В салоне нового троллейбуса в Душанбе

Коҳиши мусофирбарию афзоиши боркашонӣ дар Душанбе

253
(Таҷдидшуда 10:24 02.01.2021)
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, соли 2020 мусофирбарӣ дар пойтахт коҳиш ёфта, ҳаҷми боркашонӣ зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дар соли ҷорӣ бо ҳама намудҳои нақлиёт 9,3 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар ин давра бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 8,5 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 7,1фоиз зиёд мебошад.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, дар баробари афзоиши боркашонӣ мусофирбарӣ дар пойтахт коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 261,6 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат баҳамин давраи соли гузашта қариб 9 фоиз кам мебошад.

Камшавиро масъулин ба он рабт додаанд, ки шурӯъ аз 15 майи соли 2020 бинобар сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 баромади воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шабакаи нақлиётӣ ба меъёри муайян кам гардида, ин омил ба гардиши мусофирон таъсири манфӣ расонидааст.

253
Барчаспҳо:
боркашонӣ, мусофир, нақлиёт, Тоҷикистон
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways

Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд Душанберо дақиқ кард

428
(Таҷдидшуда 12:31 17.01.2021)
Ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон аллакай рӯз ва соати парвозҳо дар масири Тошканд – Душанберо  эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. "Uzbekistan Airways" пас аз эълони ҷорӣ шудани парвозҳои мунтазам миёни Тошканду Душанбе, рӯз ва соати парвозҳоро низ дақиқ намуд.

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, ҳавопаймои Ӯзбекистон парвоз самти Тоҷикистонро рӯзҳои чоршанбе анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, парвоз дар масири  Душанбе – Тошканд – Душанбе рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 8 субҳ сурат гирифта, ҳавопаймо соати 11 – и ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ба Тошканд бармегардад.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо мусофиронро давоми як соат ба Ӯзбекистон мерасонад.

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хабар дод.

Ба гуфти Икром Субҳонзода, "тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд".

428
Барчаспҳо:
парвоз, ҷадвал, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

530
(Таҷдидшуда 13:08 15.01.2021)
Парвози мустақим ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти COVID-19 парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор гардиданд.

Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.

Ба гуфти Икром Субҳонзода парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

"Тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд", - гуфт ӯ.

Мувофиқи қарори мазкур, ҳар ҳафта — рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр"  анҷом дода мешаванд.

Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода  зикр карда, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талаботи мавҷуда, кулли мусофирон бояд талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд.

"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ  аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, ки алҳол ҳамчунин дар хатсайри  Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр", "Turkish Airlines" ва "FlyDubai" парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.

530
Барчаспҳо:
барқароршавӣ, ҷадвали парвозҳо, парвозҳо, Тоҷикистон, Ӯзбекистон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳафта бе COVID-19: Вазорат мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтор нест

0
(Таҷдидшуда 19:18 17.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ як ҳафтаи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст. Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд, ки се ададро ташкил дод.

Дар маҷмуъ Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.  Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.

Бо вуҷуд мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват доранд, ки дар ғафлат намонанд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, беморӣ, Тоҷикистон