ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тавре дар сомонаи намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон омадааст, Худоёр Худоёрзода, муовини мудири IRS дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Таъкид шудааст, ки ӯ дар ин мақом масъули нигоҳдории роҳ хоҳад буд.
Роҳбарии намояндагии IRS дар Тоҷикистонро Сафаров Нодир ба уҳда дошта, ин ширкат масъули нигоҳдории ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ Душанбе – Чаноқ мебошад.
Таъйини Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёт ба ин мақом дар IRS дар ҳолест, ки моҳи августи соли равон ӯ ба далели баромадан ба нафақа аз вазифа барканор шуда, ба ҷои ӯ Азим Иброҳим, вазири нақлиёт таъйин гардид.
Қабл аз барканории Худоёрзода мақомоти додситонӣ хабар дода буданд, ки ӯ санаи 11 - уми август дар манзили зисти худ қасди худкушӣ кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон тавзеҳ дода буд, ки ин ҳодиса дар заминаи муноқишаи оилавӣ дар хонаи Худоёрзода дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт рух додааст. Манбаъ таъкид намуд, аъзои оила, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба Худоёрзода кумаки аввалиндараҷа расониданд. Худи Худоёрзода ин қазияро то ҳол шарҳ надодааст.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паёми худ ба парлумони кишвар изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.
Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.
Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.
Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон мекунад
Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба фаъолият оғоз мекунад, гузориш медиҳад шаҳрдории Душанбе.
Бино ба иттилои манбаъ, аз 28 январи соли 2021 хатсайри нави троллейбусии №9 (Корхонаи равғанбарорӣ-маҳаллаи Обшорон) ба фаъолият оғоз менамояд.
Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад
"Дар хатсайри мазкур троллейбусҳои замонавӣ тавассути хиёбону кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Саъдии Шерозӣ ҳаракат менамоянд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Дар гузориши ҷадиди Созмони шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) дар бораи радабандии кишварҳо аз нигоҳи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2020, Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 149 қарор гирифта, ки ҷойгоҳаш нисбат ба соли 2019 тағйир накардааст.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон фасодзадатарин ва Қазоқистон камфасодтарин кишвар муаррифӣ шудаанд.
Ӯзбекистон бо як пилла беҳбуди ҷойгоҳи хеш дар муқоиса бо соли 2019 дар радаи 146 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб
Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи Нав, Дания - 88 холӣ, Финляндия – 85 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.
Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 12 хол, Судони Ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 14 хол шомил шудаанд.