Новые автобусы в Душанбе

Бо муҳаррики "Мерседес Бенс": рӯнамоии автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе

710
(Таҷдидшуда 14:04 11.12.2020)
Дар Душанбе автобусҳо ва троллейбусҳои нав рӯнамоӣ шуд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуда ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ мутобиқ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik.  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе ширкат карданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи "AKIA ULTRA LE8" истеҳсоли корхонаи муштараки "Акиа Авесто Автоматив Индастри"-и Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кутоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.

Корхонаи муштараки "Акиа Авесто Автоматив Индастри" аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — "Акиа Ориё" оғоз намудааст.

"Автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии "Евро 5" истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати "Мерседес Бенс" ва ширкати олмонии "Zahnrad Fabrik" мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётии васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори урупоӣ ва туркӣ ворид карда мешавад.

Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва нардбон барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонад.

Эмомали Рахмону презентовали новые городские автобусы
Эмомали Рахмону презентовали новые городские автобусы

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Акиа Авесто Автоматив Индастри" ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи "Акиа"-ро истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.

Троллейбусҳо аз Белорус

Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат медароянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Белкоммунмаш" — и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.

Бино ба гузориш, ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.

"Дастакҳо ё худ шохаҳои ин навъи троллейбусҳо тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмачаи махсус боло ва поён карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Белорус дастрас карда мешавад ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи AKIA ULTRA LE8 омодаи кор мегардад.

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ронандагону масъулони ҷамъиятҳои мусофирбарӣ, ҷиҳати дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастуру маслиҳатҳои судманд дод.

710
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, рӯнамоӣ, Душанбе, троллейбусҳои нав, автобусҳо
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

484
(Таҷдидшуда 13:08 15.01.2021)
Парвози мустақим ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти COVID-19 парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор гардиданд.

Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.

Ба гуфти Икром Субҳонзода парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

"Тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд", - гуфт ӯ.

Мувофиқи қарори мазкур, ҳар ҳафта — рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр"  анҷом дода мешаванд.

Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода  зикр карда, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талаботи мавҷуда, кулли мусофирон бояд талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд.

"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ  аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, ки алҳол ҳамчунин дар хатсайри  Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр", "Turkish Airlines" ва "FlyDubai" парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.

484
Барчаспҳо:
барқароршавӣ, ҷадвали парвозҳо, парвозҳо, Тоҷикистон, Ӯзбекистон
В салоне нового троллейбуса

Дар Душанбе хатсайри нав ба роҳ монда мешавад: то фурудгоҳ

639
(Таҷдидшуда 12:49 14.01.2021)
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии рақами 2 ба фаъолият оғоз менамояд. Ин троллейбус мардумро то фурӯдгоҳ мебарад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Шурӯъ аз 18 январ дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии №2 ("Маҳаллаи Зарафшон — Фурудгоҳ")  ба фаъолият оғоз менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар хатсайри нав троллейбусҳо тавассути хиёбону кӯчаҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Рудакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт  ҳаракат менамоянд.

Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад

Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод мегардад.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо муҳаррики "Мерседес Бенс": рӯнамоии автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд.

639
Барчаспҳо:
хатсайр, троллейбусҳои нав, Душанбе

Русия бо 4 кишвари дигар парвозҳоро барқарор мекунад - бо Тоҷикистон чӣ?

0
Штаби оперативии мубориза бо коронавирус гуфтааст, Русия то охири моҳи январ бо кадом кишварҳо парвозҳоро барқарор мекунад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Русия қарор дод, ки бо чор кишвари дигар парвозҳои мунтазамро барқарор кунад, хабар медиҳад Штаби оперативии мубориза бо паҳншавии коронавируси кишвар.

Гуфта мешавад, аз 27-уми январ парвозҳо ба Финландия, Ветнам, Ҳиндустон ва Қатар барқарор хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр аз Маскав ба Ханой, Дели ва Хелсинки ҳафтае ду парвоз анҷом дода хоҳад шуд. Ба Доха, пойтахти Қатар аз Русия ҳафтае се маротиба парвоз анҷом дода мешавад.

Афзун бар ин хафтае ду парвози дигар ба хатсайри Санкт-Петербург — Хельсинки ба нақша гирифта шудааст.

Штаби мубориза бо коронавирус таъкид кардааст, ки шумораи парвозҳо ба самти Қоҳира то ҳафтае панҷ маротиба бештар карда мешаванд.

Штаб таъкид мекунад, ки пеш аз қабули қарор дар бораи ба роҳ мондани парвозҳои муқаррарӣ Русия ба чанд меъёр назар мекунад.

Аз ҷумла бояд шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус камтар аз 40 ҳолат ба сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ дар 14 рӯзи ахир бошад, афзоиши шабонарӯзии беморӣ, на бештар 1 дар садро ташкил диҳад ва коэффитсиенти паҳншавии коронаврус дар як ҳафта поёнтар аз воҳид бошад.

Парвозҳо дар масири Душанбе - Дубай афзун ёфтанд: кадом рӯзу соат

Русия дар ҳошияи пандемияи коронавирус дар охири моҳи марти соли 2020 тамоми парвозҳои байналмилалиро лағв кард. Истисно танҳо парвозҳои махсус, почта, санитарӣ ва бархе дигар хатсайрҳо буданд.

Аз моҳи августи парвозҳои ҳавоӣ  барқарор шуда истодаанд. То имрӯз сокинони Русия ба 15 кишвари дунё - Белорус, Миср, Қазоқистон, Куба, Қирғизистон, ИМА, Сербия, Туркия, Танзания, Швейсария, Ҳабашистон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон метавонанд парвоз кунанд.

Тоҷикистон феълан дар ин феҳраст нест ва мақомоти кишвар пештар гуфта буданд, ки дар ин бора гуфтушуниди миёни Русияву Тоҷикистон идома дорад.

0