Рақамҳои мошин дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Таъсиси ассотсиатсияи нав дар Тоҷикистон

585
(Таҷдидшуда 18:56 30.12.2020)
Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи дастраскунандаҳои расмӣ аз истеҳсолкунандагони автомобилҳо таъсис ёфт

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Айни замон 7 ширкат, ки дар самти воридот, фурӯш, нигоҳдорӣ ва таъмиру хизматрасониҳои кафолатноки техникии автомобилҳо фаъолият мекунанд, хабар додааст “Ховар”.

Асрор Мирзоев, раиси Ассотсиатсияи мазкур мегӯяд, ин ассотсиатсияи касбии дилерҳои расмии тавлидкунандагони автомобилҳои хориҷӣ ва ватанӣ буда,  аъзои он  фаъолияти худро амалан дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд.

Манбаъ афзуд, аъзои Ассотсиатсияи мазкур ҷамъияти дорои “Авто Тоҷикистон»”– дистрибютерии расмии Хундай Мотор Корпорейшн, “Таҷ Моторс” — дилери расмии Тойота Мотор Корпорейшн, “Лесинвест” - дилери расмии Ҷенерал Моторс, Ӯзбекистон, “Старлекс” - дилери расмии Даймлер, “Хакко Энтерпрайз” - дилери расмии Шкода Авто,  “Олуча Авто” -  дистрибютери расмии Авто Ваз (Лада), ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” -истеҳсолкунанда ва дистрибютер  мебошанд.

Таъкид шудааст, ки ҳадафи асосии таъсис додани Ассотсиатсия – таъмини шафофияти фаъолияти иштирокчиёни бозор, намояндагӣ аз манфиатҳо дар сатҳи давлатӣ, ҷорӣ намудани рақобати солим байни иштирокчиёни бозор, дастгирии намояндагони расмӣ ҳамчун андозсупоранда, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, пурра таҳти назорати гумрукӣ ва андозбандӣ қарор додани манбаҳои воқеӣ, саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардонидани буҷет ва рушду нумуи мамлакат  мебошад.

585
Барчаспҳо:
автомобил, Тоҷикистон
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

486
(Таҷдидшуда 13:08 15.01.2021)
Парвози мустақим ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти COVID-19 парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор гардиданд.

Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.

Ба гуфти Икром Субҳонзода парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

"Тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд", - гуфт ӯ.

Мувофиқи қарори мазкур, ҳар ҳафта — рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр"  анҷом дода мешаванд.

Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода  зикр карда, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талаботи мавҷуда, кулли мусофирон бояд талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд.

"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ  аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, ки алҳол ҳамчунин дар хатсайри  Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр", "Turkish Airlines" ва "FlyDubai" парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.

486
Барчаспҳо:
барқароршавӣ, ҷадвали парвозҳо, парвозҳо, Тоҷикистон, Ӯзбекистон
В салоне нового троллейбуса

Дар Душанбе хатсайри нав ба роҳ монда мешавад: то фурудгоҳ

639
(Таҷдидшуда 12:49 14.01.2021)
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии рақами 2 ба фаъолият оғоз менамояд. Ин троллейбус мардумро то фурӯдгоҳ мебарад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Шурӯъ аз 18 январ дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии №2 ("Маҳаллаи Зарафшон — Фурудгоҳ")  ба фаъолият оғоз менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар хатсайри нав троллейбусҳо тавассути хиёбону кӯчаҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Рудакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт  ҳаракат менамоянд.

Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад

Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод мегардад.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо муҳаррики "Мерседес Бенс": рӯнамоии автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд.

639
Барчаспҳо:
хатсайр, троллейбусҳои нав, Душанбе

Навори зебоии шафақи қутбӣ аз Кайҳон

0
(Таҷдидшуда 19:46 16.01.2021)
Кайҳоннаварди рус Сергей Куд-Сверчков нишон дод, ки шафақи қутбӣ (Северное сияние) аз Кайҳон чӣ гуна аст

Кайҳоннавард ин падидаи табиии зеборо дар телефони ҳамроҳи худ аз истгоҳи кайҳонии байналмилалӣ дар режими таймлапс ба навор гирифта, дар саҳифаи Instagram-аш ба нашр расонидааст.

"Мо парвозро аз болои Уқёнуси Ором оғоз карда, аз болои шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва Канада парвоз мекунем ва сипас саҳаргоҳро болои Атлантика пешвоз мегирем", - навиштааст кайҳоннавард дар Instagram.

Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ

Инчунин Куд-Сверчков гуфт, ки ба шарофати равшании нури Моҳ ҳатто шабона аз истгоҳ уқёнус, абрҳо ва шаҳрҳои шабона дидан имкон аст.

Кайҳоннавард фаҳмонд, ки ин падидаи зебо аз замин чандон намоён нест аз кайҳон шафақи қутбӣ бисёр зебо ба назар меёбад.

0
Барчаспҳо:
рус, кайҳоннавардӣ, кайҳон