Рейдҳо алайҳи "таксиҳои 5- сомонӣ": вазир гуфт, роҳе бояд ҷуст, бар зарари кор набошад

© Sputnik / Стас ЭтвешСотрудник милиции в Таджикистане
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба тобеинаш дастур додааст, ки масъалаи ба истилоҳ таксиҳои “5 – сомона”-ро ҳал намоянд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар, Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ ба масъулин дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне "таксиҳои 5- сомонӣ" ро дар шаҳр муайян намоянд.

Пассажиры на остановке - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе хатсайре, ки мусофири аз ҳад зиёд дорад, бо автобуси дуқабата таъмин шуд

Вазир ҳамзамон ба кормандонаш гуфтааст, ки роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд ва роҳеро бояд дарёфт кард, ки бар зарари кор набошад.

“Масъулини соҳа дар робита ба ин супориш гуруҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, БДА, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД “Душанбе нақлиётхадамотрасон” ташкил намуда, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рейдиҳои муштарак ташкил ва бо ронандаҳои ин намуди нақлиёт суҳбатҳо гузаронданд”.

Гуфта мешавад, аллакай пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ 6 нафар ронанда худихтиёрӣ ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома фаъолият мекунанд. Корҳои тарғиботиву таҳлилӣ дар ин мавзӯъ идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0