Ремонт дороги. Архивное фото

Мақомоти Суғд барои таъмири роҳ чанд миллион масраф кард?

67
(Таҷдидшуда 19:12 13.01.2021)
Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки дар соли гузашта бо маблағгузории мақомоти вилоят 30 километр роҳҳои автомобилгард мумфарш шудааст

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Дар соли 2020 бо маблағгузории Мақомоти вилояти Суғд дар ҳаҷми 24 миллион сомонӣ наздики 30 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳӣ мумфарш карда шуд, иттилоъ додааст зимни ҷаласаи ҷамбастӣ Ҳоҷарой Латифӣ, сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд.

Ба иттилои вай дар соли 2020 аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои таъмири роҳҳо бештар аз 12 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, инчунин ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳӣ ба маблағи 2 миллиону 416 ҳазор сомонӣ маводи зарурӣ дастрас гардидааст.

Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллидошта аз тарафи буҷети шаҳру ноҳияҳо 1 милиону 71,4 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар соли гузашта дар вилояти Суғд аз тарафи соҳикброн ва аҳолӣ 41,4 километр роҳҳо бо харҷи 13 миллиону 411,4 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуда, наздики 100 километр шағалпӯш ва 33,5 километр аз таъмирӣ ҷорӣ бароварда шудааст, ки маблағи он наздик 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Оғози таъмири роҳи Ховалинг-Шугнов: бозсозии 63 километр роҳ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ

Дар ин давра ҳамчунин 6 адад пул бо харҷи 512,8 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудаааст.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд нигоҳдории беш аз 3 ҳазору 285 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва дигар иншооти онро ба зимма дорад.

67
Барчаспҳо:
мумфарш, маблағгузорӣ, масраф, таъмир, роҳ, Суғд, Тоҷикистон
Ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ

Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

128
(Таҷдидшуда 17:06 19.01.2021)
Соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ ҳудуди 60% коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки шумораи мусофирони ҳавоӣ дар дохили кишварҳо соли 2020 ҳудуди 50%  ва дар масирҳои байналмилалӣ - 74% коҳиш ёфтааст.

Хабаргузории “Ховар” аз қавли ин ниҳод афзудааст, ки соли 2020 ҳудуди 1,8 миллиард одамон парвоз кардаанд ва соли 2019 теъдоди онҳо 4,5 миллиардро ташкил дода буд.

Зикр шудааст, ки аз моҳи январи соли 2020 тадриҷан рӯйхати давлатҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ мекарданд васеъ шуд ва моҳи март ҳаракати мусофирони ҳавоӣ тақрибан қатъ гардид. То моҳи апрел шумораи умумии мусофирони ҳавоӣ дар муқоиса бо сатҳи 2019 то 92% коҳиш ёфт.

Созмони ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ таъкид кардааст, ки соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ 370 миллиард доллар фоидаро аз даст доданд.

“Фурудгоҳҳои байналмилалӣ тақрибан ба маблағи 115 миллиард доллар ва хадамоти аэронавигатсия -13 миллиард доллар зарар диданд”, - омадааст дар иттилоия.

Қаблан дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз кишварҳо даъват кардааст, ки барои дастгирии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ дар шароити пандемия тадбирҳои фаврӣ андешанд ва дар айни ҳол масъалаҳои тағйирёбии иқлимро низ фаромӯш накунанд.

128
Барчаспҳо:
зарар, парвоз, Ҷаҳон
Автобусы AKIA AVESTO производимые в Таджикистане

Шаҳрдории Душанбе аз ҳисоби худ барои нақлиёти ҷамъиятӣ ронанда омода мекунад

123
(Таҷдидшуда 14:03 19.01.2021)
Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки аз ҳисоби худ барои нақлиёти ҷамъиятӣ ронанда таёр мекунад ва онҳо баъд аз хатми курсҳо дар автобусҳои тамғаи “АКИА” дар хатсайрҳои пойтахт ба фаъолият оғоз хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2" ва "Автобус-3"-и шаҳри Душанбе хоҳишмандон, сокинони  пойтахтро барои омӯзиш ба курсҳои омода намудани ронандагони дараҷаи "Д" даъват менамоянд.

"Ронандагон баъд аз хатми курсҳо дар автобусҳои тамғаи "АКИА" дар хатсайрҳои пойтахт ба фаъолият оғоз хоҳанд кард", -  таъкид доштааст манбаъ.    

Қайд карда шудааст, ки  маблағи омӯзиш аз ҳисоби Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2" ва "Автобус-3"-и шаҳри Душанбе пардохт карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран корхонаҳои нақлиётии  Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2", "Автобус-3" ва "Троллейбус"-и шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи "Д" ва собиқаи кории на камтар аз се сол дар автобусу троллейбусҳо мебошанд, ба кор даъват кард.

Таъкид шудааст, ки ронандагон бояд сокинони шаҳри Душанбе бошанд.

123
Барчаспҳо:
ронанда, пойтахт, автобус, Душанбе, Тоҷикистон
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:57 19.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон