Саҳни троллейбус, акс аз бойгонӣ

Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад

267
(Таҷдидшуда 22:19 11.12.2020)
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, аз 14 декабр дар пойтахт хатсайри троллейбуси №11, ки маҳаллаи 82 ва Боғи ба номи Садриддин Айниро мепайвандад, фаъол мешавад

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ҳаракат менамоянд.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз сокинон ва меҳмонони пойтахт  эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайри мазкур низ тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад", - хабар дод "Ховар" аз қавли шаҳрдорӣ.

Хабари фаъолшавии хатсайри нав дар ҳолест, ки имрӯз дар пойтахт муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав баргузор гардид.

Ба иттилои расмӣ, троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат медароянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Белкоммунмаш" - и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.

Бо муҳаррики "Мерседес Бенс": рӯнамоии автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе

Бино ба гузориш, ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.

267
Барчаспҳо:
хатсайр, Душанбе, Тоҷикистон
Самолет, на фоне заката

Эмомалӣ Раҳмон аз барқароршавии парвозҳо гуфт

2252
(Таҷдидшуда 14:36 26.01.2021)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии мамлакат барои бозкушоии парвозҳо бо кишварҳои хориҷ эълон кард

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паёми худ ба парлумони кишвар изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.

Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.

Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад.

2252
Барчаспҳо:
барқарорӣ, Русия, парвозҳо, Эмомалӣ Раҳмон
Новые автобусы в Душанбе

Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба фаъолият оғоз мекунад

192
(Таҷдидшуда 13:18 26.01.2021)
Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба фаъолият оғоз мекунад, гузориш медиҳад шаҳрдории Душанбе.

Бино ба иттилои манбаъ, аз 28 январи соли 2021 хатсайри нави троллейбусии №9 (Корхонаи равғанбарорӣ-маҳаллаи Обшорон)  ба фаъолият оғоз менамояд.

Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад

"Дар хатсайри мазкур троллейбусҳои  замонавӣ тавассути хиёбону кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Саъдии Шерозӣ ҳаракат менамоянд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

192
Барчаспҳо:
хатсайр, Душанбе, троллейбусҳои нав

Мелания дар фикри ҷудошавӣ аз Доналд Трамп аст

0
(Таҷдидшуда 15:32 28.01.2021)
Нашрияи англисӣ навиштааст, ки Мелания Трамп дар фикри ҷудошавӣ аз раисҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трамп мебошад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Нашрияи англисии Mirror, менависад, ки ҳамсари Доналд Трамп дар садади ҷудошавӣ аз собиқ кишвардори Амрико қарор дорад.

Ин нашрия аз қавли вакилони маъруфи Ню-Йорк хабар медиҳад, ки  Мелания метавонад байни 20 то 50 миллион доллар пул ва ҳамчунин сарпарастии писари 14 солааш Баронро аз Доналд Трамп бигирад.

Мелания Трамп пеш аз тарки Қасри Сафед анъанаи 70-соларо вайрон кард

Манобеи огоҳ ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки Мелания дар рӯзҳои поёнии раёсати ҷумҳурии ҳамсараш барои тарки Кохи Сафед лаҳзашуморӣ мекард.

Манбаъ меафзояд, издивоҷи Трамп ва Мелания ҳамчун робитае тиҷорӣ буда ва иртиботи сарди ин ду дар тӯли чаҳор соли раёсати ҷумҳурии Трамп борҳо мавриди тавваҷӯҳи расонаҳо қарор гирифта буд.

Сиёсати зебо: чаро пӯшоку рафтори Мелания Трамп расонаҳоро шефта кард?

Трамп ҳоло ба курорти Флоридаи Ҷанубии худ баргаштааст ва ба назар чунин мерасад, ки Мелания музокиротро барои ҷудо шудан аз шавҳараш, ки вай қабл аз раёсати ҷумҳурии Трамп оғоз карда буд, аз сар мегирад.

0
Барчаспҳо:
ҷудошавӣ, ҳамсар, Доналд Трамп