Транспорт в Душанбе

Вазорат мехоҳад ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона”-ро ба танзим дарорад

1299
(Таҷдидшуда 19:06 14.10.2020)
Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст, ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона” дар шаҳри Душанберо, ба танзим дарорад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”, ин масъала дар як ҷаласаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бо иштироки вазир Азим Иброҳим, мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Гуфта шудааст, ки вазир ба масъулин дастур додааст “дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне “таксиҳои 5- сомонӣ”, ки мақомот онҳоро ғайриқонунӣ медонанд, дар шаҳр муайян карда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд”.

Вазир таъкид доштааст, ки “роҳеро бояд пайдо кард, ки бар зарари кор набошад”.

Дар ҳамин ҳол, вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст, ки дар робита ба супориши вазири нақлиёт масъулини соҳа аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД “Душанбе нақлиётхадамотрасон” гуруҳи корӣ ташкил кардаанд.

“Ин гуруҳ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рейдҳои муштарак гузаронида, бо ронандаҳои ин намуди таксиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир кардаанд”, - қайд кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, аллакай  6 ронандаи нақлиёти шахсӣ ихтиёран ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома, ба кор шуруъ кардаанд.  Аммо маълум нест, ки ронандаҳои таксиҳои “5-сомона” ба ин чӣ назар доранд ва ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ чӣ гуна шомил мегарданд?

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид доштааст, ки бархе аз ронандагони мошинҳои мусофирбари “Старекс” ва “Спринтер”-ҳо хабар доданд, ки гӯё барои шомил шудан ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ “шапка” яъне ришва додан зарур аст.

1299
Барчаспҳо:
такси, танзим, Вазорати нақлиёт, Душанбе, Тоҷикистон

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

675
(Таҷдидшуда 17:37 21.10.2020)
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии "Муоинаи техникӣ" идома дорад. Пулиси Тоҷикистон дар масирҳо воситаҳои нақлиётро манъ намуда, муоинаи техникиро мавриди санҷиш қарор медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 20 октябр амалиёти навбатии "Муоинаи техникӣ" оғоз ёфта, то 30 октябр тӯл мекашад, хабар медиҳад котиботи Бозрасӣ давлатии автомобилии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз гузаронидани амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникии худравҳо арзёбӣ мешаваад.

Гузашта аз ин, пулиси роҳ бо пиёда намудани ин амалиёт шумораи дақиқи воситаҳои нақлиётро муайян намуда, раванди супоридани маблағи андозро назорат мекунад.

Пулиси Душанбе 1,5 ҳазор нафарро барои нақзи қавонини роҳ 6 сомониву 88 дирам ҷарима баст

Ҳамчунин, воситаҳои нақлиёти боркаш ва дигар намуди воситаҳои нақлиётро бо омода намудани муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ҷалб мекунад.

Зимнан, Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки воситаҳои нақлиётро дар ҳолати дурусти техникӣ нигоҳ дошта, сари вақт ба муоинаи техникӣ пешниҳод намоянд.

675
Барчаспҳо:
тафтиш, пулис, мошин, роҳ
Машина милиции в Душанбе, архивное фото

Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: ҳаракати нақлиёт дар кадом кӯчаҳо маҳдуд мешавад?

588
(Таҷдидшуда 10:55 15.10.2020)
 Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон аз ташрифи меҳмонони олимақом ба вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ки ба ин муносибат тайи се рӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар якчанд роҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ маҳдуд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Бино ба эълони БДА-и Суғд, ки дар ихтиёри расонаҳои хабарӣ қарор дода шудааст, шурӯъ аз имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар соатҳои зарурӣ  маҳдуд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи “Ғафуров - Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин то чорроҳаи Шарқ, кӯчаи Сирдарёи маҳаллаи Чашма, давраи Ором ва роҳи автомобилгарди “Палос - Сомғор” то шаҳри Гулистон манъ мешавад.

БДА Суғд огоҳ намудааст, ки дар ду рӯзи оянда, ҳаракати воситаи нақлиёт дар кадом роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳдуд карда мешавад.

“Санаи 16 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд”, кӯчаи И. Сомонӣ то Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ва бозгашт ба ҳамин роҳ то шаҳри Гулистон ва санаи 17 октябр дар роҳи автомобилгарди Ғафуров - Қаҳрамон - Пунғоз , кӯчаҳои деҳаи Сомғори ҷамоати деҳоти Исмоил то Боғи миллӣ ва бозгашт тавассути кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров” ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон маҳдуд мешавад”, омадааст дар хабари БДА.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Бо ироаи ин эълон, Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, сардори БДА Суғд аз ронандагон даъват кардааст, ки дар сурати баста шудани роҳ метавонанд аз тариқи кӯчаҳои ҳавшафати ин роҳҳо ҳаракат намоянд.

588
Эмомали Рахмон в Мекке, архивное фото

Раҳмон ва Абдулқодирзода дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё

160
(Таҷдидшуда 10:55 27.10.2020)
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2021” шомил кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Рейтинги таъсирузортарин мусалмонони ҷаҳон, рӯзи гузашта нашр шуд, ки раисиҷумҳури кишвар бори шашум шомили он гаштааст.

Исми Эмомалӣ раҳмон аз соли 2012 ва номи Саидмукаррам Абдулқодирзода бошад аз соли 2015 ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.

Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 39-ум мақом гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV беш 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.

Ба панҷгонаи аввал щамзамон шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, ки яке аз олимони машҳури ислом мебошад, шомил шудаанд.

Ба TOP-50 инчунин сарвазири Покистон Имрон Хон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, футболбози мисрии клуби англисии Ливерпул Муҳаммад Салоҳ ва ҳамзамон размикори шинохтаи доғистони Ҳабиб Нурмуҳаммадов шомил шудаанд .

Фардо дер мешавад: 5 пешниҳоди Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

Дар ин рӯйхат инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон ворид шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.

160