Пассажиры на остановке

Дар Душанбе хатсайре, ки мусофири аз ҳад зиёд дорад, бо автобуси дуқабата таъмин шуд

802
Хатсайри рақами № 8 дар пойтахт аз ҳама беш мусофир дорад. Бинобар ин бо қарори шаҳрдори Душанбе, минбаъд тариқи ин хатсайр автобуси дуқабата ҳаракат мекунад

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, сар аз 2 октябри соли равон дар хатсайри № 8 - и пойтахт, автобусҳои дуқабата фаъол гардиданд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, ин хатсайр дар Душанбе сермусофиртарин ба ҳисоб меравад.

Пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусҳои мазкур тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст. Хатсайри мазкур аз Дарвозаи ғарбӣ оғоз гардида, тавассути кӯчаву хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, С.Айнӣ, А.Дониш, Мастонгулов  то Фурӯдгоҳи куҳна идома меёбад.

Дар шоҳроҳи "Душанбе-Тошканд" автобус бо 20 мусофир чаппа шуд

Гуфта мешавад, автобусҳои дуқабата дар Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии "AKIA AVESTO" истеҳсол шудаанд.

Автобусҳои "AKIA" дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз  дигар  автобусҳо бартарӣ доранд.

802
Барчаспҳо:
автобус, хатсайр, Душанбе
Машина милиции в Душанбе, архивное фото

Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: ҳаракати нақлиёт дар кадом кӯчаҳо маҳдуд мешавад?

584
(Таҷдидшуда 10:55 15.10.2020)
 Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон аз ташрифи меҳмонони олимақом ба вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ки ба ин муносибат тайи се рӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар якчанд роҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ маҳдуд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Бино ба эълони БДА-и Суғд, ки дар ихтиёри расонаҳои хабарӣ қарор дода шудааст, шурӯъ аз имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар соатҳои зарурӣ  маҳдуд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи “Ғафуров - Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин то чорроҳаи Шарқ, кӯчаи Сирдарёи маҳаллаи Чашма, давраи Ором ва роҳи автомобилгарди “Палос - Сомғор” то шаҳри Гулистон манъ мешавад.

БДА Суғд огоҳ намудааст, ки дар ду рӯзи оянда, ҳаракати воситаи нақлиёт дар кадом роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳдуд карда мешавад.

“Санаи 16 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ва бозгашт ба ҳамин роҳ то шаҳри Гулистон ва санаи 17 октябр дар роҳи автомобилгарди Ғафуров - Қаҳрамон - Пунғоз , кӯчаҳои деҳаи Сомғори ҷамоати деҳоти Исмоил то Боғи миллӣ ва бозгашт тавассути кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров” ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон маҳдуд мешавад”, омадааст дар хабари БДА.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Бо ироаи ин эълон, Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, сардори БДА Суғд аз ронандагон даъват кардааст, ки дар сурати баста шудани роҳ метавонанд аз тариқи кӯчаҳои ҳавшафати ин роҳҳо ҳаракат намоянд.

584
Транспорт в Душанбе

Вазорат мехоҳад ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона”-ро ба танзим дарорад

1299
(Таҷдидшуда 19:06 14.10.2020)
Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст, ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона” дар шаҳри Душанберо, ба танзим дарорад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, ин масъала дар як ҷаласаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бо иштироки вазир Азим Иброҳим, мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Гуфта шудааст, ки вазир ба масъулин дастур додааст “дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне “таксиҳои 5- сомонӣ”, ки мақомот онҳоро ғайриқонунӣ медонанд, дар шаҳр муайян карда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд”.

Вазир таъкид доштааст, ки “роҳеро бояд пайдо кард, ки бар зарари кор набошад”.

Дар ҳамин ҳол, вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст, ки дар робита ба супориши вазири нақлиёт масъулини соҳа аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД “Душанбе нақлиётхадамотрасон” гуруҳи корӣ ташкил кардаанд.

“Ин гуруҳ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рейдҳои муштарак гузаронида, бо ронандаҳои ин намуди таксиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир кардаанд”, - қайд кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, аллакай  6 ронандаи нақлиёти шахсӣ ихтиёран ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома, ба кор шуруъ кардаанд.  Аммо маълум нест, ки ронандаҳои таксиҳои “5-сомона” ба ин чӣ назар доранд ва ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ чӣ гуна шомил мегарданд?

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид доштааст, ки бархе аз ронандагони мошинҳои мусофирбари “Старекс” ва “Спринтер”-ҳо хабар доданд, ки гӯё барои шомил шудан ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ “шапка” яъне ришва додан зарур аст.

1299
Барчаспҳо:
такси, танзим, Вазорати нақлиёт, Душанбе, Тоҷикистон
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

0
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0