ДУШАНБЕ 14 дек - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба қарори раиси пойтахт аз соли 2009 дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда тағйирот ворид карда, истгоҳи мусофирбарҳои берунишаҳриро дақиқ кардааст.
Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, мусофирбарҳои самти шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод, шаҳри Роғун, водии Рашт ва минтақаи Кулоби вилояти Хатлон тавассути дарвозаи шарқӣ бо ҷойгиршавиашон дар терминали мусофирбарии "Шарқ – Транс" муайян карда шавад.
Инчунин нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии рақами 18, 39 ва хатсайрҳои автобусии рақамҳои 2, 4, 7 ва 43 терминали мазкур муқаррар карда шудааст.
Санаи амалишавии қарор 1 январи соли 2021 муайян гардидааст.
"Ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон тавассути дарвозаи ҷанубӣ бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали мусофирбарии ҶСП "Тоҷиквнештранс" муайян ва терминали мазкур нуқтаи охири хатсайрҳои дохилишаҳрии микроавтобусии №3, 5А, 33, 42, 56, 81, 88 ва хатсайрҳои автобусии №1, 2 ва 43 муқаррар карда шаванд", - омадааст дар қарор.
Тағйири қонун: Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ дорад
Рустами Эмомалӣ назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи муовинаш дар умури Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки шумораи мусофирони ҳавоӣ дар дохили кишварҳо соли 2020 ҳудуди 50% ва дар масирҳои байналмилалӣ - 74% коҳиш ёфтааст.
Хабаргузории “Ховар” аз қавли ин ниҳод афзудааст, ки соли 2020 ҳудуди 1,8 миллиард одамон парвоз кардаанд ва соли 2019 теъдоди онҳо 4,5 миллиардро ташкил дода буд.
Зикр шудааст, ки аз моҳи январи соли 2020 тадриҷан рӯйхати давлатҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ мекарданд васеъ шуд ва моҳи март ҳаракати мусофирони ҳавоӣ тақрибан қатъ гардид. То моҳи апрел шумораи умумии мусофирони ҳавоӣ дар муқоиса бо сатҳи 2019 то 92% коҳиш ёфт.
Созмони ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ таъкид кардааст, ки соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ 370 миллиард доллар фоидаро аз даст доданд.
“Фурудгоҳҳои байналмилалӣ тақрибан ба маблағи 115 миллиард доллар ва хадамоти аэронавигатсия -13 миллиард доллар зарар диданд”, - омадааст дар иттилоия.
Қаблан дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз кишварҳо даъват кардааст, ки барои дастгирии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ дар шароити пандемия тадбирҳои фаврӣ андешанд ва дар айни ҳол масъалаҳои тағйирёбии иқлимро низ фаромӯш накунанд.
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2" ва "Автобус-3"-и шаҳри Душанбе хоҳишмандон, сокинони пойтахтро барои омӯзиш ба курсҳои омода намудани ронандагони дараҷаи "Д" даъват менамоянд.
"Ронандагон баъд аз хатми курсҳо дар автобусҳои тамғаи "АКИА" дар хатсайрҳои пойтахт ба фаъолият оғоз хоҳанд кард", - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки маблағи омӯзиш аз ҳисоби Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2" ва "Автобус-3"-и шаҳри Душанбе пардохт карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ахиран корхонаҳои нақлиётии Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2", "Автобус-3" ва "Троллейбус"-и шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи "Д" ва собиқаи кории на камтар аз се сол дар автобусу троллейбусҳо мебошанд, ба кор даъват кард.
Таъкид шудааст, ки ронандагон бояд сокинони шаҳри Душанбе бошанд.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.
Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео
Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.