Дорога с машинами в Душанбе

Эълони роҳбандӣ дар Душанбе

659
(Таҷдидшуда 19:07 09.12.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо нашри як эълон хабар додааст, ки ҳаракати мошинҳо дар маркази пойтахт маҳдуд мешавад

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, рӯзи 11 декабри соли 2020 аз соати 5:00 то 10:00 дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки ҳаракати мошинҳо аз қитъаи буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ бо хиёбони ба номи Абӯалӣ ибни Сино то буриш бо хиёбони Абӯабдуллоҳои Рӯдакӣ манъ хоҳад.

“Пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад”: эълони IRS дар бораи роҳбандӣ ва “иддаои баъзеҳо”

Шаҳрдорӣ далели маҳдидияти панҷсоатӣ дар яке аз хиёбонҳои марказии пойтахтро ба гузаронидани чорабиниҳо рабт додааст. Аммо мақомот мушаххас нагуфтаанд, ки кадом чорабиниҳо дар ин ҷо гузаронда мешаванд.

Ҳукумати Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки дар давраи амали маҳдудият дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат истифода баранд.

659
Барчаспҳо:
роҳбандӣ, мошин, Тоҷикистон
Самолет, на фоне заката

Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро сар кард

351
(Таҷдидшуда 16:17 20.01.2021)
Парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи чоршанбе сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Uzbekistan Airways парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро аз сар гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд имрӯз, 20 январ пас аз танаффусе, ки аз баҳор ба ин сӯ ба далели пандемияи коронаиврус идома кард, сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, дар оянда парвозҳо рӯзи чоршанбе тибқи ҷадвал сурат мегиранд.

Ҳавопаймо аз Тошканд соати 8-и субҳи ба вақти маҳаллӣ парида, пас аз як соат дар пойтахти Тоҷикистон фуруд омад.

Бозгашти ҳавопаймо аз Душанбе соати 11 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, соати 12-и нисфирӯзӣ вориди Тошканд мешавад.

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиёти мусофирбарро бо кишварҳои дигар қатъ кард.

Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси содиротӣ ба ватанашон ташкил карда шуд.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ сурат гирифт.

Қаблан, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" низ парвозҳо дар масири Душанбе - Тошкандро ҳар ҳафта - рӯзҳои ҷумъа анҷом медиҳад.

351
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, парвозҳо, Тоҷикистон
Ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ

Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

181
(Таҷдидшуда 17:06 19.01.2021)
Соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ ҳудуди 60% коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки шумораи мусофирони ҳавоӣ дар дохили кишварҳо соли 2020 ҳудуди 50%  ва дар масирҳои байналмилалӣ - 74% коҳиш ёфтааст.

Хабаргузории “Ховар” аз қавли ин ниҳод афзудааст, ки соли 2020 ҳудуди 1,8 миллиард одамон парвоз кардаанд ва соли 2019 теъдоди онҳо 4,5 миллиардро ташкил дода буд.

Зикр шудааст, ки аз моҳи январи соли 2020 тадриҷан рӯйхати давлатҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ мекарданд васеъ шуд ва моҳи март ҳаракати мусофирони ҳавоӣ тақрибан қатъ гардид. То моҳи апрел шумораи умумии мусофирони ҳавоӣ дар муқоиса бо сатҳи 2019 то 92% коҳиш ёфт.

Созмони ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ таъкид кардааст, ки соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ 370 миллиард доллар фоидаро аз даст доданд.

“Фурудгоҳҳои байналмилалӣ тақрибан ба маблағи 115 миллиард доллар ва хадамоти аэронавигатсия -13 миллиард доллар зарар диданд”, - омадааст дар иттилоия.

Қаблан дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз кишварҳо даъват кардааст, ки барои дастгирии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ дар шароити пандемия тадбирҳои фаврӣ андешанд ва дар айни ҳол масъалаҳои тағйирёбии иқлимро низ фаромӯш накунанд.

181
Барчаспҳо:
зарар, парвоз, Ҷаҳон
Вакцина

Тасмими ширкатҳои эронӣ барои тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси корона

0
(Таҷдидшуда 15:15 21.01.2021)
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон гуфт, ки ин кишвар барномаи тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси коронаро дар ширкатҳои воксинасозии дохилӣ иҷро мекунад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik.  Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, барнома, Эрон