5291
(Таҷдидшуда 14:23 15.09.2020)
Русия аз сар гирифтани парвозҳо ба пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи октябрро баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Маскав масъалаи оғози парвозҳо бо пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ дорад, хабар дод “Интерфакс” аз қавли манобеи огоҳаш.

Дар назар аст, ки парвозҳо моҳи октябр аз сар гирифта шаванд.

“Дар навбати аввал низоми оғози парвозҳо дар моҳи октябр бо пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дорад. Феълан сухан дар бораи оғози парвозҳо ба Нур-Султон, Тошканд, Баку, Ераван, Душанбе ва ғайра меравад”, - изҳор дошт манбаъ.

Интизор меравад, нахустин парвозҳо аз Маскав ба Минск оғоз мешаванд.

Мусоҳиби хабаргузорӣ таъкид намудааст, ки санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

5291
Барчаспҳо:
ИДМ, Русия
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархур: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

0
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзӣ амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар сини 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас пас аз ин дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи аспарварӣ ва варзиш аспи Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

0
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон