Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

"Сомон Эйр" моҳи ҷорӣ ҳамарӯза то 6 парвози чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русияро анҷом медиҳад

505
(Таҷдидшуда 14:53 14.01.2021)
Икром Субҳонзода, раиси Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯяд, то охири моҳи ҷорӣ аз Душанбе ба Русия бҳамарӯза то 6 парвози чартерӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik.  "Сомон Эйр" азм дорад то авохири моҳи ҷорӣ ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия дасти кам 130 парвози чартерӣ анҷом диҳад.

Ҳанӯз ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо номаълум аст, вале раиси Ожонси ҳавонавардии кишвар Икром Субҳонзода дар ин робита изҳор намудаст, ки то охири моҳи ҷорӣ ҳамарӯза сурат гирифтани то 6 парвози чартерӣ дар назар аст.

Ҳамчунин қарор аст дар моҳи январ 10 парвози чартерӣ аз Душанбе ба шаҳри Минск, пойтахти Белоруссия ва баръакс анҷом шавад.

Мақомот гуфтанд, мусофироне, ки ба ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотномаи ташхиси COVID-19 дошта бошанд, ки 72 соат қабл аз сафарашон дода шудааст. Барои кӯдакони то сесола гирифтани ин гуна маълумотнома лозим нест.

Сатторов лағви ду парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистонро шарҳ дод

Парвозҳои чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия аз тобистони соли гузашта оғоз шудааст. Вале мусофирони ин парвозҳо, ки бештарашон муҳоҷирон ҳастанд аз гаронии чиптаҳои ин парвоз шикоят мекунанд. Вале масъулин гуфтанд, ҳавопаймо аз як тараф холӣ меравад ва ба ин хотир нархи чиптаи парвозҳои чартерӣ гарон аст.

505
Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, парвоз, Сомон Эйр
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

508
(Таҷдидшуда 13:08 15.01.2021)
Парвози мустақим ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти COVID-19 парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор гардиданд.

Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.

Ба гуфти Икром Субҳонзода парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

"Тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд", - гуфт ӯ.

Мувофиқи қарори мазкур, ҳар ҳафта — рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр"  анҷом дода мешаванд.

Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода  зикр карда, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талаботи мавҷуда, кулли мусофирон бояд талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд.

"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ  аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, ки алҳол ҳамчунин дар хатсайри  Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр", "Turkish Airlines" ва "FlyDubai" парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.

508
Барчаспҳо:
барқароршавӣ, ҷадвали парвозҳо, парвозҳо, Тоҷикистон, Ӯзбекистон
В салоне нового троллейбуса

Дар Душанбе хатсайри нав ба роҳ монда мешавад: то фурудгоҳ

639
(Таҷдидшуда 12:49 14.01.2021)
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии рақами 2 ба фаъолият оғоз менамояд. Ин троллейбус мардумро то фурӯдгоҳ мебарад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Шурӯъ аз 18 январ дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии №2 ("Маҳаллаи Зарафшон — Фурудгоҳ")  ба фаъолият оғоз менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар хатсайри нав троллейбусҳо тавассути хиёбону кӯчаҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Рудакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт  ҳаракат менамоянд.

Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад

Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод мегардад.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо муҳаррики "Мерседес Бенс": рӯнамоии автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд.

639
Барчаспҳо:
хатсайр, троллейбусҳои нав, Душанбе
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон