Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Тоҷикистону Туркия парвозҳоро барқарор мекунанд

396
(Таҷдидшуда 14:11 02.10.2020)
Ширкати Turkish Airlines ва "Сомон Эйр" аз ҳафтаи оянда парвозҳои миёни Душанбе ва Истамбулро аз сар мегиранд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тоҷикистону Туркия аз ҳафтаи оянда парвозҳоро барқарор мекунанд, хабар медиҳад Ожонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон.

Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои Turkish Airlines ва "Сомон Эйр" анҷом дода мешавад.

Дар назар аст, ки ҳафтае ду маротиба парвоз анҷом дода шавад. Turkish Airlines парвози самти Истамбул - Душанбе - Истамбулро рӯзҳои душанбе ва ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" - самти Душанбе - Истамбул - Душанбе рӯзҳои панҷшанбе парвоз анҷом хоҳанд дод.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон 20 марти соли равон парвозҳои байналмилалиро қатъ ва марзҳояшро ба рӯи дигар кишварҳо баста буд. Бархе аз шаҳрвандони кишвар дар ҳар мамолики хориҷ дармонданд. Баъдтар барои бозгардонии шаҳрвандон парвозҳои чартерӣ ба роҳ монда шуданд.

Қазоқистон марзкушоиро ба рӯи дигар кишварҳо қатъ мекунад

Аз 21 июл Тоҷикистон парвозҳои Душанбе-Дубай-Душанберо аз сар гирифт. Парвоз бо шаҳри Дубай як маротиба дар як ҳафта аз ҷониби ширкатҳои Fly Dubai ва "Сомон Эйр"анҷом дода мешавад.

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

Феълан барои барқарор кардани парвозҳо бо ҳукумати Русия ва Ӯзбекистон гуфтушунид анҷом дода мешавад.

396
Барчаспҳо:
барқарорӣ, парвоз, Туркия, Тоҷикистон
Машина милиции в Душанбе, архивное фото

Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: ҳаракати нақлиёт дар кадом кӯчаҳо маҳдуд мешавад?

584
(Таҷдидшуда 10:55 15.10.2020)
 Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон аз ташрифи меҳмонони олимақом ба вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ки ба ин муносибат тайи се рӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар якчанд роҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ маҳдуд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Бино ба эълони БДА-и Суғд, ки дар ихтиёри расонаҳои хабарӣ қарор дода шудааст, шурӯъ аз имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар соатҳои зарурӣ  маҳдуд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи “Ғафуров - Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин то чорроҳаи Шарқ, кӯчаи Сирдарёи маҳаллаи Чашма, давраи Ором ва роҳи автомобилгарди “Палос - Сомғор” то шаҳри Гулистон манъ мешавад.

БДА Суғд огоҳ намудааст, ки дар ду рӯзи оянда, ҳаракати воситаи нақлиёт дар кадом роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳдуд карда мешавад.

“Санаи 16 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ва бозгашт ба ҳамин роҳ то шаҳри Гулистон ва санаи 17 октябр дар роҳи автомобилгарди Ғафуров - Қаҳрамон - Пунғоз , кӯчаҳои деҳаи Сомғори ҷамоати деҳоти Исмоил то Боғи миллӣ ва бозгашт тавассути кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров” ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон маҳдуд мешавад”, омадааст дар хабари БДА.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Бо ироаи ин эълон, Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, сардори БДА Суғд аз ронандагон даъват кардааст, ки дар сурати баста шудани роҳ метавонанд аз тариқи кӯчаҳои ҳавшафати ин роҳҳо ҳаракат намоянд.

584
Транспорт в Душанбе

Вазорат мехоҳад ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона”-ро ба танзим дарорад

1299
(Таҷдидшуда 19:06 14.10.2020)
Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст, ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона” дар шаҳри Душанберо, ба танзим дарорад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, ин масъала дар як ҷаласаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бо иштироки вазир Азим Иброҳим, мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Гуфта шудааст, ки вазир ба масъулин дастур додааст “дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне “таксиҳои 5- сомонӣ”, ки мақомот онҳоро ғайриқонунӣ медонанд, дар шаҳр муайян карда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд”.

Вазир таъкид доштааст, ки “роҳеро бояд пайдо кард, ки бар зарари кор набошад”.

Дар ҳамин ҳол, вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст, ки дар робита ба супориши вазири нақлиёт масъулини соҳа аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД “Душанбе нақлиётхадамотрасон” гуруҳи корӣ ташкил кардаанд.

“Ин гуруҳ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рейдҳои муштарак гузаронида, бо ронандаҳои ин намуди таксиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир кардаанд”, - қайд кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, аллакай  6 ронандаи нақлиёти шахсӣ ихтиёран ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома, ба кор шуруъ кардаанд.  Аммо маълум нест, ки ронандаҳои таксиҳои “5-сомона” ба ин чӣ назар доранд ва ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ чӣ гуна шомил мегарданд?

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид доштааст, ки бархе аз ронандагони мошинҳои мусофирбари “Старекс” ва “Спринтер”-ҳо хабар доданд, ки гӯё барои шомил шудан ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ “шапка” яъне ришва додан зарур аст.

1299
Барчаспҳо:
такси, танзим, Вазорати нақлиёт, Душанбе, Тоҷикистон
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

26 соли зиндон барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео

0
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суманқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Рачабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда, бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Рачабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар , ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0