Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Қазоқистон парвозҳоро бо чор кишвар коҳиш медиҳад

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкПрилёт в Уфу Президента Республики Казахстан Нурсултана Назарбаева
Прилёт в Уфу Президента Республики Казахстан Нурсултана Назарбаева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита бо бад шудани вазъияти ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, Қазоқистон масъалаи кам кардани парвозҳо бо чор кишварро баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Қазоқистон нақша дорад парвозҳо бо Украина, АМА, Олмон ва Белорусро дар робита ба бад шудани вазъияти ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, коҳиш диҳад, хабар медиҳад, сарпизишки кишвар Ирлан Киясов.

"Бо дарназардошти вазъи номусоиди ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар сарҳад ва пешгирии паҳншавии сироят, ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар Қазоқистон, масъалаи тақвияти чораҳо дар марз, аз ҷумла коҳиш додани парвозҳо бо Украина, Аморати Муттаҳидаи Араб, Олмон ва Белорусро дар миён гузошт ", - гуфт Киясов.

Дар Қазоқистон дар давоми шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии маризон ба 108 984, нафар баробар шуд.

Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Рӯ ба коҳиш ниҳод: омори тозаи сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Теъдоди фавтидагон дар ин кишвар ба  1776 расид.

Дубора мубталои коронавирус шуд ва фавтид: ин ҳолат то ҳол ягона дар ҷаҳон аст

Бино бар омори охир, аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Қазоқистон беш аз 104 ҳазор кас ин вабои асрро ба хубӣ пушти сар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0