В салоне нового троллейбуса

Душанбе: хатсайри троллейбусии №12 барқарор шуд

264
(Таҷдидшуда 11:42 26.08.2020)
Аз  10 апрели соли 2019 инҷониб  бинобар анҷоми корҳои таъмирӣ, ҳаракати троллейбусҳо дар хатсайри №12 муваққатан қатъ гардида буд

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Аз имрӯз, 26 август баъд аз ба истифода додани роҳи сесатҳа (эстакада) дар буриши ҳалқаи хиёбони Исмоили Сомонӣ бо хиёбони Абуалӣ ибни Сино хатсайри троллейбусии №12 (Маркази савдои “Тоҷикистон (ЦУМ)-маҳаллаи Гулбутта) ба фаъолият оғоз менамояд.

Эстакадаи нав дар Душанбе ифтитоҳ ёфт: Раҳмон лентаашро бурид - аксҳо

Дар ин бора АМИТ ""аХоварз бо такя ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҳаракати троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои И. Сомонӣ, А. Сино, С. Шерозӣ ва Н. Қарабоеви шаҳр  ба роҳ монда мешавад.Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии троллейбусҳо истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ роҳандозӣ мешавад",- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 апрели соли 2019 то инҷониб  бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмирию навсозӣ дар хиёбони С. Шерозии шаҳри Душанбе  ва сохтмони роҳҳи сесатҳа дар  дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А.Сино фаъолияти   троллейбусҳо дар хатсайри №12 муваққатан қатъ гардида буданд.

Рӯзи 10 июл, дар ноҳияи Синои пойтахт эстакадаи навро ифтитоҳ карданд. Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 оғоз гардида буд.

Ин чорроҳа аз 3 сатҳ, роҳи давродаврӣ иборат мебошад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 123 метр ва паҳноии 25 метр мегузарад.

Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.

264
Барчаспҳо:
хатсайр, ҳаракат, троллейбусҳои нав, Душанбе
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

382
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

382
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон
Автобусы AKIA AVESTO производимые в Таджикистане

Тоҷикистон тавони истеҳсоли автобусҳои “Акиа” бидуни муҳаррикҳои олмонӣ надорад

259
(Таҷдидшуда 12:17 28.09.2020)
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон тасмим дорад 9 автобуси 8-метраро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш барорад

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Ба нақл аз АМИТ “Ховар” ширкати “Мерседес Бенс” эълон кардааст, ки  баъд аз ба эътидол даромдани вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон  ва пурра боз шудани марзҳо ба ширкати “Акиа” муҳаррики автобусҳои 8-метра равона хоҳад кард.

Гуфта шудааст, ки баъди равон кардани муҳаррикҳо корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон 9 автобуси 8-метраро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш мебарорад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст, ки  муҳаррики автобусҳо аз тарафи ширкати германии “Мерседес Бенс” аввал ба ширкати “Акиа”-и Туркия таҳвил дода шуда, сипас ба ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” равона хоҳад шуд.

Гуфта шудааст, ки корхонаи мазкур аз оғози фаъолият 300 автобус ва соли 2019 148 автобусро ба маблағи 141,7 млн. сомонӣ  ҷамъу васл намуда, ба фурӯш баровардааст. Дар айни замон нархи як адад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар 8 моҳи соли равон корхонаи ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор, ба маблағи 9,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда,    4 трактор ва 6  ядак ба Ӯзбекистон содирот намуд. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда ба кишварҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 трактор ва мошинолоти кишоварзӣ мебошад.

259
Барчаспҳо:
корхона, фурӯш, истеҳсол, автобус, Тоҷикистон