Дастури Мирзиёев барои паст кардани нархи чиптаҳои ҳавопаймо

365
(Таҷдидшуда 18:18 10.12.2020)
Президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев шартҳои асосии рушди соҳаи сайёҳӣ дар соли 2021 - ро ном бурд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Шавкат Мирзиёев кишвардори Ӯзбекистон дастур дод, то нархҳои чиптаҳои ширкати ҳавопаймоии миллӣ - Uzbekistan Airways паст карда шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Ӯ дар ҷаласаи видеоӣ бо мақомдорон рушди соҳаи сайёҳӣ дар шароитӣ ҳамагириро баррасӣ кард.

Президент нархҳои гарони ширкати ҳавопаймоии миллиро танқид кард ва супориш дод, то онҳо паст карда шаванд.

Ҳамчунин кишвардор пешниҳод кард, то низоми раводид барои он нафароне, ки зуд - зуд аз Ӯзбекистон боздид мекунанд, cодда карда шавад.

Ҳамин тавр, ниҳодҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки дар соли 2021 1,7 миллион сайёҳи хориҷиро ҷалб намуда, инчунин хидматрасониро дар ин соҳа ба 370 миллион доллар расонанд.

Ӯзбекистон парвозҳоро бо Аврупо ва дигар кишварҳо аз сар мегирад: рӯйхат

Барои ҳамоҳангсозии кор дар ин самт, тасмим гирифта шуд, ки як комиссияи байниидоравӣ таъсис дода шавад, ки бо ташкили парвозҳо, содда кардани гирифтани иҷозатномаҳо, васеъ кардани ҷуғрофияи парвозҳо ва беҳтар намудани хизматрасонии фурудгоҳҳо сарукор дорад, илова намуд хадамоти матбуот.

365
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, чипта, нархҳо, Шавкат Мирзиёев
Знак такси на автомобиле, архивное фото

Фиреби тоҷик аз ҷониби ҳамватан дар Маскав: 20 мошинашро гирифтаст

837
(Таҷдидшуда 12:35 27.02.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз фиреби як тоҷикистонӣ аз ҷониби ҳамватан дар шаҳри Маскав хабар додааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.

Мақомот мегӯянд, дастгиршуда соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Маскав қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ 20 адад автомашинаро гирифтааст.

Марди муттаҳам ваъда додааст, ки бо мошоинҳои мазкур дар шаҳри Маскав “Таксӣ Парк” мекушояд.

ВУД мегӯяд, дар асл марди 48-сола мошинҳои гирифтаашро ба қисмҳо ҷудо намуда, ба шахсони номаълум фурӯхтааст. Пули ба дастовардаро ба манфиати шахсияш истифода кардааст, тавзеҳ дод манбаъ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон арзиши умумии мошинҳои гирифташударо 7 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ арзёбӣ кардааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Назари бевоситаи айбдоршаванда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.

837
Барчаспҳо:
қаллобӣ, фиреб, Маскав, Тоҷикистон
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек

Cуҳбати Худоёрзода дар мақоми нав: бехатарӣ дар ҷои аввал меистад - видео

1172
(Таҷдидшуда 09:49 27.02.2021)
Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки ба мақоми мудири техникии ширкати роҳбони IRS таъйин шудааст, вазъият дар роҳи Душанбе – Чаноқро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Худоёр Худоёрзода мегӯяд, рӯзи гузашта аз километри 47 то 73-юм боришоти сахт ба амал омад ва барои бехатарӣ, ки дар ҷои аввал меистад, ҳаракат барои то 6 соат манъ карда шуд.

Ӯ афзуд, тамоми техникаи ширкат ба кор дароварда шуда, роҳ аз ҳар ду тараф тоза карда шуд ва феълан монеае мавҷуд надорад.

Вазири нақлиёт пулакӣ кардани роҳро муфид гуфт

Худоёрзода мушкили ҷиддиро дар он гуфт, ки бисёри ронандаҳои воситаҳои нақлиёт бидуни чархҳои зимистона ба роҳ мебароянд, ки ин мушкилӣ эҷод мекунад.  

Мудири техникии ширкат, ки сари роҳ суҳбат мекард, таъкид намуд, ки феълан роҳ аз ҳарду тараф тоза мебошад.

Худоёр Худоёрзода моҳи августи соли гузашта бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба нафақа фиристода шуд, дар ширкати роҳбони IRS вазифаи нав гирифт

Ин ширкат масъули нигоҳдории ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ Душанбе – Чаноқ мебошад.

1172
Барчаспҳо:
нақлиёт, роҳ, бехатарӣ, Тоҷикистон
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа дар роҳи самти Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав дар ҳудуди дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашина, Нормуъминов Камолиддин Ураловичи 34-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар болояш, Мадуллоев Аслами 76- сола, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур нишаста буд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, Мадуллоев А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки

Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак зери чархи 

“Лексус-450”-и Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳалок шуд.

0
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, пирамард, садама, Тоҷикистон