Наручники одетые на  женщину

Ҷазои ронандае, ки дар роҳҳои Хуҷанд намоишкорона қонуншиканӣ кард-видео

1876
(Таҷдидшуда 19:42 03.09.2020)
Маъмурини милиса шахсияти ронандаеро, ки намоишкорона дар роҳҳои марказии Хуҷанд қонуншиканӣ карду навораш ахиран ба интернет роҳ ёфт, муайян намудааст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бар асоси наворҳои нашршуда,  ронандаи қоидаситез намоишкорона ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада бо суръати баланд воситаи нақлиётро идора менамояд.

Муқобили ҳаракат пеши чашми пулис: баҳси қонуншикании “ҷавонони тиллоӣ” дар Хуҷанд-3 видео

ВУД мегӯяд, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки ронандаи мазкур Раҷабов Диёр Бойалиевич, сокини 26-солаи деҳаи Кӯлолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент мебошад.

Тафтиши навор: мошин аз худаш нест, ба Хуҷанд сайёҳат омадаанд-видео

“Тавре Раҷабов нишондод медиҳад ҳолати дар навор инъикосгардида санаи 18-уми сентябри соли 2019 тахминан соатҳои 23:00 ба вуқуъ пайваста, воситаи нақлиёти таҳти идораи ӯ қарордошта автомашинаи тамғаи “Ауди а-6” аст, ки ба рафиқи хориҷиаш тааллуқ дорад ва он замон онҳо барои саёҳат ба шаҳри Хуҷанд омада буданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид кардааст, ки Диёр Раҷабов барои қоидавайронкунӣ бо қарори суд ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз маҳкум шудааст.

1876
Барчаспҳо:
боздошт, садама, Тоҷикистон

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

4543
(Таҷдидшуда 12:51 19.09.2020)
Ба ҷузъ аз Тоҷикистону чанд давлати дигари Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия бо кишварҳои дигар парвозҳои чартериро бекор кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 21 - уми сентябр Русия тамоми парвозҳои чартериро бекор мекунад, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус.

Аммо Тоҷикистон ин навбат низ аз рӯйхати давлатҳое, ки минбаъд парвозҳо аз Русия ба он ҷо бидуни чартер роҳандозӣ мешаванд, боз канор монд.

Дақиқан маълум нест, ки аз кай равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бе парвозҳои чартерӣ барқарор мешавад.

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар  

Зимнан, давлати Русия боз бо чаҳор кишвари дигар, аз ҷумла Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистон иҷозати парвозҳои мустақим дод. 

Ҳамчунин, сар аз 27 - уми сентябр, парвозҳо аз Русия самти Кореяи Ҷанубӣ амалӣ мешаванд. Ин парвозҳо ҳафтае як маротиба сурат мегиранд.

Ҳар рӯз 3-4 парвоз: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Таассуфовар он аст, ки аз барқарор шудани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон хабаре нест. Бар тибқи баъзе маълумотҳо, эҳтимол равобити ҳавоӣ миёни ин ду кишвар моҳи оянда барқарор шавад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

4543
Барчаспҳо:
барқарор кардан, парвозҳо, Тоҷикистон, Русия
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Маскав оғози парвозҳо ба Душанбе аз моҳи октябрро баррасӣ дорад-расонаҳо

5435
(Таҷдидшуда 14:23 15.09.2020)
Русия аз сар гирифтани парвозҳо ба пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи октябрро баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Маскав масъалаи оғози парвозҳо бо пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ дорад, хабар дод “Интерфакс” аз қавли манобеи огоҳаш.

Дар назар аст, ки парвозҳо моҳи октябр аз сар гирифта шаванд.

“Дар навбати аввал низоми оғози парвозҳо дар моҳи октябр бо пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дорад. Феълан сухан дар бораи оғози парвозҳо ба Нур-Султон, Тошканд, Баку, Ераван, Душанбе ва ғайра меравад”, - изҳор дошт манбаъ.

Интизор меравад, нахустин парвозҳо аз Маскав ба Минск оғоз мешаванд.

Мусоҳиби хабаргузорӣ таъкид намудааст, ки санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

5435
Барчаспҳо:
ИДМ, Русия

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

0
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия