Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

762
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҷадвали нави парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба шаҳри Душанберо нашр кард

ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Вазорати умури хориҷӣ таъкид кардааст, ки аз 7 то 30 ноябри 2020 ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои иловагии чартериро анҷом медиҳад.

Таъкид шудааст, ки парвозҳо бо мурури мувофиқа бо ҷониби Русия анҷом дода мешаванд.

Вазорат хотиррасон кардааст, шаҳрвандоне, ки ба Ватан бармегарданд бояд бо худ маълумотнома дар бораи сиҳатӣ аз COVID-19 дошта бошанд, ки на дертар аз 96 соат пеш аз омадан ба Тоҷикистон дода шудааст. Кӯдакони то сесола аз пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ озоданд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки аз 7 ноябр то охири моҳ анҷоми 112 парвози чартерӣ дар назар аст.

  • - 7 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 7 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 7 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 8 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 8 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 8 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 8 ноябр, Екатеринбург-Душанбе;
  • - 8 ноябр, Красноярск-Душанбе;
  • - 9 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 9 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 9 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 9 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 9 ноябр, Уфа-Душанбе;
  • - 10 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 10 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 10 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 10 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 11 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 11 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 11 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 11 ноябр, Екатеринбург-Душанбе;
  • - 11 ноябр, Новосибирск-Душанбе;
  • - 12 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 12 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 12 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 12 ноябр, Сургут-Душанбе;
  • - 13 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 13 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 13 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 13 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 14 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 14 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 14 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 14 ноябр, Красноярск-Душанбе;
  • - 15 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 15 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 15 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 15 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 15 ноябр, Казан-Душанбе;
  • - 15 ноябр, Екатеринбург-Душанбе;
  • - 16 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 16 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 16 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 16 ноябр, Краснодар-Душанбе;
  • - 16 ноябр, Иркутск-Душанбе;
  • - 17 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 17 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 17 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 17 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 18 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 18 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 18 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 18 ноябр, Казан-Душанбе;
  • - 18 ноябр, Новосибирск-Душанбе;
  • - 19 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 19 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 19 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 19 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 19 ноябр, Сургут-Душанбе;
  • - 20 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 20 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 20 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 20 ноябр, Казан-Душанбе;
  • - 21 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 21 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 21 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 21 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 21 ноябр, Краснодар-Душанбе;
  • - 22 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 22 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 22 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 22 ноябр, Екатеринбург-Душанбе;
  • - 22 ноябр, Красноярск-Душанбе;
  • - 23 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 23 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 23 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 23 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 23 ноябр, Уфа-Душанбе;
  • - 24 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 24 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 24 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 24 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 25 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 25 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 25 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 25 ноябр, Екатеринбург-Душанбе;
  • - 25 ноябр, Новосибирск-Душанбе;
  • - 25 ноябр, Казан-Душанбе;
  • - 26 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 26 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 26 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 26 ноябр, Сургут-Душанбе;
  • - 27 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 27 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 27 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 27 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 28 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 28 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 28 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 28 ноябр, Казан-Душанбе;
  • - 29 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 29 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 29 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 29 ноябр, Уфа-Душанбе;
  • - 29 ноябр, Екатеринбург-Душанбе;
  • - 29 ноябр, Красноярск-Душанбе;
  • - 30 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 30 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 30 ноябр, Маскав-Душанбе;
  • - 30 ноябр, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 30 ноябр, Краснодар-Душанбе;
  • - 30 ноябр, Иркутск-Душанбе;
762
Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане

Ҳушдори БДА ба ронандагон: дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ ва Кӯлоб - Хоруғ боэҳтиёт бошед

275
(Таҷдидшуда 13:09 19.11.2020)
Ба ронандагон хушдор дода мешавад, ки ҳангоми борону барф аз таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳатман риоя намоянд.

БДА мегӯяд, ҳангоми бориши борон ва барф ронандагон бояд дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдат-Рашт-Лахш, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Лабиҷар-Сангвор-Қалаи Хумб, Айнӣ-Панҷакент боэҳтиёт бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Акбар Қурбонзода хабар медиҳад.

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

Полковник сабаби сар садани садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо шарҳ дод.

"Баъзе ронандагони мошинҳо дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ барои сарфа намудани сӯзишворӣ ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузошта, бо муҳаррики хомӯшкардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии ба муҳаррик пайвастнашуда ҳаракат менамоянд, ки ин сабаби сар задани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мегардад”-, изҳор медорад А.Қурбонзода.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ба таври нокифоя дида шудани роҳ дар гардишҳои хатарнок, дар охири баландии роҳ (кӯтал) ва дигар минтақаҳои дидашавандагияшон муҳдуди роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, махсусан пулҳо ва нақбҳо сабқат ва таваққуф нанамоянд.

Ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш, ки вазни ниҳоии ҷоизаш зиёда аз 3,5 тонна мебошад, ба монанди трактор ва автобусҳо ҳангоми бозистӣ ва таваққуф дар баландии роҳ (кӯтал) ва нишебиҳои роҳҳои кӯҳӣ аз воситаҳои зидди ғелиш (танбаҳо) истифода баранд.

Ҳамчунин дар вақти бориши борон ва барф ба ронандагон иловатан хушдор дода мешавад, ки  таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд.

275
Барчаспҳо:
ҳушдор, барф, БДА, Тоҷикистон
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

441
(Таҷдидшуда 19:55 10.11.2020)
Хуҷанд пас аз Душанбе дуввумин шаҳри Тоҷикистон шуд, ки пардохти роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ тавасути корти электронӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар автобусҳои Хуҷанд системаи пардохти ғайринақдии City Card роҳандозӣ карда шуд, менависад сомонаи "SugdNews".

Ба иттилои манбаъ, кортҳои электронӣ арзишашон 10 сомонӣ буда, онро метавон дар 74 терминалҳои дар саросари шаҳр ҷойгирбуда харидорӣ кард.

Гуфта мешавад, дар суратҳисоби корти харидашуда 6 сомонӣ боқӣ хоҳад монд, ки мусофирон онро метавонанд барои пардохти роҳкиро истифода хоҳанд кард.

Манбаъ мегӯяд, ин ташаббус дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд" оғоз шудааст. 

Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи амалисозии барнома, Абдуҷалил Бободҷонов, системаи City Card дар тамоми ҷаҳон маъмул аст ва ба талаботи ҳаёти муосир  ҷавобгӯ мебошад.

"Пардохт дар тӯли чанд сония гузаронида мешавад ва ҳеҷ гуна нороҳатӣ эҷод намекунад. Ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд вақти зиёдро талаб мекунад: пулчинакҳоро зарур меоядҳаммаи мусофиронро гузаранд ва барои баргардонидани бақия боз майдапул кобанд ", - гуфт Бобоҷонов.

Дар баробари ин, сокинони шаҳр ҳанӯз ҳам имкон доранд, ки пули роҳкироро нақдӣ пардохт кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан системаи ғайринақдии пардохт тавассутиCity Card дар Душанбе пайдо шуда буд.

Ҳамин тариқ, Хуҷанд дуввумин шаҳр дар Тоҷикистон шуд, ки системаи навро ҷорӣ кард.

 

441
Барчаспҳо:
пардохти ғайринақдӣ, маблағ, пардохт, нақлиёт, Хуҷанд, Тоҷикистон
День 25 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:29 24.11.2020)
Рӯзи бисту панҷуми ноябр аз Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Сли 2014 Президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

 

Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото
© Sputnik
Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото

 

Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1867  Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.

 

Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото
© AFP 2020 / JONATHAN NACKSTRAND
Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото

 

Соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.

Соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бўстонсароии шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

 

© Sputnik / Алексей Никольский
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

 

Ссоли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" ба имзо расида буданд.

Сли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро муҳокима намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
  • Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Солҳои 1887-1943 генетики рус, ботаник ва географи Тоҷикистон Николай Вавилов.

Солҳои 1934-1984  композитор Дости Орзуев.

Солҳои 1938-2007 ходими нишондодаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон