Авиатсияи Русия аз сабти номи ширкати нави ҳавопаймоии Тоҷикистон хабар дод

1320
(Таҷдидшуда 19:05 02.10.2020)
Бино бар хабари расмӣ аз Русия ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Русия хатсайрҳои ҷадид роҳандозӣ хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Ожонсии федеролии нақлиёти ҳавоии Русия аз сабти номи ширкати ҷадиди ҳавопаймоӣ - Fly Union хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ширкати ҳавопаймоӣ дар масири Қӯрғонтеппа (Бохтар) – Маскав, Қӯрғонтеппа (Бохтар) – Санкт-Петербург ва Қӯрғонтеппа (Бохтар) – Екатеринбург мусофиркашонӣ карда, бору бағоҷ ва почтаро интиқол хоҳад дод.

"Ин тартиби одиест, ки ҳамаи ширкатҳое, ки парвоз анҷом медиҳанд аз он мегузаранд. Таъинот барои барқарорсозӣ ва оғози парвозҳо асос нест", - гуфтанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз ширкати Авиатсияи Русия.

Тоҷикистону Туркия парвозҳоро барқарор мекунанд

Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоӣ дорои торнома мебошад, ки феълан фаъол нест.

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

Бино ба гузориши  Planespotters, ширкат танҳо дорои як ҳавопаймо мебошад, ки 32,2 сол дорад.

То ҳол дар бораи он, ки оё дар сурати барқарор шудани парвозҳои мустақим миёни Русия ва Тоҷикистон ин ширкат ба роҳ мебарояд ё не, маълумот нест.

1320
Барчаспҳо:
ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҳавопаймоӣ, ширкат, Тоҷикистон
Машина милиции в Душанбе, архивное фото

Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: ҳаракати нақлиёт дар кадом кӯчаҳо маҳдуд мешавад?

584
(Таҷдидшуда 10:55 15.10.2020)
 Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон аз ташрифи меҳмонони олимақом ба вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ки ба ин муносибат тайи се рӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар якчанд роҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ маҳдуд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Бино ба эълони БДА-и Суғд, ки дар ихтиёри расонаҳои хабарӣ қарор дода шудааст, шурӯъ аз имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар соатҳои зарурӣ  маҳдуд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи “Ғафуров - Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин то чорроҳаи Шарқ, кӯчаи Сирдарёи маҳаллаи Чашма, давраи Ором ва роҳи автомобилгарди “Палос - Сомғор” то шаҳри Гулистон манъ мешавад.

БДА Суғд огоҳ намудааст, ки дар ду рӯзи оянда, ҳаракати воситаи нақлиёт дар кадом роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳдуд карда мешавад.

“Санаи 16 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ва бозгашт ба ҳамин роҳ то шаҳри Гулистон ва санаи 17 октябр дар роҳи автомобилгарди Ғафуров - Қаҳрамон - Пунғоз , кӯчаҳои деҳаи Сомғори ҷамоати деҳоти Исмоил то Боғи миллӣ ва бозгашт тавассути кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров” ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон маҳдуд мешавад”, омадааст дар хабари БДА.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Бо ироаи ин эълон, Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, сардори БДА Суғд аз ронандагон даъват кардааст, ки дар сурати баста шудани роҳ метавонанд аз тариқи кӯчаҳои ҳавшафати ин роҳҳо ҳаракат намоянд.

584
Транспорт в Душанбе

Вазорат мехоҳад ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона”-ро ба танзим дарорад

1299
(Таҷдидшуда 19:06 14.10.2020)
Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст, ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона” дар шаҳри Душанберо, ба танзим дарорад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, ин масъала дар як ҷаласаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бо иштироки вазир Азим Иброҳим, мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Гуфта шудааст, ки вазир ба масъулин дастур додааст “дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне “таксиҳои 5- сомонӣ”, ки мақомот онҳоро ғайриқонунӣ медонанд, дар шаҳр муайян карда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд”.

Вазир таъкид доштааст, ки “роҳеро бояд пайдо кард, ки бар зарари кор набошад”.

Дар ҳамин ҳол, вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст, ки дар робита ба супориши вазири нақлиёт масъулини соҳа аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД “Душанбе нақлиётхадамотрасон” гуруҳи корӣ ташкил кардаанд.

“Ин гуруҳ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рейдҳои муштарак гузаронида, бо ронандаҳои ин намуди таксиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир кардаанд”, - қайд кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, аллакай  6 ронандаи нақлиёти шахсӣ ихтиёран ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома, ба кор шуруъ кардаанд.  Аммо маълум нест, ки ронандаҳои таксиҳои “5-сомона” ба ин чӣ назар доранд ва ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ чӣ гуна шомил мегарданд?

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид доштааст, ки бархе аз ронандагони мошинҳои мусофирбари “Старекс” ва “Спринтер”-ҳо хабар доданд, ки гӯё барои шомил шудан ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ “шапка” яъне ришва додан зарур аст.

1299
Барчаспҳо:
такси, танзим, Вазорати нақлиёт, Душанбе, Тоҷикистон
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Анжелика Шопп, роҳбари нави НамояндагииКБСС дар Тоҷикистон

Таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 20:59 19.10.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Манбаъ афзуд, рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

“Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва  барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ,  афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи хоса ба кӯмакҳои башардустона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.

Манбаъ афзуд, Анжелика Шопп миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстона баён намуд.

0
Барчаспҳо:
таъйин, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Тоҷикистон